- Иҷтимоъ

РОССИЯ: МУҲОҶИРОНИ КОРӢ БИЁЕД, НУРИ ДИДА ТОҶИ САР

 Ҳар сол аҳолии Россия кам мешавад. Бо вуҷуди он, ки масоҳати Россия хеле бузург аст, ҳамасола сатҳи муриш аз зоиш дар ин мамлакат бештар аст. Ин маънои онро дорад, ки баъди чанд даҳсолаи дигар дар ин мамлакат заминҳои зиёде беодам мемонанду Россия маҷбур мешавад ба сарқонунаш тағйирот ворид карда, қисме аз масоҳаташро фурӯшад. Умуман дар  аксари мамолики Аврупо раванди фарзанди кам таваллуд кардан ба масоили демографӣ таъсири манфӣ расонид. Қариб ҳама мамлакатҳо баъди чанд даҳсола беодам мемонанд.

Алҳол, ки манзури мо ва муҳоҷирони кории тоҷик Россия аст, менигарем ба вазъи демографии (масоили вобаста ба аҳолӣ) ин мамлакат. Агар дар соли 1991 аз рӯйи шумори аҳолӣ Россия дар ҷойи 6-ум буд, дар соли 2012 дар ҷойи 10-ум қарор гирифт. То соли 2050 то ба зинаи 14-ум поин мефарояд.

Шурӯъ аз миёнаҳои солҳои 90-ум раванди камшавии аҳолӣ мушоҳида ва мавриди баҳс қарор гирифт. Баъди кӯшишҳои зиёд, он ҳам додани шаҳрвандӣ ба хориҷиён то соли 2012 барои бори аввал аҳолии Россия каме зиёд шуд. Дар нимсолаи авали соли 2013 шумори аҳолӣ ба 143,3 миллион нафар расид. Болоравии шумори аҳолӣ ҳамаро дар ҳайрат гузошт, чунки сатҳи таваллуд дар Россия мисли пештара буд.

Дар ҳоле, ки аз рӯйи таваллуд фақат аҳолии Қафқози ҳудуди Россия зиёд шудааст. Баъди ин аҳолии Урал, Сибир ва Шарқи Дури Россия аз рӯйи таваллуд бештар шуду халос. Он ҳам аз ҳисоби аҳолии ғайрирус, чуноне, ки худи сиёсатмадорон мегӯянд-ақалиятҳои миллӣ.

Афзоиши аҳолӣ дар Шарқи Дур ғолибан аз ҳисоби ҷумҳурии автономии Саха буд(якутҳо 49%, русҳо 30%) Дар Сибир аз ҳисоби Бурятҳо, Тива, Хакасҳо, ва Олтоиҳо буд.

Солҳои наздик ҳам умед аст аҳолии Россия каме аз ҳисоби таваллуди босуръати тоторҳо, чувашҳо, Марий Эл, бошқирдҳо ва удмуртҳо зиёд шавад на русҳо. Ин маънои онро дорад, ки дилхоҳ ҷумҳуриҳои ғайрирус метавонанд дар оянда даъвои мустақил ва соҳибистиқлол будан кунад. Бубинед, ки дар ҷумҳуриҳои этникӣ вазъи демографӣ чӣ гуна аст:

Номи музофот Ҳиссаи аҳолии таҳҷоӣ Русҳо Ҳиссаи аҳолии русзабон
Ҷумҳурии Доғистон 96% 4% 91%
Ҷумҳурии Ингушистон 93% 1% 88%
Ҷумҳурии Чеченистон 91% 2% 92%
Ҷумҳурии Тива 81% 16% 85%
Ҷумҳурии Кабардину Балкар 70% 22% 96%
Ҷумҳурии Чуваш 65% 26% 95%
Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ 64% 21% 97%
Ҷумҳурии Қалмиқистон 56% 30% 98%
Ҷумҳурии Тотористон 53% 40% 97%
Ҷумҳурии Карачаево Черкесия 52% 31% 96%

Дар тамоми дунё маълум аст, ки вазъи демографӣ ҳамон замон паст мешавад, ки мардум аз ҷиҳати маънавӣ ва руҳан шикаста мегардад. Дар Россия алҳол инро нодида мегиранд. Ҳамин тавр дар фармони Президенти Россия Владимир Путин аз 9 октябри соли 2007 № 1351 дар бораи “ Қабули консепсияи сиёсати демографии Федератсияи Россия дар давраи то соли 2025” омадааст: “вазъи ногувори демографӣ дар замони муосир вобаста аст ба вазъи иқтисодию иҷтимоии асри ХХ.”

Сабабҳои асосии кам таваллуд шудани кӯдаконро президент дар “даромади кам дар оила, набудани шароити хуби зист, кори вазнини ҷисмонӣ, асосан барои занон, шароити ғайрисанитарии ҷойҳои кор” маънидод мекунад.

