- Иҷтимоъ

Панҷакент: Бобо- бибии соҳиби 40 абера

Умарой Маҳмадёроваи 86 сола ва Раҳим Исрофилови 85 сола дирӯз 40-умин абераи худро ба оғӯш гирифтанд. Барои тифлаки навқадам  Мансурҷон ном  гузошта, орзу карданд, ки ӯ низ мисли бобокалону бибикалонаш умри пурбаракат бинад. Ин бобокалону бибикалон давоми моҳи июл 3 абераро соҳиб шуданд, ки ҳарсе писарча аст ва наберагони нахустфарзандашон- Мубарой аст.

Умарой Маҳмадёроваи ва ҳамсараш Раҳим Исрофилов яке аз оилаҳои  намунавӣ  дар деҳаи Бодгаҳи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент буда, беш аз 65 солаи зиндагии якҷоя доранд. Аз ин зиндагии пурбаракат соҳиби 9 фарзанд гардида, дирӯз ташригши 40-уми абераро пешвоз гирифтанд. Онҳо соҳиби 38 набера, 40 абера ва як  нафар чабера (фарзанди абера) ҳастанд.

Раҳим Исрофилов собиқ корманди экспидитсияи кофтукови  гиологии Моғиён буда, ба нони ҳалоли ин коргоҳ 9 фарзандро ба воя расонидааст.

Умарой Маҳмадёроваи 86-сола лаҳзаҳои ширину тахли зиндагияшро чун асари ёддоштӣ қадам ба қадам нақл мекунад ва исрор медорад, ки барояш марги нобаҳангоми духтари 32-солааш дарди қоматшикан буд. Ин зани солхӯрда мегӯяд: -Мо одамони дуасра ҳастем. 50 соли умрамон  ним аст  ва ин умри каму кӯтоҳ нест. Ҷангро дидем, азобҳои гуруснагиро кашидем, меҳнат кардем азобҳои сангин кашидем, вале ҳама пеши марги ҷигарбанд ҳеҷ будааст. вақте духтари 32-солаам вафот кард марги ӯ захми бадармон ба ҷигарам шуд. Вале ба хотири 5 фарзанди болиғаш ҳамчун бибӣ мардонавор худро ба  даст мегирифтам ва мегуфтам:-Модаратон рафта бошад ҳам-модаркалонатон ҳаст.

Бибии Умаров дасти дуо бардошта мегӯяд: -86- сол умри кам нест. Барои ҳар бобо- бибӣ дар ҳалқаи наберагону аберагон  давраи пирӣ рондан ва дидани дидори чабера  бахти бемисл аст. Ба ҳама бобо бибиҳои ватанам чунин бахтро  орзу мекунам!

Фарзона