- Тандурустӣ

Эҳтиёт, коронавирус дар камин аст

Хонанда воқиф аст, ки бо хушҳолӣ матлабе нашр карда будем, ки дар Кӯлоб гирифторони бемории ҳамагир коҳиш ёфтааст. Аммо тибқи мушоҳидаҳо ва ба гуфтаи масъулин сироятёбӣ ба Коронавирус рӯзҳои ахир дар шаҳри Кӯлоб афзоиш ёфтааст. А. Шокиров, мутахассиси соҳа ва сардухтури Беморхонаи сироятии шаҳрӣ афзудани шумораи гирифторони Коронавирусро дар номуносиб будани боду ҳаво, яъне боронҳои пайдарҳами рӯзҳои ахир рабт медиҳад.

Тибқи иттилои Бобохон Абдураҳмонов, сардухтури тандурустии шаҳри Кӯлоб аз 30-апрели соли 2020 то рӯзи 27- июни соли равон 212 ҳолати сироятёбии бемории Коронавируси нави COVID-19 дар шаҳр қайд шудааст. Б. Абдураҳмонов, сартабиби тандурустии шаҳр дар суҳбат ба хабарнигори «Пайк» гуфт:

«Айни замон дар Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб 16 нафар бемор бистарӣ кардаем. Хизматрасонӣ аз ҷониби пизишкони мо хуб аст. Доруворие, ки дастраси мо мегардад, ба беморон тақсим мекунем. Аз рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ то 27 июни соли 2020, 212 нафар бо нишонаи бемории Коронавирус қайд кардем. Инчунин аз шумораи болозикр 165 нафар шифо ёфта аз беморхонаҳо ба хонаҳояшон ҷавоб додем, 16 нафар дар Беморхонаи сироятии шаҳрӣ бистарӣ буда ва 31 нафар фавтид, афзуд Бобохон Абдураҳмонов, сартабиби тандурустии шаҳр.  

Сокинон ниқоб намепушанд, кӣ бояд назорат барад?

Тавре маълум аст дар кӯчаю маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои шаҳри Кӯлоб бо супориши Вализода Қодир, раиси тозаинтихоби шаҳр ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ бо суръат идома карда истодааст. Инчунин бо баландгӯякҳо бо усули (кӯча ба кӯча) тарзи пешгирӣ аз вирусро ба сокинон мефаҳмонанд.  Аммо бо сабаби беэҳтиётии сокинони бепарвои шаҳр кушишҳо  ва безарагардонии паёдарҳами кӯчаҳо шумораи гирифторшавӣ ба Коронавирус поин нашудааст. Ин бошад аз саҳлангорӣ  ва ё бепарво гаштани мо мебошад. Сокинон чунон бепарво шудаанд, ки ҳатто ниқоб истифода намекунанд, дигар куҷо расад ба салом кардану масофаи муайян намударо риоя кардан. Ҳар яки моро зарур аст, ки саломатии худро зери хатар нагузошта, қоидаҳои санитарию гигенирии шахсиро риоя кунем.

Табиист, ки аз сироятёбӣ ба Коронавирус ва пешгирӣ аз паҳншавии Коронавируси нави COVID-19 огаҳем. Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагир тариқи расонаҳои хабарӣ ҳамарӯза иттилоъ медиҳад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб гаштугузор накунед, аз салом кардан бо даст худдорӣ кунед ва масофаи байни якдигарро то 2 метр риоя кунед. Аммо тавсияи Вазорати тандурустӣ гӯё барои мо набошад. Сокинони шаҳри Кӯлоб чунон бепарво шудаанд, ки гуё Коронавирус дар Тоҷикистон решакан шудааст. Дар ҳоле, ки дар баъзе давлатҳои хориҷа ин бемории фарогир дубора хуруҷ кардааст. Ҳоло ҳам мардум даҳшати Коронавирусро эҳсос накардаанд. Дар ташкилоту идораҳои давлатӣ, бозорҳо, гулгаштҳо, боғҳои марказӣ дида мешавад, ки аксари сокинон ниқоб надоранд. Вале касе назорат намекунад. Тавре  маълум аст ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Тоҷикистон тағйирот дароварда шуд, ки шахсони бениқоб ба кӯча баромада маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст, инчунин барои паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад ва дар ҳоли такрор кардан аз панҷ сол то даҳ сол зиндонӣ мешаванд.   

Масъулини КАТС-и шаҳр дурӯғ мегӯянд, ё мардум нотарс аст?

Возеҳ аст, ки масъулини КАТС-и шаҳр дар ҳисоботашон дарҷ мекунанд, ки дар байни мардум фаҳмондадиҳиҳо гузаронида мешавад. Вале ба касе маълум нест, чӣ гуна фаҳмондадиҳӣ бошад? Зеро агар оммафаҳмонӣ хуб сурат мегирифт, сокинон чунин бепарво намешуданд. Аз ин ҷо бар меояд, ки ё ҳисоботи масъулини КАТС дурӯғ аст, ё шаҳрвандони шаҳр нотарсанд.

                                                                                                                      Суннати Содиқ