- Тандурустӣ

КӮЛОБ: ТАМИЗКОРӢ ТАНҲО БА ХОТИРИ МУРДАҲО АСТ?

   Рӯзе нест, ки аз телевезиони маҳаллӣ дар бораи тамизкорӣ ё дезинфексияи маҳаллае барои пешгирии бемориҳои сироятӣ гузорише пахш нашавад. Масъулин мудом мегӯянд, ки барои тамизи кӯчаву маҳаллаҳо бо маводҳои лозима таъминанду барои иҷрои масъулияташон доимо омодаанд. Бадбахтона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кормандони шуъбаи дезинфексия ва профилатика бештар ба маҳаллаҳо барои тамиз кардани хонаи аз бемории коронавирус мурдаҳо ташриф меоранд.

   Рӯзи 29 май мӯйсафеди ҳамсоя аз дунё гузашту бо сабаби синну соли баҷо ҳамагон иддао доштанд, ки ӯ (равонашон шод бод) аз бемории пневмония вафот кардааст. Ба қавли як нафари наздики ин оила марҳум ҳафтае беморӣ кашида, шушҳояш сафед шуда буданд. Хуб мо ҳам намедонем, ки омили марги он нафар чист. Аммо гап сари дигар кор меравад. Вақте майитро гуронда ба макони зист, маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин баргаштем, як зани либосҳои маҳаллӣ ва як нафари дигар бо либоси муҳофизатӣ ва дар китф анҷоми дурупошӣ таги хонаи мурдадор қарор доштанд.

То ҳамсоя намурд, дезинфексиякунҳоро дар маҳалла надидем!

   Аҷиб ин буд, ки марди дорушап танҳо ҳамон қисмати даромад (подйезд)-еро безарар гардонд, ки майит онҷо зиндагӣ мекард. Вақте он масъул баромад, як зани ҳамсоя барои тамиз накардани дигар хонаҳо бо зани масъул дар муноқиша шуд. Аз гуфтаи зани масъул танҳо ҳаминро шунидам, ки онҳо тибқи нақша кор мекардаанд. Баъди ин дорушап шармшиканона моеъи безараргардонии боқимондаро лаб-лаби ҷӯйбор пошида, ба ҳамин аз назарҳо ғойиб гаштанд.

   Саволе посух меҷӯяд, ки чаро эшон танҳо хонаи мурдадорро тамиз карданду дигар хонаҳоро не?!

   Сафаров Баҳодур директории Муассисаи давлатии дезинфексия ва профилактикаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 30 май тариқи тамоси телефонӣ ба «Пайк» иттилоъ дод, ки: «Мувофиқи қойда ва нақшаи «АЧАГ»- (безарар гардондани хонаи нафаре, ки аз бемории сироятӣ ё ба истилоҳ Covid-19 дар манзилаш фавтидааст) мо бояд хона ва падйезди нафаре, ки аз вируси сироятӣ дар хона фавтидааст, дезинфексия кунем, зеро даромаду баромад онҷо зиёд аст. Аз рӯи нақша тамоми баландошиёнаҳоро тамиз мекунем. Ҳозир мо тамизкорӣ карда истодаем. Мо имкон наёфта истодаем то ҳамаи баландошиёнаҳоро ба якборагӣ дезинфексия кунем.»

   Аз сари вақт тамиз накардани баландошиёнаҳо аз ҷониби масъулин, сокинон худ бобати солимиашон тадбирандешӣ карда, маҳлули безарраргардонӣ ва дастгоҳи дорупошӣ харида, макони буду боши худро (манзурам боз ҳамон падйезд ҳаст) дезинфексия мекунанд. Аммо боз ҳам нуқтаи нигаронкунанда ин аст, ки чаро масъулони болоишора дигар хонаҳоро тамизкорӣ накарданд. Дар ҳоле, ки аз сабаби ба ҷаноза рафтан дигар ҳамсояҳо ҳам зери шубҳа қарор доранд. Гумони ғолиб ин аст, ки масъулини Муассисаи давлатии дезинфексия ва профилактика шояд имкони пурраи безараргардоониро надошта бошанд, ё дигар сабаб?

   -«Барои тамизкории кӯчаву маҳаллаҳо либосҳои корӣ, маводи безарраргардонӣ ва дастгоҳи тамизкорӣ мерасад. Мо 19 воҳиди корӣ дорем, ки аз онҳо 8 дезинфектор ва як дезинструктор фаъолият бурда истодаанд.»- илова намуд, мусоҳиби мо Баҳодур Сафаров.

   Аз эълони вуҷуди бемории сироятии ҳамагир дар кишвар, яъне 30 апрел то имрӯз без аз як моҳ пур гардид, лекин то ҳол баландошиёнаҳо тамизкорӣ нашудаанд. Аз ҷумла хонае, ки мо ҳам дар он зиндагӣ мекунем. Ҳамон ҷаноза сабаб шуд, ки вуҷуди кормандони тамизкунандаро дар маҳалла дидем, шояд дар дигар ҳолат тамоман ба маҳалла намеомаданд.

P.S

Пас аз тамоси телефонӣ бо директори Муассисаи давлатии дезинфексия ва профилактикаи шаҳр аз маҳалла занг заданд, ки як нафар бо либоси махсус ва дастгоҳи дорупошӣ маҳалларо тамиз кард.

Худойдоди Ислом