- Маориф

ДАР СУҒД БОҒЧАҲО НАМЕРАСАНДУ ҒАЙРИМАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАНД

Тибқи  маълумоти   омории  Раёсати  маорифи  вилоят 14 ҳазору 52 нафар кӯдакони томактабӣ барои фаро гирифта шудан бо боғча дар навбатанд. Аз ин шумора дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд 2332 нафар кӯдак орзу доранд қатори ҳамсолони худ ба боғча раванд.

Ба гуфти Мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят Гулсара  Тошматова, фарогирии кўдакон дар миқёси вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ  15 фоиз, бо маркази инкишофи кӯдак 20,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар  муассисаҳои  таълимии   шаҳру  ноҳияҳои вилоят яке  аз  роҳҳои алтернативии фарогирии кӯдакон  ба  низоми таҳсилоти томактабӣ ин  марказҳои  инкишофи  кӯдак  мебошад, ки айни ҳол 436  марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки 16289 нафар кӯдакони  шашсоларо ба таълиму тарбия фаро  гирифтаанд.

То навбатам меояд, ки кӯдаконам мактабхон мешаванд… 

Замира Юлдошова, зани танҳо буда, шавҳараш соли чорум аст дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Таъмин ва нигоҳубини  се кӯдакро Замираи 34 сола бар дӯш дорад. Духтарчаи калонии ӯ дар синфи дуюм мехонад.

Ду духтарчаи дигари ӯ, ки яке 6 солаву дуюмӣ сесолаанд, ниёз ба боғча доранд. Аммо Замира наметавонад кӯдаконашро ба боғча ҷойгир кунад. Сабабашро чунин шарҳ дод:-“Маълумотам миёнаи махсус аст ва шавҳарам беш аз 3 сол боз дар Рассия қарор дорад. Қариб ду соли аввал кам-кам пул фиристоданд, аммо наздики ду сол боз ягон танга намефиристад.  Хостам кӯдаконамро ба боғча диҳам ва дар ягон ошхона кор карда зиндагиро пеш барам, аммо қабул накарданд. Дар аввал хеле ба ғазаб омадам, ки чаро кӯдакони одамони бой ҷой мешаванду ду ятими ман не? Мудири боғча (нахост рақами боғча ва номи мудир дарҷ шавад) бо оҳанги нарм фаҳмонд, ки дар қабул бой ва камбағал будан аҳамият надорад. Якум синну соли кӯдак, дуюм коргар будани волидонаш. Коргар будани модар падараш на ба он хотир, ки шумо дар назар доред, балки аз он сабаб аст ки онҳо рӯзи дароз дар ҷои коранд ва фарзандашон бо нигоҳубину тарбия ниёз дорад. 

Аз кӯдакони дар навбатбуда ҳам мо аввал онҳоеро ба боғча қабул мекунем, ки волидонашон ё шахсони онҳоро ивазкунанда коргар ҳастанд ва имкони нигоҳубини кӯдакро надорад. Хулоса мудири боғча чанд қонун ва санадҳои вобаста ба кӯдакро гуфт, аммо саводи ман ба дарки онҳо намерасад. Фақат ҳамин қадар хулоса кардам, ки то навбати мо меояд, ки кӯдаконамон мактабхон мешаванд…

Норасоии боғча, кадр, ғизои солим, маблағ  ва даҳҳо  мушкили дигар

Ба иттилои Тошматова нисбат ба соли  2018  шумораи муассисаҳои томактабӣ  дар соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11 адад зиёд гардидааст. Умуман дар давоми   3-соли  охир  34  адад  муассисаҳои  таҳсилоти  томактабӣ  сохта  ба  истифода  дода  шуданд. Аммо назарпурсию таҳлилҳое,  ки дар доираи таҳияи ин матлаб ба даст овардем бозгӯи онанд, ки  шумораи боғчаҳо хеле каманд ва  шикояти волидоне, ки кӯдаконашон дар навбатанд зиёд аст.

Нарасидани   миқдори  кӯдакистонҳо  дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту  маҳалҳо,  норасоии  кадрҳои  баландихтисос,  паст  будани   сифати  хӯрока ва ба ин монанд мушкилот дар масъалаи кӯдакистонҳо вуҷуд дорад, ки боиси нигаронӣ ва ҳам сарсонӣ аст. Яке аз масъалаҳои баҳсбарангез, ки ҳамеша шикояти волидонро ба бор меорад, ин пули боғча мебошад.

