- Иҷтимоъ

Ҳамин соат беморхонаи навсохт дар Кӯлоб оташ гирифт

Беморхонаи №2 вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб сухта истодааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисмати навсохти бино мавсуф бо номи «Перинаталӣ» оташ гирифтааст. Оташ аз ошёнаҳои боло ба чашм мерасад. Ин беморхонаи замонавиро муҷаҳҳаз бо тамоми шароити ташхису табобат соли гузашта ҷумҳурии Олмон сохта ба вилояти Хатлон тақдим карда буд. Кормандон мегӯянд қисмати кӯдаконаи бино дар ошёнаи сеюм сухта истодааст. 

«Пайк» мавзуро пайгирӣ карда дар лаҳзаҳои минбаъда ҷузъиёти бештарро баррасӣ хоҳад кард.

                               «Пайк»