- Тандурустӣ

Вазири тандурустӣ таваллудхонаро бастааст, занҳои ҳомиладори коронавирус дар куҷо табобат гиранд?

 Тибқи супориши вижаи вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дарҳои Таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Кӯлоб барои занони ҳомиладори гирифтори бемории Ковид-19 аз ин ба баъд бастааст.

Бино бар иттилои сардухтури Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб Абдукарим Шокиров айни ҳол дар беморхонаи мазкур 3 нафар зани ҳомиладори гирифтории Коронавирус бистарӣ ҳастанд. Шокиров мегӯяд беморхонаи бемориҳои сироятӣ шароити табобати онҳоро надорад, чунки мутахассиси гинеколог надоранд.

Ӯ гуфт, қаблан занони ҳомиладори гирифтори коронавирусро дар таваллудхонаи шаҳрӣ бистарӣ мекарданд,  ҳоло дигар таваллудхона чунин занонро қабул намекунанд.

Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб аз ҳодиса изҳори беиттилоотӣ кард. Сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Садриддин Ғаюров, ки ҳамзамон муовини раиси ситод бар зидди коронавирус аст дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки пайи кушодани таваллудхона талош дорад. Мавсуф инчунин иброз дошт, ки дари таваллудхонаро барои занони ҳомиладори коронавирус барои он бастаанд, ки дар тамоми муддати беморӣ ҳамагӣ ду зани ҳомиладор бо коронавирус бистарӣ шудаанд, ки кам аст.

Ба андешаи мо, агар як нафар ҳам мебуд кам нест, балки зиёд аст, чунки гап сари насли ояндаи миллат меравад. Ҳатто агар ягон зани ҳомиладор ҳам гирифтори коронавирус намешуд, палатаҳои алоҳида ва муҷаҳҳаз дар таваллудхона бояд омода мебуданд.

Ночор мо ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир, ки ҳамзамон раиси ситоди мубориза бар зидди коронавирус маҳсуб мешавад, занг зада ҳол пурсидем, ки гуфт: «Ман аз ҳодиса хабар дорам, пайи ҳалли он талош варзида истодаам. Бегоҳи ҳамин рӯз ба назди вазири тандурустӣ даромада қазияро шарҳ медиҳам ва ҳалли онро хоҳиш мекунам.»

Бино бар гуфтаи Шокиров айни ҳол дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб 18 нафар гирифторони Ковид-19 бистарианд ва муолиҷа мегиранд, ки 3 нафарашон занони ҳомиладори гирифтори коронавирусанд. Бемории нав ба насли ин занон таҳдид доштааст.

          А. Иброҳим