- Иқтисод

Ҳомидзода. Н: 60% кормандон дар рухсатии бемузданд

Санаи 15.07.2020 нишасти матбуотӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” баргузор гардид. Зимни нишасти матбуотӣ директори фурӯдгоҳ Ҳомидзода Нуралӣ иброз дошт, ки дар 6 моҳи соли ҷори ҳамагӣ се моҳ, яъне то моҳи март фурӯдгоҳ фаъолият кардааст. Дар ҳамин муддат ҶСП “Фурӯдгоҳи байналмималии Кӯлоб” дар маҷмуъ 10 462 057 сомонӣ даромад гирифтааст, ки аз ин миқдор 8 162 927 сомонӣ хароҷот ва 2 299 130 сомонӣ фоида ба даст овардааст. Бояд гуфт, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 860 861 сомонӣ маблағ кам ворид гардида хароҷот бошад 159 166 сомонӣ зиёд шудааст.

Инчунин дар идома Ҳомидзода Нуралӣ иброз дошт, ки 12 нафар аз кормандон ба хоҳиши худ корро бас кардаанд, ва 60% кормандон аз моҳи март ин тараф дар рухсатии бемузд мебошанд. Шумораи умумии кормандон бошад 218 нафар аст. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло ба касе маълум нест, ки ин ҳолат то ба кай идома меёфта бошад.

Мӯсавӣ