- Иҷтимоъ

CPJ аз Нурсултон даъват кард, ҳабси рӯзноманигоронро бекор ва таҳқирро ғайриҷиноӣ кунад

Созмони байналхалқии «Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон» (CPJ) аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки ба ислоҳоти қонунгузории бахши расонаҳо идома диҳад ва таҷрибаеро амалӣ созад, ки рӯзноманигорон барои фаъолияти худ ба ҳабс гирифта нашаванд.

Дар изҳороти созмони мазкур, ки рӯзи 8 июл нашр шуд, омадааст, ҳарчанд туҳмат ҷавобгарии маъмурӣ дорад, аммо таҳқир ҳамоно моддаи ҷиноӣ боқӣ монда ва айбдоршавандаҳои туҳмат низ ҳабсу ҷарима мешаванд.

Расонаҳои Қазоқистон рӯзи 27 июн хабар доданд, ки президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев «Туҳмат»-ро аз Кодекси ҷиноӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ интиқол додааст. Ин тағйирот ҷавобгарии ҷиноиро барои «туҳмат» бекор намекунад. Созмони CPJ мегӯяд, мақомоти Қазоқистон аз моддаи «таҳқир» зидди рӯзноманигорон истифода мекунанд.

«Сарфи назар аз ислоҳоте, ки мақомоти Қазоқистон дар соҳаи рӯзноманигорӣ анҷом медиҳанд, ин кишварҳо ҳамоно ба қадамҳои ҷиддӣ ниёз дорад ва бояд кафолате таъмин шавад, ки рӯзноманигорон ҳатто як рӯз ҳам барои фаъолияти худ ҳабс нашаванд. Агар Қазоқистон воқеан ҳам мехоҳад, ки қонунгузориашро бо меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ созад, бояд ислоҳотро дар ин бахш идома диҳад ва ҷавобгарии ҷиноиро барои таҳқир бекор созад», — гуфт Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои созмони «Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон».

Қазоқистон дар «Шохиси байналхалқии озодии расонаҳо — 2020» миёни 180 кишвар дар мақоми 157 қарор дорад.