- Тандурустӣ

Вазъияти ҳозираи коронавирус чӣ тавр аст?

Хулосаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова дар нишасти матбуотии рӯзи 18 июн.

Ҳафтаи гузашта шумораи ба бемории COVID-19 дучоршуда дар ҷаҳон аз 8 миллион гузашт. Новобаста ба ҳама кӯшишҳои  гирифтани садди роҳи паҳншавии умумӣ, суръати ҳодисаҳои нави заҳролудшавӣ ва фавти беморон нишонаи камшавӣ ба назар мерасад. Хатари паҳншавии беморӣ аз минтақаҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Осиё низ омада расид. Ҳамзамон, баҳси ҷиддӣ дар мавриди саршавии мавҷи давраи дуюми паҳншавии бемории мазкур рафта истодааст.   

Кишварҳои Аврупо аз 15 июн маҳдудияти шаҳрвандонро эълон карданд. Барои рафтуомад дар дохили кишварҳои минтақаи Шенген ва ҳамзамон аз 1 июл кушодани сарҳадро низ хабар доданд. Бори дигар ишора кардан мехоҳам, ки ҳоло сухан танҳо дар бораи баъзе аз кӯшишҳо меравад. Иқдоми шарикони аврупоиро дар бораи барқарор кардани ҳаракати озодонаи мардум ба назар гирифта, умедворем, ки ин ҳамсояҳои мо масъалаи мубориза бар зидди паҳншавии бемории коронавирусро суст нахоҳанд кард. Намояндагони Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бошанд, суст кардани муборизаро саросемагӣ шумурда, ба эҳтиёткорӣ даъват доранд.

Сарчашма: Брифинги ВКХ

Шамсиддини Муқим,

мухбири махсуси “Пайк” дар Россия