- Иқтисод

Идораи Беҳдошти замин ва обёрӣ дар қарз ғутидааст, аммо даъвои қаҳрамонӣ дорад

Идораи  Беҳдошти замин ва оберии минтақаи Кӯлоб ба ҷойи кам кардан ҳамсола бар қарзҳои худ меафзояд ва имсол қарзи он ба 12 000000 сомонӣ баробар шудааст.

Масъулини ин ниҳод дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки қарздории хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва кишоварзон аз Идораи Беҳдошти замин ва обёрии минтақа 12 64155 сомониро дар бар мегирад. Тавре,  Амирхон Маҳсиддинов, раиси Идораи Беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб иттилоъ дод, қарзи фақат қарзи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Фархор ва ноҳияи Восеъ беш аз 8 000 000 сомонӣ аст. Ҳамзамон, қарзи Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб ба 820260 сомонӣ баробар будааст. Ба гуфтаи манбаъ 70 фисад маблағи зикргардида ба Хоҷагии деҳқонии «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ»- и ҷамаоти деҳоти Зиракӣ  тааллуқ дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки сокинон мегӯянд, ки пули об, андоз ва дигар хароҷотро пардохт мекунанду дастрасӣ ба об надоранд.

Мавсуф дар брифинги хабарӣ ба суоли хабарнигори «Пайк» гуфт, ки Идораи мазкур аз барқ, андоз, об, фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва музди меҳнат дар маҷмуъ 12 64000 сомонӣ қарздорӣ дорад. Инчунин 2 438000 сомонӣ аз андоз,  7 749000 сомонӣ аз барқ, 2 225000 фонди ҳифзи иҷтимоӣ, 414000 музди меҳнатро Идораи болозикр пардохт  накардааст.

50% техникаҳои корӣ корношояманд

Табиист, ки масъулон чунон ҳисобот пешниҳод мекунанд, ки гӯё мушкилие надоранд, дар ҳоле, ки шикояти сокинон рӯз аз рӯз оид ба норасоии оби полезӣ меафзояд. Аммо ҷаноби Маҳсиддинов афзуд, ки нисбат ба соли сипаригардида 6984 ҳазор м3 таъминоти об ба кишоварзон  зиёд шудааст. Вале иқтибос оварда нашудааст, ки дар кадом ҷамоат ва чигуна?

Феълан 50 фисад техникаҳои Идораи мазкур корношоям аст. Маврид ба зикр аст, ки бо чунин мушкилот бошад ҳам, нақшаи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо 108% ва поккорӣ кардани шабакаҳои обдиҳи 101 фисад иҷро гардидааст. Магар ин қаҳрамонӣ нест? Савол медиҳад масъули ниҳод. Аммо оморҳои бардурӯғи масъулини ниҳодҳои гуногун имкон намедиҳад касе ба ин фисадҳо бовар кунад.                                                                                                         

Суннати Содиқ