- Иҷтимоъ

ШЕВАИ НАВИ ХУДКУШӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Худкушӣ аз оғози пайдоиши ҳаёт дар ҷаҳон буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Дар ҳама мамлакатҳо ин намуди мубориза ва эътироз мушоҳида мешавад. Кишвари мо ҳам аз ин рӯйхат истисно нест. Балки дар ҷойи аввал нест. Ва аммо тули 2 ҳафтаи ахир ду худкушие ба қайд гирифта шуд, ки қаблан мушоҳида нашуда буд. Як нафар дар шаҳри Кӯлоб худро дар назди Раёсати молия оташ зад, дигаре як мард дар ноҳияи Рӯдакӣ сирко хурда худкушӣ кард.  Гуфтанд, ин қарзҳояшро гирифта натавонистаасту он барои писари дар боздоштгоҳ қарор доштааш худкушӣ кардаанд. Яъне ин мехостааст 18 ҳазор сомонии қарзашро аз молия гираду он мехостааст писарашро, ки гумонбар ба дуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст, озод кунад. Мардум дар марги ин ду мард ину онро гунаҳкор меҳисобад. Яке мегӯяд сардори собиқи Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Одина Раҳмон гунаҳкор аст, ки қарзи ин мардро надодаасту дар марги сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳукумати ноҳия гунаҳкор аст, ки ба доди ин мард нарасидааст. 

Раёсати молия мегӯяд ин мард ҳар сол мунтазам бо қарз маводи хӯрока оварда ба боғчаҳои бачагона медоду сипас қарзҳоро молия пардохт мекард. Ҳамин тавр чанд сол. Соле набудааст, ки молия қарзҳоро надода бошад. Маблағҳои гирифтаи ин мардро, молия дар шумораи гузаштаи ин ҳафтавор дар шакли вокуниш ба мақола пешниҳод карда буду мо онро ба нашр расонидем. Яъне ин мард ягон сабаб барои худкушӣ надоштааст. Мақомоти тафтишотӣ ҳам ҳаминро исбот карда Одина Раҳмонро ба ҳоли худ гузошт, аммо ҳукумати шаҳр ӯро набахшид (маълум не барои чӣ) аз вазифа сабукдӯшаш карданд. Маълум, ки ин мард сабаб барои худкушӣ тамоман надошт. Агар медошт метавонист молияро ба суд диҳад, ё агар хеле ошуфта бошад, дашному ҳақораташ мекарду таваҷҷӯҳи мақомотро ҷалб мекард, аммо ҳайҳот, мард даст ба ҷони ширин зад, ки Худо ҷояшро ҷаннат кунад.

Гарчанде ҳукми шариат дар мавриди худкуштагон тамоман дигар аст.

   Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳам марди сиркохурда ягон сабаби худкушӣ надошт, хоса дар назди ҳукумати ноҳия. Фарзандашро ку ҳукумат боздошт накарда буд, балки милиса барои дуздӣ боздошт карда буд.

Дар ҳарду ҳолат ҳам, нобоварӣ ба адолати судӣ мушоҳида мешавад. Агар ҳарду бовар медоштанд, ки суд одилона мегузарад, худкушӣ намекарданд, балки дар толори додгоҳ ҳуқуқҳояшонро ҳимоя мекарданд.  Ин амалҳо ҳушдорест ба мақомти судии кишвар, ки фаолияти ноодилона чӣ оқибатҳо дорад. Мутаассифона  ҳар шахс дар бораи адолати судӣ гуфтаниҳо зиёд дорад. Пешвои муаззами миллат ҳам ҳамин нуктаро дар баромадҳояш борҳо таъкид кардааст.

Як сокини шаҳри Кӯлоб, ки нахост номашро зикр кунем, мегӯяд писараш хеле боодобу фармонбардор буд. Дар умраш бо касе ҷанҷол накарда буду боре ҳам касе аз болояш шикоят накарда. Хеле ҷавон асту ботамкин. Яке аз дӯстонаш ба ӯ амонате додааст, ки бурда ба фалон кас диҳад. Дар дохили он амонат се чор дона дорӯҳои психотропӣ будааст, ки мегӯяд аз мавҷудияти онҳо дарак надорад. Додгоҳ ба ин писар 5 соли зиндон таъин кард, баробари ашхосе, ки касбашон мудом фурӯши маводи мухаддир аст.

