- Иқтисод

ИНТИЗОРЕД, КИ БОЗ КАСИ ДИГАР ХУДРО ДАР НАЗДИ МОЛИЯ ОТАШ ЗАНАД?

Дар шаҳри Кӯлоб кормандони идораҳои комуналӣ 2 моҳ боз маош нагирифтаанд.

Ҳамин чанд рӯз пеш соати 4-и субҳ аз хона баромада атрофи шаҳрро чарх мезадам, ки ногоҳ чашмам ба як нафар зани кӯчарӯб афтод, ки машғули рубучини кўча буд.  Аз наздик рафта бо ӯ суҳбат оғоз кардам, ки бо гиря даромада гуфт: “бачам, 2 моҳ боз маош нагирифтаем аз мағоза барои хариди хўрокворӣ қарздор мондам, дигар ба ман хўрокворӣ намедиҳад. Ба замми ин бо 400 сомонӣ маош дастпӯш ва ҷорӯбро худамон мехарем, аммо номамро намегӯям, то зери маломати раис намонам.”

Рустам Неъматов, директори идораи Комуналии шаҳр гуфт, ки аз рӯзи ба кор таин шуданам ба кормандон се маротиба маош додаем. Пештар ин идора қарзи 5 моҳа дошт ва дар санаи 15 апрел як маротиб 2 май ва 7 майи имсол маош додем, ва ҳаминак ду моҳ аст, ки маблағ нест ва кормандон бе маош мондаанд. Дар ҳамин ҳол чанд нафар аз кормандон гоњо корпартої карда истодаанд. Се маротиба ба назди дари молияи шаҳр рафтам, аммо раиси молия гуфт, ки ҳоло барнома маҳкам аст ва маош дода наметавонанд гуфт, Рустам Неъматов.

Дар ҳақиқат, кормандони идораи комуналии шаҳр 5 моҳ боз маош нагирифта буданд, аммо ҳоло бошад ин қарздорӣ ба 2 моҳ кам карда шудааст.

Султонов Баҳриддин, сардори Раёсати молияи шаҳр дар ҳақиқат гуфтаҳои болоро тасдиқ карда гуфт, ҳоло барнома маҳкам аст ва дар рӯзҳои наздик кушодаки шуд, аввал маоши кормандони идораи комуналиро пардохт менамоем.

Раҳимов Ҳабиб, Сардори Раёсати молия дар минтақаи Кӯлоб дар суҳбат оид ба мавзўъ бо мо иброз дошт, ки барои пардохти маош барнома кушода аст. Дар ҳамин ҳол чанде аз ноҳияҳои атрофи Кӯлобро занг зада аз кайфияти пардохт шудани маблағи маоши кормандони идораи Комуналӣ пурсон шудем, ки гуфтанд, барнома кушода аст ва маоши кормандон сари вақт пардохт шудааст. Ба унвони мисол метавон ноҳияи Муъминобод, Восеъ ва Ҳамадониро гуфт, ки маоши кормандони комуналиро сари вақт пардохт мекунанд.

Яъне пардохт нашудани маоши кормандони идораи комуналии шањри Кўлоб фақат бо бемасъулиятии масъулини молия ба таъхир афтодааст. Дигар мо надонистем ҷаноби Султонов Баҳриддин бо баҳонаи маҳкам будани барнома бо кадом ҳадаф маоши кормандони комуналиро пардохт намекунад. Ё шояд касе аз ин бечорагони аз мағозаҳо қарздор монда мисли он марди худро дар назди Молия оташ зада, нобуд кунанд баъд ба доди мардум мерасанд?

Мӯсавӣ