- Кишоварзӣ

Соҳаи моҳипарварӣ, таваҷҷӯҳ танҳо барои ҳисобот додан асту халос?

   Соҳаи моҳипарварӣ, ки зери таваҷҷӯҳи ҳукумати кишвар қарор дорад, ҳамасола бо дастгирии барномаю лоиҳаҳои давлатӣ дар даҳҳо гектар замин хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил карда мешавад. Мақомот дар минтақаҳои барои парвариши моҳӣ мутобиқ ҳисобот медиҳанд, ки ҳар сол шумораи Хоҷагиҳои моҳипарвариро зиёд карда истодаанду ин соҳа рушд кардааст. Дар навоҳӣ ҳоло ҳам ин соҳаи даромаднок ва  ҳам василаи асосии таъмини гӯшти парҳезӣ ба дастгирӣ ва рушд ниёз дорад, зеро ин соҳаро наметавон куркурона назорат карду танҳо ба омор такя кард.

   Рӯзи 5-май зимни як сафари хизматӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки яке аз ноҳияҳои моҳипарвар дар минтақаи Кӯлоб маҳсуб меёбад, мақсад гузоштем аз ин соҳа дар ноҳия дидан намоем. Сараввал ба бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кардем. Дар он ҷо ба мо гуфтанд, ки Орифзода Маҳдӣ сардори Раёсати кишоварзӣ дар ноҳия бо сабабҳои маълум бемор аст. Сипос ба масъулини калидии ноҳия, ки новобаста аз ғойибии масъули номзикр як масъули дигарро муваззаф карданд, то бо мо ҳамсуҳбат гардад. Ба ин тариқ мақсади мо ҳам барбод нарафт.

   Зоиршоҳ Шайдуллоев, мутахассис оид ба соҳаи зироатпарварии Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҳамадонӣ ба «Пайк» иттилоъ дод, ки «дар ноҳия шаш хоҷагии моҳипарварӣ мавҷуд буда, як ададаш дар марҳилаи оғози фаъолият қарор дошта, боқимонда фаъолият карда истодаанд. Дар ин хоҷагиҳо ҳоло ҶСК Моҳипарварии «Ҳамадон», бо 4,57 га масоҳат, ҳаҷми истеҳсол 4,5 тонна, Хоҷагии моҳипарварии «Шодиҷон» масоҳат 6 га, истеҳсол 5 тонна, Х/Д «Фазлиддини Парвиз», масоҳат 7,5 га, ҳаҷми истеҳсол 7,5 тонна, Х/Д «Шаҳбози Амрулло», масоҳат 0,2 га, ҳаҷми истеҳсол 0,3 тонна ва Х/Д «Моҳипарвар» бо масоҳати 2,6 га ва ҳаҷми истеҳсоли 0, т ба нигоҳубин ва истеҳсоли гӯшти моҳӣ машғуланд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 6 ҳазор моҳича дар хоҷагиҳои номзикр парвариш меёбанд.»

Мутахассис нест, моҳипарварӣ чӣ гуна рушд меёбад?

   Бо чанд суоле, ки ба мусоҳиб бобати рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия додем, маълум шуд, ки ӯ тасаввуроти кофӣ надоштааст. Яке аз суолҳо ин буд, ки дар ин парваришгоҳҳо кадом намуди моҳиҳо парвариш меёбанду маҳсулоти тайёр чанд фоизи талаботи ноҳиядориро фаро мегирад, мутахассис гуфт, ки«ман мутахассиси соҳаи мадди назар нестам ва то як моҳ пеш дар шуъба мутахассиси соҳаи чорводорӣ, ки асосан ба соҳаи моҳипарварӣ сару кор мегирад, набуд ва танҳо як моҳ мешавад як нафарро ба ин вазифа таъйин карданд.»

   Вазифаи ҷонии Раёсати кишоварзӣ дар бахшҳои мухталифи хоҷагидорӣ ҳамкории доимӣ доштан бо деҳқонону кишварзон, минҷумла моҳипарварон аст. Мебояд дар ин гуна раёсатҳо нафароне ба кор ҷалб шаванд, ки агар ҳирфаӣ ҳам набошанд, дастикам кадри хуби кори худ бошанд. Вазифаи дигари мутахассисон тавсияи муфид додан ва омӯзондани роҳҳои самараноки соҳаи кизоварзӣ аст.

   Вақти мусоҳиба суолҳо зиёд пайдо шуданд ва дигарбора суол додам, ки дар сурати набудани мутахассис чӣ гуна соҳаи моҳипарварӣ рушд меёбаду онро назорат мекунед? Зоҳиршоҳ Сайдуллоев гуфт, ки онҳо ба мо маълумоташонро пешниҳод мекунанд.          

   Аз ин бар меояд, ки соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия ба ҳоли худ буда, ҳама пешравию рушди он дар ҳисоботу омрҳо нуҳуфтаанд. Яъне хоҷагидорон ҳар рақаме, ки даҳонашон ғунҷад, хоҳ рост асту хоҳ дурӯғ масъулин навишта месозанду дар ҳисоботҳо зам мекунанд. Пешравии ҳар соҳа аз мутахассиси хуб доштани он вобаста аст, зеро кадри хубу соҳибмалака бо истифода аз донишу роҳу усулҳои нави ҷории илми соҳаро пеш мебарад ва барои рушди он кӯшишу талош меварзад. Аммо войи он соҳае, ки мутахассис ё кадри хуб надорад. Агар, ки ноҳиядоро имкон надошта бошанд, ки ҳамагӣ як мутахассисро бобастаи ин соҳа кунанду аз бурду бохти он бохабар бошаду чун дар боло гуфтем, тавсияҳои муфид бидиҳад, пас ин соҳа дар ноҳия на рушд ёфтаасту на ётфа метавонад. Суоли матраҳ ҳам ҳамин аст, ки бо ин равиши кор, яъне адамии мутахассиси соҳаи моҳипарварӣ то кай метавон кор кард ва то кадом андоза дар ноҳияи Ҳамадонӣ парвариши навъҳои гуногун ва сергӯшти моҳӣ рӯи кор меояд?

P.S

   Ҳар боре, ки аз камбудии мавҷудае дар ноҳия маводе нашр мекунам, вақте бо раиси ноҳия рӯ ба рӯ мешавам, ҳатман як эрод не як эрод мегирад, ки бояд дар мақолаат фалон чизро ишора мекардиву дигару дигар. Зеро ин кор хоси аксари роҳбарон асту аз ин хафа нестам. Ку бубинем раиси муҳтарам ин дафъа чӣ эрод мегирифта бошад? Дар ҳоле, ки мақолаҳо аз норасоии соҳае дар ноҳияи зери роҳбарияш қарордошта ишора мекунанду ислоҳро металабанд. Ин дафъа аз камбудии соҳаи болоишора гуфтам, ҳатман рӯи ин матлаб ҳар эрод ҷой мегирад, лекин беҳтар ин аст, пеш аз эрод соҳаро рушд бахшиду камбудиро ҳал кард.

Худойдоди Ислом

armpits pads for fitness

1 комментарий на “Соҳаи моҳипарварӣ, таваҷҷӯҳ танҳо барои ҳисобот додан асту халос?

  1. Бисёр маколаи хуб. Дурустай Масъулон дар ТВ доим хисобот метан ки мохипарваримон зурай фалон тонна мохи мегирем. сокинон бо гушти мохи тамин мегардан, хамаш дуруг будаст

Комментарии закрыты.