- Тандурустӣ

ТЕМУРМАЛИК, камбудиҳо зиёду сартабиб баҳонаҷӯ

   Зимни як сафари хизматӣ 16- апрел бо супориши редаксия ба ноҳияи Темурмалики минтақаи Кӯлоб сафар доштем. Дар қатори дигар идораву муассисаҳо мақсади асосӣ шоҳид шудан аз вазъи Беморхонаи марказии ноҳия буд. Вақте пайи суроғи сардухтур шудем, ӯро дар утоқи корӣ наёфта будем ва Азиззода Орзубек нафари мадди назар тариқи телефон дар суҳбати кӯтоҳ зикр кард, ки бо сабаби даргузашти як нафари наздикаш дар беморхона нест ва ба ҷойи худ метавонад нафареро вобаста кунаду моро аз вазъу шароити бемористон ошно намояд. Он масъул Қурбон Амриддинов, ҷонишини сартабиби беморхона оид ба корҳои оморӣ буд, ки ба ҷойи сардухтур бо мо ҳамсӯҳбат шуд.

   Қурбон Амриддинов он вақт ҳам аз омодагиҳо ва ҳам аз камбудии ҷории беморхона ба мо иттилоъ дода буд. Аз ҷумла мавсуф гуфта буд, ки «Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик аз моҳи марти соли 1988 ба фаъолият пардохта, аз аз ҳафт шуъба иборат аст. Дар беморхона 46 нафар духтурони маълумоти олидор фаъолият мебаранд. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ (коронавирус) дар 4 шуъба барои қабули беморон 80 кат дар ҳолати омодабошӣ қарор дорад. Аз рӯи қарори №600 хлор, ниқоб, бахилак ва дигар лавозимот харидорӣ кардем. Дар мо таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ намерасад, ҳамагӣ дар шӯъбаи эҳё як адад дорем ва он кифяткунанда нест.»

Магар айб нест, ки дар шуъбаи таваллуди беморхона як кювез мавҷуд набошад

   Вақте аз норасоиҳо пурсидем, манбаъ изҳори нигаронӣ аз он дошт, ки «дар шӯъбаи таваллудхонаи беморхона ҳатто як адад кювез (шишаи махсусе, ки бо истифода аз оксиген дар он кӯдакони норасида нигоҳ дошта мешавад) мавҷуд нест. Агар як адад аз ин шиша мебуд, кор хуб пеш мерафт.»

   Вақте сабаби мавҷуд набудани чунин шишаро пурсон шудем, Амриддинов гуфт, сабаби онро сардухтур медонаду ман танҳо ба додани оморҳо сару кор дорам. Аҷиб, чаро то ин маддат дар беморхона ба як адад шишаи махсуси барои кӯдакони норасида ё худ кювез дастрасӣ надоранд, ё заноне, ки тифли норасида таваллуд мешавад чӣ гуна инкишоф меёбанд, магар ҳаёташон дар хатар нест? Норасоии кювез мушкили ягона дар беморхонаи фавқ нест, поёнтар бихонед, мушкилиҳои дигар кадоманд.

Сартабиб чиро пинҳон кардан мехоҳад, камбудӣ ё бемасъулиятиро?

