- Без рубрики, Тандурустӣ

Хушхабар: Дар Восеъ як нафар бемори Коронавирус монд!

Моҳе қабл Беморхонаи минтақавии №5 — и деҳоти Охҷар, ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалӣ ноҳия Восеъ барои гирифторони бемории «Коронавирус» зиёда аз 80 кат омода буд. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида айни замон дар ноҳияи мазкур зиёда аз 240 ҳазор аҳолӣ ба сар мебаранд. Баъд аз тасдиқи коронавируси навӣ COVID-19 дар ҷумҳурӣ, баъзе табибони тарсӯ тарки мансабу вазифа карда, худро дар хонаҳояшон карантин карданд ва ин амали онҳо на танҳо хиёнат ба касб, балки ба миллат аст. Хушбахтона, зиёданд табибоне, ки саломатии ҷомеаро аз худ афзалтар шумурда, пайи хидмат ба аҳолӣ шабонарӯзӣ хоб накарда, беморонро муолиҷа менамоянд. Инчунин, пизишкони Беморхонаи Марказии ноҳияи Восеъ ва Маркази саломатии ноҳияи мазкур зиёда аз як моҳ буд, ки дар Беморхонаи минтақавии №5- и деҳаи Охҷар пайи муолиҷаи гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар мубориза буданд. Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи Марказии ноҳия дар Беморхонаи номбурда зиёда аз 90 нафар мубталоёни бемории илтиҳоби шуш ва аксариати дигар бо нишонаҳои монанд ба коронавирус бистарӣ буданд. То рӯзи 2- июни соли ҷорӣ ҳама беморон шифо ёфта, аз Беморхона мураххас шуданд. Ҳамзамон, як нафар бемор бистарӣ аст, ки масъулин вазъи ӯро хуб арзёбӣ намуда, кунун зери назорати пизишкон қарор дорад.

«Чанд моҳ пеш мо Беморхонаи минтақавии №-5 деҳоти Охҷарро барои гумонбарони Коронавирус омода карда будем. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, Беморхонаҳои ноҳия бо доруҳои зиддивирусӣ ва маводҳои безараргадонӣ таъмин шуданд. Бояд зикр кард, ки дар ин самт соҳибкорони ноҳия бетараф набуда, кӯмаки молӣ ва доруворӣ низ расониданд. То  2- июн зиёда аз 90 нафар бо оризаҳои бемории илтиҳоби шуш ва нишонаҳои монанд ба «Коронавирус» дар Беморхонаи мазкур бистарӣ буданд. Баъди шифо ёфтан оҳноро ба хонаҳояшон ҷавоб додем. Феълан як нафар дар Беморхона бистарӣ мебошад, ки саломатиаш хуб  буда, зери назорати табибон қарор дорад. Мо табибон сайъу талоши худро дар ин шабу рӯз ба он равона мекунем, ки  ба халқу миллати хеш хидмат намоем», — афзуд Сарахон Иброҳимзода, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ.