- Фарҳанг

Муъминобод, дар як соли баъдӣ боғи наву замонавӣ бунёд мешавад

   То таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти кишвар дар ноҳияи Муъминобод барои истироҳату фароғати сокинону дигар ашхос як боғи ҷадид бо ҳама шароити муосир ва талботи замона сохта, мавриди истифодаи умум қарор дода мешавад. То ин муддат дар ноҳия боғи фарҳангӣ вуҷуд надошт.

   Гулрафтори Хуршед, сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳияи Муъминобод ба «Пайк» иттилоъ дод, ки «Корҳои сохтмонӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ аз аввали сол оғоз шуда, то ҳол идома доранд. Боғи нави фарҳангиву фароғатӣ дар майдони 6 га замин бо маблағи 4,5 миллион сомонӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги кишвар бунёд хоҳад шуд. Боғи нав бо ҳама шароитҳои зарурӣ, манораи Парчами давлатӣ, амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 адад фаввораҳо, 4 адад майдончаҳо барои бозии кӯдакон ва нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ сохта шуда, бо дарахту гулу буттаҳои ороишӣ то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти кишвар сохта ба истифодаи умум қарор дода мешавад. То ҳол 420 метри гирду атрофии боғ панҷарабандӣ шуда, дар 4 га замин ниҳолу дарахтон шинонда шудааст.»

   Ёдовар бояд шуд, ки то имрӯз дар ноҳияи Муъминобод боғи фарҳангӣ арзи ҳастӣ надошт. Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якуми сентябри соли 2019 ба ноҳияи Муъминбод санги асоси ин боғ гузошта шуд ва корҳои сохтмонӣ аз ибтидои соли 2020 оғоз ёфтанд. Боварӣ аст, ки баъди истифодадиҳӣ сокинон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

Худойдоди Ислом