- Иқтисод

Ҷавонзани 19 сола худро ба дарё партофт

Ҷавонзан, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро аз болои пул ба дарёи Сир партофт.

Санаи 26 июн тақрибан соатҳои 16:00 ба наҷотдиҳандагони Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд муяссар гардид, ки зани 19 — солаи истиқоматкунандаи ноҳияи Бобочон Ғафуровро, ки бо мақсади худкушӣ худро аз болои пули Исмоили Сомонӣ (мости кӯҳна) ба дарёи Сир партофт, хабардор шуда, сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Ба наҷотдода ёрии аввалини тиббӣ расонида шуд. Ҳангоми сӯҳбат муайян гардид, ки Р. Ф. бо сабабҳои вазъи оилавӣ (муноқиша дар оила) суиқасд ба ҷони худ намуд. Бино ба маълумоти шӯъба аз оғози сол ин  панљумин ҳодисаи худкушӣ бо воситаи ғарќшавӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, аз он се нафарашон сокинони шаҳри Хуҷанд (яке ноболиғ 12 сола), як нафар сокини шаҳри Бӯстон ва охирон сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, сари вақт аз тарафи кормандони шӯъба наҷот дода шудаанд.

Мадина Почоева