Аммо чун нек бингарӣ  сатҳи пасти зиндагӣ дар ҷумҳуриҳои Қафқоз мушоҳида мешавад, аммо онҷо вазъи демографӣ хеле хуб аст. Занон фарзанди зиёд таваллуд мекунанд, сатҳи муриши одамон кам аст.

Роҳи наҷот даъвати муҳоҷирони меҳнатӣ аст

Ягона роҳ барои кам нашудани аҳолии Россия ва бесоҳиб намондани масоҳати фарох ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ асту ба онҳо додани шаҳрвандӣ. Россия то андозае ҳамин тавр ҳам кард. Соли 2012 Россия 294 930 муҳоҷирро ба таври доимӣ муқим кард, аммо аз ин кори кардааш онқадар шод нашуд. 91% ин муҳоҷирон аз ҳисоби ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ буданд. Асосан аз мамлакатҳои мусалмоннишин ба монанди Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбекистон. Қазоқистон ҳам ба ҳамин рӯйхат дохил мешавад. Инҷо миллатчиёни рус бонги хатар заданд. Дини дигар, он ҳам бисёрашон бесаводу ба хурофот печида. Боз дар ҳамон сол нерӯҳои террористи исломии Сурия ва Ироқ аз худ дарак доданд. Бо ин роҳ Россия метавонист вазъи демографии худро беҳтар кунад, аммо бими ҷӯш задани низоъҳои динӣ ва миллӣ таҳдид мекард. Барои Россия беҳтар русҳои дар хориҷа бударо ба мамлакат овардан буд. Россия пеш аз ҳама ба ҷавонони руси касбу кори хуб доштаи хориҷӣ ниёз дошт. Аммо таъмини онҳо бо шароитҳои хуби кор ва зист мушкили калон шуд. Шояд рақиби сарсахти Россия- Штатҳои Муттаҳидаи Америка таҳримҳои иқтисодиро алайҳи Россия ба ҳамин хотир раҳандозӣ кард, то рақибаш қудрати фароҳам овардани шароит барои русҳои ба ватанашон омадаро надошта бошад? Аммо ин мавзӯйи баҳси дигар аст.

Байни ҳама муҳоҷирони меҳнатии дигари Россия барои русҳо мисли пештара тоҷикон мақбултар боқӣ мемонанд, чунки нафси бад надоранд, бо моҳонаи камтарин қаноат мекунанд, сарпасту гапдароянд, ғурури аз ҳад зиёди миллӣ надоранд. Балки бисёрашон дар муҳоҷират аз дину мазҳабашон ҳам қисман фаромӯш кардаанд. Аммо дар ин миён афроди ҷиноятпешаи тоҷиктабор ва ақидаҳои экстремистӣ дошта мисли пештара дарди бедавои Россия, балки худи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст. Инҳо ҳамон тоифае ҳастанд, ки мудом вазъи кору зисти муҳоҷирони меҳнатиро бамаротиб мушкилтар мекунанд. Маҳз ҳамин тоифа инчунин барои ба шаҳрвандии Россия қабул шудани хоҳишмандон мушкил эҷод мекунанд. Дар кишвари мо ҳам назари нек надоштан ба гирифтани душаҳрвандӣ барои муҳоҷирон мушкил эҷод мекунад. Формула хеле содда аст: Тоҷикон фарзанди зиёд таваллуд мекунанду сол то сол зиёд мешаванд. Яъне баъди чанд сол Тоҷикистони камзамини мо бисёриҳоро дар худ ғунҷонида наметавонад. Россия бошад баръакс, кам таваллуд мекунаду масоҳати беканораш дере нагузашта бесоҳиб мемонад. Яъне муқим шудани тоҷикон дар Россия ҳам барои мо ва ҳам барои онҳо муфид аст. Чуноне, ки солҳои 80-ум 90-ум Олмон аз ҳисоби туркҳо вазъи демографии худро ба эътидол овард. Барои пурра гардонидани теъдоди немисҳо аз ҳисоби туркҳо на танҳо Олмон, балки худи давлати Туркия ҳам мусоидат кард. Дастикам мушкил эҷод накард. Чунин шароит барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия ҳам лозим аст. Дар Россия бемалол қабул шудани шаҳрвандони мо ҳамчун шаҳрванд, вобаста бу худи мо аст. Бояд ҳама афроде, ки ба Россия сафар кардан мехоҳанд, сараввал забони русиро хуб омӯзанд. Сипас маълумоти ибтидоӣ дар бораи таърих ва этнографияи рус дошта бошанд. Яъне муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бояд ба Россия мақсаднок сафар кунанд ва на танҳо барои ба даст овардани қути лоямут, балки муқимӣ шудан ва дастгирӣ кардани аҷдоди худ ва мамлакати худ. Инро бояд кишвари мо донад ва ба ин мусоидат кунад.                                                                                  

 А. Иброҳим