- Кишоварзӣ

ЯК БОЕВИК МИНТАҚАРО ПУР АЗ МЕВА КАРД

Имсол нархи маҳсулоти полезӣ ва соли гузашта ангур, дар минтақаи Кӯлоб хеле арзон буд. Дар ҳар бозор ё раҳу рӯе, ки тарбузфурӯше ба назар расид сабаби боло нарафтани нархи полезиро пурсидам, ки ҳама як назар доштанд: «Акаи Мурод дар совхоз маҳсулоти бисёр истеҳсол мекунад.» Дар минтақа ҳама медонанд, ки акои Мурод гуфта мардум Мурод Саидов, сардори хадамоти бехатарии Президенти ҷумҳуриро дар назар доранд. Хизматҳои ин ҷавонмардро сокинони ҷумҳурӣ ба хубӣ медонанд ва ҳатто мебинанд, ки мудом дар ҳифзи Пешвои миллат шурӯъ аз аввали солҳои навадӯм, даврони ҷанги бародаркуш қоим аст. Хапу хомӯш бе ягон ҳангома рисолати худро иҷро карда омад, ки зиҳӣ чунин фарзандони миллат.

Чанд соли пеш бо иқдоми наҷиби Мурод Саидов ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ корҳои созандагӣ оғоз шуданд. Дар як вақт корҳо дар ду самт оғоз шуданд-самти кишварзӣ ва ободонии ҳудуди ҷамоат. Мегӯянд «дасти одамӣ гул аст», ки исботи инро мо дар ин ҷамоат дидем. Қишлоқ дар муддати кӯтоҳтарин бо роҳбарии  Мурод Саидов ва азму талоши сокинони маҳалл ба шаҳр табдил ёфт. Биноҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд шуданд, роҳҳо асфалтпӯш гаштанд, ҳатто чароғакҳои раҳнамо насб гаштанд. Шабона ин шаҳрча хеле равшан асту зебо. Зиндагии мардуми одатан камбизоати ин мавзеъ ранги дигар гирифт. Муҳимтар аз ҳама, бемории сил аз ин мавзеи дар гузашта вайрона, акнун обод куч баст, чӣ гуна ва ба куҷо, кас намедонад. Ҳамаи ин сохтусозҳо асосан ба сокинони ҷамоат  фоида оварда бошад аз ҷониби дигар кишоварзии густардаи ташкилшуда ба тамоми мардуми минтақа ва берун аз минтақа фоидаи хуб овард. Сатҳи зиндагии ҳазорҳо нафар бамаротиб беҳтар шуд. Бозори минтақа аз маҳсулоти ниёзи мардум бо нархи арзон таъмин гардид. Масалан соли гузашта дар мавсим нархи 1 килограмм ангӯри хуштаъм ҳамагӣ 3 сомонӣ буд. Имсол нархи як дона тарбузи миёнаи 3 -4 килограмма  ҳамагӣ 3 сомонӣ аст. Ду соли пеш ҳамин андоза тарбуз болотар аз 7 сомонӣ нарх дошт. Бо назардошти он, ки ҳама мардум дастархони худро бе тарбузу харбуза тасаввур карда наметавонад, хоҷагии бунёдшуда ба тамоми мардуми минтақа фоидаи хуб овард.

Иброҳимова Гулмоҳ, сарвари «Кооперативи тиҷоратии Файзи Саид  алҳол дар ихтиёр 36 гектар боғ аз ҷумла 13 гектар ангурбоғи ба баҳр расида, 13 гектари дигар навниҳол, 9 га. боғи чормағзу нок дорад. Дар ин бора раиси ҷамоати Рӯдакӣ Неъматзода Ибодулло иттилоъ дод. ӯ инчунин афзуд, ки имсол дар ин хоҷагӣ боғи хеле боҳашамати дигар бунёд шуда истодааст. Дар байни қаторҳои ин боғ полезӣ ва сабзавот коштанду ҳосили фаровон ба даст оварданд. Хоҷагӣ гармхонаҳои хеле босамар ҳам дорад.

Бояд гуфт, хоҷагии мазкур ба шарафи 25 солагии Истиклолияти давлатии Тоҷикистон бунёд ёфта буд. Ҳоло бошад ба истиқболи 30 солагии Истиқлолият корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Агар бо чунин самту суръат корҳо идома ёбанд, мавзеъ метавонад бемалол мақоми ноҳияро касб кунад.  

Дар бозори Кӯлоб дидам, ки марде 4 тарбӯзи калон харида ба мошинаш бор карду хеле қаноатмандона гуфт: «Як боевик тамоми минтақаро бо тарбузу харбӯза ва меваву сабзавот таъмин карду деҳқонони ба ном асил даҳ баробари он хоҷагӣ заминҳоро гандум корида 5-10 сентнер ҳосил гирифта, то соли дигар бекор мемонанд. Магар наметавонанд рафта аз хоҷагии «Файзи Саид» корро ёд гирифта ҳам зиндагии худро хуб кунанд, ҳам фоидаашон ба мардум расад.

Бо чашми сар дидем, ки ҳақ ба ҷониби он марди тарбузхар буд. Гап сари он, ки фаротар аз хоҷагии Файзи Саид дар деҳаи Кафтархона дидем, ки 10 гектар замини обӣ баъди ҳосили якум иборат аз гандум бекор хобидааст. Ин дар ҳоле, ки замин байни обҳои равон қарор дорад. Чунин заминҳои бекорхобидаро дар ҳарду барии шоҳроҳи навбунёди маркази ноҳияи Восеъ деҳаи Кадучӣ ҳам мушоҳида кардем.

Кош ҳама, ба истилоҳи он мард «боевикҳо», мисли акои Мурод  чунин ҳисси ватандӯстӣ медоштанд. Заминҳои ками Тоҷикистон метавонистанд на танҳо 8 миллион аҳолӣ, балки 16 миллионро ҳам бихуронанду бипӯшонанд.

                                      А. Иброҳим