- Иҷтимоъ

Дар вилояти Суғд 6063 кӯдак дар шаш моњ фавтидааст

Давоми  6 моҳи соли 2020 дар вилояти Суғд  6063 сабти фавти  кӯдак ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба иттилои масъулини Раёсати САҲШ-и вилояти Суғд ва кормандони Раёсати тандурустии вилоят дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ.  Инчунин 1513 қайди берун аз муҳлати таваллуд низ ба ҳисоб гирифта  шудааст, ки  нисбат ба нимсолаи аввали соли 2019- 529 ҳолат кам аст.

Дар асоси маълумоти тиббии  дастрасшуда дар ҳудуди вилояти Суғд дар 6 моҳи соли 2020- 281 тифли мурда таваллудшуда ва 374 ҳолати вафоти кӯдакони синни то яксола ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои масъулини Раёсати тандурустии вилоят ҳолати фавти тифлон бештар дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров-910 ҳолат, Истаравшан-627 ҳолат, Хуҷанд-609 ҳолат ва ноҳияҳои Ашту Деваштич наздики 400 ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки боиси нигаронӣ аст.  Дар боқимонда 13 шаҳру ноҳияи дигари вилояти Суғд  нишондиҳандаи фавти кӯдакон бамаротиб камтар аст.

Ба гуфти масъулини соҳаи тандурустӣ яке аз сабабҳои асосии фавти кӯдакон саривақт интиқол нашудани зани ҳомила ба зоишгоҳ аст. Инчунин зери назорати духтурони оилавӣ қарор надоштан, таваллуди пеш аз мӯҳлат, камхунӣ, зоиши хонагӣ ва дигар омилҳо боиси сар задани фавт мегарданд. 

Бо вуҷуди иқрор нашудани кормандони тандурустӣ  ҷомеаи шаҳрвандї баръало эҳсос ва мушоҳида мекунад, ки яке аз сабабҳои асосии дар хона таваллуд кардани занон ин дар деҳаҳои дурдаст набудани нақлиёт барои сари вақт дастрас намудани занон ба таваллудхона мебошад. Ҳамчунин, дар вақти сармо роҳҳо дар деҳаҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳо ноҳамвор ва хавфнок буда, то маркази шаҳр ё ноҳия роҳкиро барои нақлиёти мусофиркашон гарон мебошад, ки ин ҳама вазъияти танги зани зояндаро тангтар мекунад.

Дар соҳаи тиб  садҳо камбудӣ ва беморро ба марг расонидани онҳо  аз сабаби натиҷа набахшидани шикоятҳои шаҳрвандон  ва ҳамчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандии худро надонистани шикояткунандагон, инчунин ба куҷо шикоят карданашонро надонистани онҳо “паси парда” мемонад.  Оморе, ки дар сохторҳои гуногуни соҳаи тиб ва ё мақомоти дахлдор ба қайд гирифта мешаванд,  бешак  “қатрае аз баҳр аст”.

 Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки  ҳолатҳои бепарвоӣ нисбат ба бемор, беаҳамиятӣ нисбат ба тахшис ва табобати ӯ, донишу таҷрибаи пасти соҳавӣ, ба марг расонидани бемор аз бесалоҳиятӣ имрӯз як муаммои доғ дар ҷомеа ва дар соҳаи тандурустӣ гаштааст.   

Дар ҳудуди як вилоят ҳамагӣ дар шаш моҳ  ба қайд гирифта шудани 6063 фавти кӯдак нишондиҳанда кам нест.

Фарзона