Бо  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон   “Дар  бораи   ба  маблағгузории меъёрӣ( сарикасӣ)  гузаронидани  муассисаҳои  давлатии  таълимии  томактабӣ”   аз  2 ноябри  соли  2015, №627  маблағгузории   сарикасӣ  зина  ба  зина  дар   муассисаҳои  таҳсилоти  томактабии  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  гузаронида  шудааст, аммо нофаҳмиҳо зиёданд. Дар кӯдакистонҳои давлатӣ нарх арзону дар боғчаҳои  хусусӣ гаронтар аст. Аммо бештари волидоне, ки шикоят аз нарх мекунанд, сабаб ҷудо карда натавонистани боғчаҳои давлатӣ аз хусусӣ аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мутобиқи  моддаҳои  16  ва 17-и  Қонуни  конститутсионии  ҶТ   “Дар  бораи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ва  моддаи  51-и  Қонуни ҶТ   “Дар  бораи  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ” аз  1 январи  соли  2016     андозаи   якмоҳаи  пардохти  маблағ  аз  падару  модар(шахсони  ивазкунанда)  барои  нигоҳубини  кӯдакон  дар  муассисаҳои  давлатии  таълимии  томактабӣ  нишондиҳандаҳо  барои  пардохт  дар  Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон,  Б.Ғафуров,  Ҷ.Расулов  ва  Спитамен 2 нишондиҳанда   барои  ҳисобҳо, яъне 116 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар  дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят-Исфара, Гулистон,  Панҷакент, Зафаробод, Деваштич ним  нишондиҳанда барои  ҳисобҳо,  Айнӣ, Ашт,  К.Мастчоҳ,  Мастҷоҳ, Шаҳристон, Истиқлол, Конибодом  1 нишондиҳанда, яъне 58 сомонӣ  пешбинӣ  шудааст.

Мамадҷонова: Солҳои 80-ум фарогирӣ зиёд буд, аммо…

Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони № 15-и шаҳри Хуҷанд Тӯҳфа Мамадҷонова, ки таҷрибаи беш аз 40 солаи кор дар соҳаи маориф ва кӯдакистонҳоро дорад, гуфт:-“Солҳои 80-ум фарогирии кӯдакон ба боғча хеле зиёд, аммо нобасомониҳои солҳои 90-ум ва баъди он сабаби вайрону валангор шудани чандин кӯдакистонҳо шуд, ки то ҳол мардум аҷрашро мекашад. Ман дар шӯъбаи маориф кор мекардам медонам, ки яке аз самтҳои асосӣ дар ин соҳа ҷалби бештари кӯдакон ба боғча ва ҷорӣ кардани методҳои таълимии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй аст. Албатта соҳаи таҳсилоти томактабӣ сол то сол рушд карда истодааст. Марҳилаи якуми рушди соҳаи Т/Т солҳои 2006-2010-ро фаро мегирифт. Марҳилаи дуюм-2010 то 2020 буд ва айни ҳол мо дар рушди марҳалаи сеюми таҳсилоти томактабӣ қарор дорем, ки солҳои 2020-2025-ро фаро мегирад.

 Айни замон дар микроноҳияи 3-уми шаҳр ин ширхоргоҳ-кӯдакистони ягона аст, ки 1 октябри соли 2015 ба фаъолият оғоз кард ва барои 360 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Дар ин муассиса кӯдакони синни 2 то 7 сола қабул карда мешаванд ва 12  гурӯҳ тақсим шудаанд.

14 мураббия ба кӯдакон таълим медиҳанд ва вобаста ба синну соли кӯдакон маҳфилҳо амал мекунанд. Беш аз чор сол  аст дар ин муассисаи томактабӣ мураббия ҳастам ва бо боварӣ мегӯям, ки ягон нафар модару падаре, ки кӯдакашро ба ин ҷо меорад ноумед гусел накардаам. Аммо дарк мекунам, ки дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст мушкили норасоии боғча вуҷуд дорад.

Оё фарогирии кӯдакон ба боғча дар як сол аз 15% ба 30% мерасад?

Дар  навбат истодани 14 ҳазору  52  нафар кӯдак дар вилояти Суғд шумораи кам нест. Мувофиқи омори Раёсати маорифи вилояти Суғд 49 адад кӯдакистонҳо дар ин минтақа ғайримақсаднок истифода мешаванд, ки ин мушкили норасоии боғчаро дучанд мекунад. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд 19 адад кӯдакистонҳо ғайримақсаднок истифода мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин шаҳр 2332 нафар кӯдаки синни боғча дар навбат меистад. Дар ноҳияи Зафаробод 5 адад, дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Гулистон ва Спитамен-4 ададӣ  кӯдакистонҳо ғайримақсаднок истифода мешаванд. Дар 7-шаҳру ноҳияи вилоят миқдори кӯдакистонҳои ғайримақсаднок истифодашаванда 1-3 ададӣ ва дар 6 шаҳру ноҳияи вилоят ин муаммо ҷой надорад. 

То  ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  то  соли  2021  ба  30  фоиз   расонидани   сатҳи  фарогирии  кӯдакон  ба  зинаи  таҳсилоти  томактабӣ супориши  роҳбари давлат,  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳаст. Аммо дар давоми ҳамагӣ як сол масъулину маорифчиёни мо 15%-ро ба 30% мерасонида бошанд?

Фарзона

Алӣ Хатлонӣ