- Иқтисод

ФИРЕБЯРМАРКА ДАР ХУҶАНД

Аз ҳафтаи аввали моҳи март дар маркази шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши молу маҳсулоти ниёзи мардум ташкил шуд. “Кӯзаи навро обаш хунук” гуфтагӣ барин аввали кор нархҳо нисбат ба бозор тақрибан 30% арзон буд. Зеро аз харидору фурӯшанда зиёд кормандони ҳукумату мақомот дар ярмарка намудор буданд. Шумораи бештари фурӯшандагон, ки деҳқон ҳастанд аз дидани галстуку айнаки  онҳо тарсида молу маҳсулоти бо ҳазор азоб ба марказ овардаи худро бо нархи ночиз мефурӯхтанду мерафтанд. Аммо баробари “танҳо” монда онҳо низ ҷасорат пайдо карда, “аз соҳибкорони бозор чи камӣ дорем?” гӯён мисли ҳаннотон нархро ба осмон бардоштанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки санаҳои 5-6-уми март шахсан раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф   Муҳаммадзода иштирок карда, ба соҳибкорон фаҳмониданд, ки ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои сарвари кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуда истодааст. Баргузории ин гуна ярмаркаҳо ба хотири бо нархи арзон дастрас кардани молу маҳсулоти ниёзи аввал ба шаҳрвандон аст. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар рафти баргузории ярмарка  таъкид кард, ки хубии ярмарка дар он аст, ки ҳам деҳќон моли худро ба фурӯш мебарорад ва ҳам шаҳрванд арзон харидорӣ мекунад. Аммо чї мегӯед, ки баъди рафтани раиси вилоят, ки шояд ҳоло ба бинои ҳукумат рафта нарасида буд, нархи ярмарка ба нархи бозор баробар шуд.

Ҳоло ҳар маҳсулоте, ки дар ярмарка ҳаст баробари бозор нарх дорад, ҳатто тухм баръакси бозор 25 дирам қимат гашт. Гӯшт, ки дар нархнома 38 сомонӣ навишта шудааст танҳо дар қоғаз аст. Дина вақте аз фурӯшандааш пурсидам, гуфт гӯшти 38-сомонӣ нест, адо шуд. Яъне бисёре аз навиштаҷот ҳам дар бозҳор ва ҳам дар ярмарка танҳо барои ҷалби харидор ва “худсафедкунӣ” аст.

Нархҳои “паррончак”

 Зимистони дароз мардум “пуфу туфкунон” фасли баҳорро интизор шуданд. Аммо бо иллату баҳонаи Коронавирус баҳор чун ҳарсола бо шодию хотирҷамъӣ не, балки бо ғаму хотирпарешонӣ фаро расид.  Якум моҳи фасли баҳор бо воҳимаи харидорону фоидаҳои соҳибкорон қариб ба Наврӯз расид.  Аз вазни худ зиёд бору коло кашондани сокинонро дар бозорҳо дида байти “Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад”-и Лоиқ ба ёд мерасад.

Аммо чи илоҷ? Теливизионҳои давлатию маҳаллӣ 24 соат аз Коронавирус мегӯянд ва ваҳшату тарси мардум дучанд  мешавад, ки “қиёмат қоим шуда истодааст”.  Ин тарс мардумро водор мекунад, ки на танҳо охирон пули хонаро сарф карда хӯрокворӣ захира кунанд,балки қарзу қавола ҳам кунанд.

Аз моҳи март боз рӯз то рӯз нархҳо боло мераваду кори сохторе барои пешгирии он кори назаррас нест. Албатта моҳи март як бор дасту остин барзада, миёни халқ баромаданду гўё корбарӣ карданд. Аммо бо ҳамин гӯё “корҳо ҳал шуд”  аз кормандони ҳукумат то масъулини мақомоти милитсия ҳама аз пайи кори худ шуданд. Шояд  “халқ ба тақдираш тан дод” гуфта аз баҳри корбарӣ ҳам гузаштанд?.Зеро воҳимаи Коронавирус, наздикшавии иду айём ва баста шудани роҳҳо се “сабаб”-и асосӣ ҳаст-ку! Боз чиро фаҳмонанд ба халқ?

Вақте нархи як бандча испанд, ки пештар 1 сомонӣ буд ба 5 сомонӣ расид, пас  боқимонда нарху наворо “ту напурсу ман нагӯям”.

Гӯшти устухондор ё устухони гӯштдор?

Баҳси болоравии нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштї  қариб як сол боз расонаӣ шудааст ва он ҳам мисли орду равған фурӯшандагони худро миллионер карда истодааст. Зеро ба гуфти қассобон “гӯштхарӣ маҷбурӣ нест!”. Дар ин шабу рӯзҳо, ки тамоми мардуми кишвар аз болоравии бесобиқаи нарху орд ва равғану картошка мегӯянду менависанд, ҳоҷат ба такрори онҳо нест. Аммо гӯштро аз рӯйхати маҳсулоти ниёзи аввал хат зада намешавад. Зеро мо халқи меҳмоннавоз меҳмононро бе хӯроки гӯштӣ пешвозу гусел намекунем. Барои худ набошад ҳам, барои онҳо мехарем. Санаи 19-20 март вақте ба бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд рафтам ид наздик гуфта мардум мурчавор дар бозор мегаштанд. Мисли даруни автобусҳои деринтизори ин шаҳр кас аз серодамии бозор нафастанг мешуд. Аммо нархҳои осмонбӯс нафаси тангро тангтар мекард. Ба растаи гӯштфурӯшон рафтам. Дидам, ки як кг гӯшти устухондор 45 сомонӣ. Вақте харидам ва ба хона овардам дидам, ки гӯшти устухондор не, балки устухони гӯштдор буд.

Дар маълумотномае, ки оид ба фурӯши чаканаи маводи хӯрока дар бозори  “Панҷшанбе”-и Иттифоқи матлубот дар шаҳри Хуҷанд дастрас кардем нархи як кг гӯшти гов 45-48 сомонӣ нишод дода  шудааст. Аммо ба гуфти раҳматии бибиям “корафтода шавӣ баъд ҳақиқатро мефаҳмӣ”.

Аммо саволи мутлақ ин аст: Модоме, ки нархи маҳсулот дар ярмарка баробар ба нархи бозор аст, ин саҳнасозӣ барои кист ё барои чист? Худамонро фиреб медиҳем ё “атрофиёнамонро”?

Алӣ Хатлонӣ