- Без рубрики, Тандурустӣ

МАРКАЗИ САРАТОНШИНОСИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ХУСУСӢ ШУД Ё ОИЛАВӢ?

Ба таваҷҷӯҳи вазири Тандурустии ҷумҳурӣ

Шаш моҳ  аст, ки  эроди “Маркази саратоншиносӣ оилавӣ шудааст” забон ба забон мегардад. Аммо аз моҳи январ, ки қариб ду моҳ ҳама саргарми баргузории нишастҳои хабарӣ будем ин мавзӯъ дуртар аз назарҳо монд. Оғози моҳи март як нафар хонанда муроҷиат карда хоҳиш кард, ки азбаки ихлосаш ба ҳафтаномаи “Пайк” баланд аст, мехоҳад мухбири он ба гиреҳи масъалаи фаъолияти хешутаборӣ дар Маркази саратоншиносии вилоят нохун занад.

Сарвари давлат дар ҳар баромади худ эрод мегиранд, ки…

Сарчашмаи мо муроҷиаташро аз иқтибосҳо аз суханрониҳои сарвари мамлакат оғоз карда гуфт: Пешвои миллати мо барои аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ ва дигар пинҳонкориҳо кӯшиш мекунанд, ки дар муассисаву ташкилоҳои давлатӣ фаъолияти якҷояи хешовандони наздикро манъ кунанд. Аммо дарди кӯҳнаи 5 сол қаблӣ, яъне қариб 25 сол оилавӣ будани Маркази саратоншиносии кишвар боз дубора оилавӣ шуд. Дар байн як нафар ҳамагӣ 4-5 сол бе хешбозӣ кор кард, аммо  боз авлоди пешина вазифаро аз ӯ кашида гирифтанд.  Акнун аз оғози соли 2020  Маркази саратоншиносии вилоят дубора оилавӣ шуд  ба ҳайси сарвар Бахтиёр Орипов кор мекунад. Ҳамсараш Юлдузхон Норматова дар шӯъбаи репродуктивӣ кор мекунад. Фарзандаш Муҳаммад Орипов дар шӯъбаи кимиёӣ.  Ғайр аз се аъзои як оила, дар ҳоле ки падар роҳбар аст боз тағояшон ҳам дар марказ коргар аст. Кадом роҳбар хатои аъзои оилаи худро дида мисли бегонаҳо сарзаниш ё танбеҳ медиҳад. Умуман оё дар ҷое, ки аз як оила се нафар кор мекунанд шаффофият боқӣ мемонда бошад? Пештар дар гӯшаи ҳавлии марказ хеле паррадҳои зебову назаррабо буданд. Аммо роҳбари нав ин гўшаи зиндаро несту нобуд кард. Охир парранда ба роҳбар чї зарар мерасонад? Баръакс, беморон вақте зиқ шуда ба ҳавлӣ бароянд аз тамошои онҳо болидарӯҳ мешуданд- навиштааст хонандаи ҳафтанома.

Дар аввал гумон кардам, ки шояд ягон нафар аз рӯи ғараз ва бадбинӣ ин мавзӯъро ба мо иброз дошт. Аммо ҳисси кунҷкобиям боло гирифту ба сарвари маркази саратоншиносӣ Орипов занг задам, то ба масъала рушанӣ андозам.

Дуруст аст, ки ҳамсарам ва фарзандам кор мекунанд, аммо…

13-уми март ба назди сарвари Марказ Бахтиёр Орипов рафтем. Баъди мавзӯи сӯҳбатро фаҳмонидан ваҷоњати сардор дигар шуда хост ба ҷои ин муаммо пешравиҳои марказро мавриди сӯҳбат қарор диҳем. Аммо ҳар савол, муроҷиат ва шикояти хонанда барои мо  аҳамият дорад. Инчунин ҳар саволе, ки меояд посух мехоҳад. Дар акси ҳол ӯ низ мисли Орипов гумон мекунад, ки мо манфиат ё ғараз дорем. Ба саволҳои мо ҳамсӯҳбат чунин посух дод:

“Раиси вилоят ва вазири тандурустӣ ба ман бовар карда, дар ин марказ маро сарвар  таъин карданд. Кӯшиш карда истодаем ба боварии онҳо сарзовар шуда кор кунем. Аммо фаъолияти роҳбарии ман ба аъзоёни оилаам рабт надорад, зеро онҳо пеш аз ман низ кор мекарданд ва ягон нафарашон дар вазифаи баланд нестанд. Ҳамагӣ духтурони оддиянд. Бо ҳамсарам ҳамкурс ҳастем ва ҳарду аз соли 1995 то ҳол кор мекунем. Ин масъаларо (фаъолияти оилавӣ) дар пеши ҳуқуқшиносон ҳам гузоштам, ки онҳо гуфтанд ягон ҷои хавотирӣ ва ғайриқонунӣ нест.  Ғайр аз ин бисёр ҳастанд муассисаҳои тиббӣ, ки дар он хешовандони наздик фаъолият мекунанд. Ин танҳо дар маркази мо нест.(во аҷабо, ҳама ҷо хешбозию оилавӣ шудаасту мо нав хабар ёфтем. Мо ку дер бошад ҳам хабардор шудем, масъулини мақомоти дахлдор кай бохабар шуда таҳлил мекарда бошанд?).

Дар масъалаи нопадид шудани паррандаҳо Орипов гуфт:-Ман намедонам чанд сар парранда буд. Аммо дар ҳавлии марказ шароиташон хуб набуд. Барои ҳамин ба уболи онҳо  намонам гуфта ба соҳибонаш баргардонидам. (Тибқи иттилое ки мо дорем паррандаҳо туҳфа шуда буданд ва яқинан ҳеҷ кас чизи тӯҳфакардаашро бозпас намегирад).  Зеро паррандаҳо забон надоранд ва чї хостанашонро гуфта наметавонанд. Барои азоб накашиданашон дар Марказ онҳоро ба одамоне, ки аз ӯҳдаи нигоҳубини парранда хуб мебароянд супоридем-афзуд сардухтур.

Қонун чӣ мегӯяд?

Тибқи талаботи моддаи 27-и Кодекси меҳнати ҶТ (Маҳдудияти якҷо кор кардани хешовандони наздик) дар як муассиса фаъолият бурдани аъзоёни як оила манъ аст.

 Аммо имрӯз замоне шудааст, ки бисёре аз қонунҳо дар рӯи қоғаз меистанд, яъне қоғазсиёҳкунак ҳастанду бас. Имрӯз дари кадом сохтореро кӯбӣ мебинӣ, ки “ангуштони як панҷа” дар ҳаракатанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ғайр аз эродҳову суханрониҳои Пешвои миллат шаҳрвандони қаторӣ ҳам зидди фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилоту муассисаҳо ҳастанд…

Айни ҳол собиқ сардухтури  маркази мазкур Фурқат Мансуров ва мудири шӯъбаи  репродуктивӣ Фарҳодҷон Ваҳобов ва дигар кадрҳои боистеъдоди марказ тарки кор кардаанд.  Фаъолияти оилавӣ дар марказ боиси норизоӣ ва тарки кор кардани баъзе аз коргарони  ботаҷрибаи марказ гардида, онҳо аз вазири нави Вазорати тандурустӣ умедворанд, ки сари ин масъала хулосаи оқилонаю одилона хоҳад баровард.

Фарзона