- Иҷтимоъ

Оғози нишастҳои матбуоти дар вилояти Суғд

Аз 14 июл то 31 июли соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои вилоят, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд. Ин дафъа нишастҳои матбуотӣ аз қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки дар руйхати идораҳои ҳисоботдиҳанда идораи сохмотмони асосии вилоят ҳамроҳ карда шудааст. Бори аввал масъулини бахши сохтмон дар назди кормандони воситаи ахбори омма маълумот медиҳанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ҳар сол ду маротиба мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 сурат мегирад. Зимни баргузории нишастҳои матбуотӣ Раиси вилояти Суғд, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву ташкилотҳо аз  натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот медиҳанд. Баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо тибқи ҷадвали тасдиқшуда ҷараён хоҳад гирифт.

Мадина Почова