- Иқтисод

Лавозимоти хонаро аз даст додем

Шоми 21-уми март тақрибан соатҳои ҳафти шом дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти “Садриддин Айнӣ”-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар пайи боришоти шадиди борон сел фаромада, вориди хонаҳои сокинон шудааст. Сокинон мегӯянд, ки дар натиҷаи омадани сел маводи хӯрока, ашёи рӯзгор ва ҳатто мошинҳояшонро шӯстааст, ки ҳоло ба тоза кардани обу гили дохили хонаҳояшон машғуланд.

Нигина Ҳазратқулова, сокини деҳаи Ҳалқаҷар дар сўҳбат ба ҳафтаномаи “Пайк” гуфт, ки чанд дақиқа пеш аз омадани сел телефонӣ ба онҳо хабар доданд, ки бояд аз хонаашон берун шаванд ва ба ҷойи амнтар бираванд. Онҳо бо мошин аз деҳа берун шуданд, баъди анҷоми воқеа ба хона баргаштанд ва диданд, ки чанде аз анбор ва дигар хонаҳое, ки маводи хурока захира буданд, чаппа шудаанд.

“Ҳоло дар хона хӯрока надорем, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар лавозимоти хонаро аз даст додем. Дохили хонаҳо пур аз обу лой, хешу табор омада кӯмак карда истодаанд.” Гуфт, Ҳазратқулова.

Қодирқул Шарипов, аз хатари омадани сел нигарон аст, зеро қисми деворҳои гирду атрофи хонаро чаппа карда, вуруди хонаҳо шудааст, ки курпаю болишт ва дигар лавозимоти хонаро хароб кардааст. Ба гуфти Шарипов қаблан чунин офати табиие, ки ҳолати аксар хонаҳои сокинонро хароб кардааст, нашуда буд. Мақомот аз аҳволашон бо хабар шудааст ва умед доранд, ки барояшон кӯмак хоҳанд кард.

“Солҳои пеш сел каму беш меомад, вале ба мардум зарар намерасонд. Ҳаҷми зарари дидаамон маълум нест, вале мошине, ки дар ҳавлї буд, аз поёни кӯча шикаста пайдоаш кардем. Ҳамин худаш зарари калон аст, ҳоло лавозимоти хона беҳисоб.” Бо дард ёдовар шуд, Қодирқул.

Омадани сел дар деҳаи Ҳалқаҷар ҷони Мирзоқул Раҳмонқулови 59- соларо, ки баъди хондани намози шом ба хона меомад рабуд. Сокинон ҷасади ӯро аз миёни хоку гил пайдо карда, ба хок супурданд.

Зарифа Ҳаётова, сокини дигаре аз деҳаи мазкур аст, ки аз даҳшати омадани сел бо мушкилӣ ҳарф мезанад. Мегӯяд аз омадани сел хабар надоштанд, аҳли хонавода бо фарзандон дохили хона буданд, қариб буд, ки бимиранд. “Дари хона пӯшида буд, тирезаҳо бошад килёнкақати маҳкам буданд, вагарна даруни хона зери обу гил монда мемурдем. Шавҳарам дар хона набуд, ӯ омада моро наҷот дод. Ҳоло чизе дар хона намондааст, ҳама чиро сел бурдааст.”

Муродҷон Муҳиддинов, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон, сар задани офати табиии деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросонро ба ҳафтаномаи “Пайк” тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо зарари воридшударо муайян мекунанд, ҳоло дар ҷои ҳодиса бо мардум кор карда, 760 нафар сокини деҳаро ба ҷойҳои бехатар кӯчонидаанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти ноҳияи Хуросон низ мегӯяд, ки аз вақти сар задани сел хабардор шуда, баҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Вале ҳоло шумораи хонаҳои зарардида ва хисороти сел муайян нашудааст. Аммо мушоҳида ва аксҳои бардоштаи мо собит месозанд, ки дару деворҳои хонаҳои мардум қисман хароб гардида, мошин ва хӯрокаи онҳо зери лой монда, қисми дигарашро бошад сел бурдааст.

Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи вилояти Хатлон тасдиқ кард, ки шоми 21-уми март дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти “Садриддин Айнӣ”-и ноҳияи Хуросон сел омада, дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расид.

Тибқи гузоришҳои расмӣ дар вилояти Хатлон, ҷануби Тоқикистон беш аз 400 минтақаи хавфнок ҳаст, ки дар сурати зиёд шудани борон омадани сел ва лағжиши кӯҳҳо аз эҳтимол дур нест.

Амонҷон Муҳиддинов,

махсус барои “Пайк”