- Тандурустӣ

Саломатии Иноятзода-собиқ шаҳрдори Кӯлоб беҳтар шудааст

Баъди шунидани ҳар гуна овозаҳо роҷеъ ба вазъи саломатии Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб, ки бо ҷурми қаллобӣ гумонбар дониста шуда аз вазифа барканор гашта буд, ба сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб Абдукарим Шокиров занг зада ҳол пурсидем, ки гуфт: «Баъди гирифтани табобат ҳоло саломатии собиқ шаҳрдор хуб аст, озодона нафас мекашад, иштиҳояш бад нест.»

Ҳамин манбаъ инчунин иттилоъ дод, ки теъдоди гирифторон ба бемории Коронавирус ва илтиҳоби шуш дар шаҳри Кӯлоб каме афзудааст. ӯ гуфт ҳамагӣ як ҳафта қабл теъдоди беморон то ба 8 нафар коҳиш ёфта буд. Ҳоло бошад дар беморхона 20 нафар бистарианд.

Сабаби афзоиши беморонро мутахассис дар бепарвогии мардум мебинад. Дар шаҳр ҳар куҷо таҷаммуъи мардум эҳсос мешавад, ки аксарият бе ниқоби муҳофизатианд.

Дар маҷмӯъ бошад дар 25 ноҳияи вилояти Хатлон ҳамагӣ 66 нафар гирифторони бемории Коронавирус ё илтиҳоби шуш дар беморхонаҳо бистарианд ва ба табобати муносиб фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода иттилоъ дод.

Бобохон Абдураҳмонов, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки барои табобати беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ акнун ҳама шароитҳо мерасанд.

Ҳамарӯза безараргардонии кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст. Муҳаммадҷон, як сокини шаҳри Кӯлоб  дар сӯҳбат бо Пайк иброз дошт, ки баъди табдили шаҳрдори Кӯлоб барои аввалин бор аст, ки дар шаҳр бӯйи маҳлули хлор ба машом мерасад. Қаблан ҳам безараргардонӣ мушоҳида мешуд, аммо бӯйи хлор эҳсос намешуд.

Вализода Қодир, иҷрокунандаи мақоми раиси шаҳри Кӯлоб дар як сӯҳбати телефонӣ ба «Пайк» иттилоъ дод, ки ба тозагӣ 7 тонна маҳлули ба меъёр мувофиқи хлори моеъ дастрас карда вориди шаҳр гардонидем ва бо ҳамин маводи зарурӣ тавассути мошинҳои махсус кӯчаҳоро безарар гардонида истодаем.

                   А. Иброҳим