- Иҷтимоъ

Агентии мубориза бо коррупсия махфигоҳи яроқро ошкор кард

Кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дар роҳи Кӯлоб- Ш. Шоҳин махфигоҳи яроқро 300 метр дуртар аз роҳи мошингард дар зери сангреғаҳо дарёфт ва мусодира карданд. Дар ин бора сардори ин ниҳод Носирзода Абдураҳмон дар нишасти хабариаш рӯзи 17 июл иттилоъ дод. Гуфта шуд аз махфигоҳи мазкур 1 адад пулемёти тамғаи «калашников», 1 адад гранатомёт , 1 адад норинҷаки дастии тамғаи «ргд», ҳудуди 6 000 дона тирҳои 1,62 барои пулемёт ва лавозимоти дигари ҷангӣ дарёфт карданд.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Инчунин дар ҳамин нишаст гуфта шуд, ки дар шашмоҳа 11 субъект мавриди тафтиш қарор гирифта 254 846 сомонӣ зарари расида барқарор гардидааст. Аз ҷумла 56 ҳазору 240 сомонӣ рупушкунии андоз. Дар маҷмӯъ бошад, гуфт сардори Агентӣ 87 ҷинояти коррупсионӣ ошкор карда шуд, ки маблағи зарар 1 миллиону 653829 сомониро ташкил медиҳад. Ҳудуди 700 ҳазори он ба хазинаи давлат  барқарор гардид.

Аз ҳисоботи сардори ситод ба журналистон бар меояд, ки масъулини ин ниҳод дар мубориза бар зидди амалҳои террористӣ ва экстремистӣ низ саҳми бориз гузоштаанд. Аз ҷумла шаҳрванд Ҳакимов Сироҷиддин, сокини ноҳияи Ҷайҳун дастгир гардидааст, ки дар сомонаи «Одноклассники» таҳти саҳифаи «Муҳаммад Алӣ Ҳаким» баромад карда афкори экстремистии марбут ба шабакаи мамнӯъи «Ал қоида»-ро таблиғ мекардааст. Ҳакимов Сироҷиддин боздошт шуда алайҳи ӯ бо моддаи 307 қ 3 парвандаи ҷиноятӣ  кушода шуда тафтишот идома дорад.

Дар самти рупушкунии пардохти маблағҳои андозҳои давлатӣ  аз ҷониби кормандони Агентии мазкур сокини ноҳияи Ш. Шоҳин бо номи Муҳиддинов Сайидо боздошт гардид, ки 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағҳои пардохти андозро рупӯш кардааст.

Дар ҳамин нишаст инчунин аз дуздида шудани кумакҳои башардӯстонаи Президенти мамлакат барои беморон ва табибони бемориҳои сироятии Ковид-19 низ ҳисобот дода шуд. Гуфта шуд Холов Мустафо барномарези Мақомоти Иҷроияи шаҳри Кӯлоб ба боварии мудири анбори беморхонаи ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Абдуназаров даромада ба маблағи 2920 сомонӣ орд ва равғанро аз худ кардааст. Парвандаи мазкур ба прокуратураи шаҳри Кӯлоб интиқол дода шудааст. Инчунин дар ноҳияи Ховалинг низ як сокини ин ноҳия Эмомов Шамсиддин аз санаи 20 .03.2020 то санаи 2.06 .2020 маводи дорувории хайрияро ба маблағи 4169 сомонӣ ба беморони дигар додааст. Баъди изҳори пушаймонӣ парванда алайҳи ӯ қатъ карда шудааст.

               А. Иброҳим