- Иҷтимоъ

17 эътирози додситонӣ дар мавриди қарорҳои раисон

Дар давоми 6 моҳи сипаригардида 17 қарори раисони шаҳру навоҳии Кӯлоб бекор карда шудааст, ки аз ҳама зиёд дар шаҳри Кӯлоб ба назар мерасад. Дар ҳамин давраи ҳисоботї қарздории музди меҳнат дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ба қайд гирифта нашудааст, гуфт додситонии минтақаи Кӯлоб Машрабзода Хушвахт зимни нишасти матбуотии нињодаш. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш оиди пардохт нашудани музди меҳнати кормандони идораи комуналии шаҳр гуфта будем ва сардори Раёсати Молия низ инро тасдиқ карда буд.  Инчунин гуфта шуд, ки дар минтақа 33 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Иноятзода Баҳром, собиқ шаҳрдори Кӯлоб бошад бо ҷурми порагирї бо моддаи “моддаи 319 қ 4”   аз 8 июн боздошт гардида, то ҳол тафтишот идома дорад, гуфт дотситони минтақаи Кӯлоб Машрабзода.

Дар нишасти мазкур Прокурори ҳарбии гарнизони минтақаи Кӯлоб низ ширкати варзида ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Суоли хабарнигори “Пайк” дар он буд, ки чанд ҳолати “Облава” дар минтақа ба қайд гирифта шудааст?

Нурзода  Абдуқодир Рашид, посух дод, ки дар ҳамин давраи ҳисоботї ягон ҳолати “Облава” ё худ ба таври маҷбури бурдани шахс ба хизмати ҳарбї набуд ва сокинон ҳам шикоят накардаанд. Инчунин Нурзода. А гуфт, ки рақами телефони боварии дотситонӣ дар назди ҳамаи комисариатҳо ҳаст ва шаҳрвандон метавонанд муроҷиат кунанд.

Мӯсавӣ