Дар як ҳукми дигари додгоҳ се ҷавон 7 солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Яке озими сафари Афғонистон будааст, то бо террористон бипайвандад, дигаре дар сомонаи интернетӣ зери як расм ҳамагӣ як «лайк» мондаасту онро фаромӯш кардааст. Дигар дар саҳифаи худ на ягон расми террористро дораду аз рӯйи гуфти атрофиён на камтарин таваҷӯҳ ба эстремизму ифротгароӣ. Яъне додгоҳ ҳукми ин ҷавонро баробари ҳукми террористи ашаддӣ донистааст.

Албатта суд дар асоси қонунҳои мавҷуда амал карда ҳукм баровардааст. Балки баъзе аз қонунҳои қабулшуда нокомиланду ҳангоми қабул вакилони мардумӣ аз оқибатҳояш андеша накардаанд. Ба андешаи мо бояд фавран ин хато ислоҳ шавад.

Шояд ҳамин гуна нобовариҳо ба адолати судӣ он ду мардро ба худкушӣ водор кардааст? Дар ҳар сурат, ба андешаи мо парлумони кишвар боядмоддаҳои алоҳидаи кодекси ҷиноятиро мавриди бознигарӣ қарор диҳад.

Аммо худкушии он ду мардро набояд касе  дуруст шуморад. Ин ду мард сахт хато кардаанд, дигарон набояд хатои онҳоро такрор кунанд. Худкушӣ шеваи эътирози мусалмон ва ҷавонмард нест. Роҳҳои мубориза зиёданд, касе ҳақ надорад ношукрӣ ба ҳаёти додаи Худо кунад. Мабод, ки ин ду худкушӣ барои дигар афроди камҳавсала намуна шаваду онҳо низ баҳри ҳалли мушкилоти кучаки худ даст ба ин амали нангин зананд. Чун нек бингарӣ Тоҷикистон дар рӯйхати мамолики худкушиҳо дошта дар ҷойи аввал нест, балки худкушӣ дар мамлакати мо дар нисбати мамолики ҳатто пешрафтатарини ҷаҳон хеле камтар аст.

 Бино ба рӯйхати тартибдодаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), ки бо такя ба  рӯйхати пешниҳоднамудаи худи мамлакатҳо тартиб дода шудааст теъдоди худкушиҳо байни мардон бештар аз занон аст. Истисно чанд мамлакат аст, ки занҳо бештар аз мардон худкушӣ кардаанд: Антигуа ва БарбудаБангладеш, Хитой, ЛесотоМиянма ва Марокко.

Аз ҳама бештар одамон дар кишвари Гренландия даст ба худкушӣ задаанд, аммо бо сабабҳои ахлоқӣ рӯйхати онро СУТ махфӣ нигоҳ медорад.

Вазорати Тандурустии Русия хабар медиҳад, ки теъдоди худкуштагон дар 100 000 аҳолӣ дар Русия соли 2015 -17,4 нафар рост омадааст, соли 2016- 15,8 нафар,

Рӯйхати баъзе аз мамолики дигар дар соли 2015 чунин аст: ИМА 13,3 нафар 6,3 фисад занҳо 20,5 фисад мардҳо, Туркманистон 7,2 -3,5 занҳо 11% мардҳо, Маҷористон 13,6 нафар-6,2 фисад занҳо 22,2 фисад мардҳо ва ғайраҳо, ки ба ҳамин омор наздик ҳастанд.  Дар Тоҷикистон бошад 3,4 нафар ба ҳар сари 100 000 аҳолӣ рост меояд, ки 1,8-ро занон ва 5 фисадро мардон ташкил медиҳанд. Тибқи иттилои дастрасшуда дар кишвари мо соли гузашта 440 нафар  даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз 200 нафари онҳоро занон ва наздики 40 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

        А. Иброҳим