   Ҳангоме, ки ин масъул ба масъалаҳои молиявӣ рабт ё тасаввур надоштани худро арз мекард, суолҳо бобати маблағҳои даромаду сарфшуда дар беморхона бепосух монданд. Чун сартабиб дар бемористон набуд, ин масъаларо ба вақти дигар гузоштем. Иттифоқо бо супориши редаксия пайи мавзуъ шуда, ин бор бо Азиззода Орзубек, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик рӯзи 6-июн (соати 10:52)бо телефони ҳамроҳ дар тамос шудем. Мавсуф дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки 80 кат омода кардаем, ҳамагӣ як фавт дорем, аксарияти беморон гирифтори роҳи шадиди нафасанд. Ба табибон либосҳо мерасанд, хлору дигар маводҳо бароямон дастрас аст» ва вақте, ки аз шумораи дақиқи беморони гирифтори коронавирус ё Covid-19 суол кардам, сардухтур гуфт, ки дар масъалае бо вазир телетамос дораму дертар ба шумо занг мезанам. Сартабиб ваъда доду дертар занг назад. Барои дастрас кардани маълум дар он фикр, ки сартабиб кори зиёд дораду шояд фаромӯш ҳам кардааст, дигарбора тамос гирифтам. Ин дафъа ҳам Азиззода (соати 17:11) ваъда кард, ки рӯзи душанбе, ки ба 8-уми июн рост меомад, ҳатман тамос мегирад ва ҳамсӯҳбат мегардад. Рӯзи душанбе вақте саҳар (соати 10:29) ба ӯ занг задам, мавсуф боз ҳамон ваъдаю бемасъулиятиашро зоҳир сохта гуфт, ки «дар як қишлоқе «падборни абход» дорем, телефонатро ҳамроҳат бигир вақте ҷойи кор рафтам соати ду занг мезанам». Ҳамин сухан охирин ваъдаи сардухтар буд. Бояд гуфт, ки ҳамаи зангҳо тариқи як тамос гирифта шуда, сабтҳо дар дастам маҳфуз аст. Ҳамин шабу рӯз дар беморхонаи марказии Темурмалик чӣ мегузашта бошад, ки сардухтур ин қадар серкору серташвиш аст, аз додани маълумот ба журналистон, ки ҳаққи қонунии ӯст, бо баҳона сарпечӣ мекунад.

Дастгоҳи рентгенӣ вайрон аст, маблағ намерасад ё ташаббус?

   Мушкили дигаре, ки бегумон садгузори роҳи хизматрасонии тиббӣ аст, ин норасоӣ ё дар ҳолати вайронӣ қарор доштани дастгоҳи калони рентгенӣ дар беморхонаи ноҳияи Темурмалик буд. Вақте ҷӯёи дастгоҳи рентгенӣ шудем, ба мо гуфтанд, ки рентгени калон вайрон асту танҳо дастгоҳи рентгени партативӣ фаъол аст.

   Қурбон Амриддинов дар ин маврид гуфта буд, ки «Як дона рентгени партативӣ (рентгени сайёре, ки имкон аст, ба ҳар шуъба барем) дорем. Рентгени калонамон аз сабаби таҷҳизоти кӯҳна будан вайрон аст». Саволи матраҳ ин аст, Азиззода ба ҳайси сардухтур ба куҷо менигарад, оё бартараф кардани камбудиҳо ва беҳ сохтани сифати хизматрасонӣ вазифаи ӯ нест?! Ё худи ӯ зӯр аст, ё тағояш ки бепарво мегардад.

Мошини вайронаи ёрии таъҷилӣ ҳам дарди сар

   Норасоии мошини ёрии таъҷилӣ як паҳлуи дигари камбудиҳои мавҷуда дар беморхонаи болозикр аст. Аз ду мошини ёрии таъҷилӣ яке вайрон буда, танҳо як адади он дар хизмати мардум аст. Дар ин бора хостем бифаҳмем, ки бо ин як мошини ёрии таъъҷилӣ ба чӣ қадар аҳолии маркази ноҳия ва деҳаҳои гирду атрофи он хизмати тиббӣ мерасонанд. Лекин бо сабаби маълум сардухтурро телефонӣ пайдо накардем.     

   Тавре масъулин гуфтанд, дар маркази ноҳия як автомашинаи ёрии таъҷилӣ, ки бо кумаки башардӯстонаи давлати Ҳиндӯстон ба мо чун тӯҳфа дода шудааст. Як мошини ёрии таъҷилии дигар корношоям аст ва ин як адад ёрии таъҷилӣ кифояткунанда нест. Ин мушкил дар чашми сардухтур Азиззода Орзубек ва умуман роҳбарияти ноҳия намоён нест?

   Хулоса, камбудиҳо як тараф, ҷустуҷӯи сартабиб тарафи дигар, пас корро кӣ пеш мебарад ва камбудиҳо кай роҳи ҳалли худро меёбанд. Аз ин камбудиҳо пеш аз ҳама бояд сардухтур азоби виҷдон бикашад, зеро бурду бохти беморхона бар дӯши ӯ аст.

Худойдоди Ислом