- Иқтисод

СЕЛ КУШОНИЁНРО ТАҲДИД МЕКУНАД

Бо фаро расидани фасли Баҳор, ки боришот зиёд мешавад, садҳо сокини деҳаи “Дӯстӣ”- и ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, хусусан онҳое, ки дар канори рӯдхонаи калони Вахш зиндагӣ мекунанд, сахт метарсанд, ки боронҳои сел сатҳи рӯдхонаро боло мебарад ва хонаҳояшонро шуста хароб мекунад. Мушкили шуста вайрон кардани хонаҳои истиқоматӣ қаблан шуда буд, ки ҳоло сокинон дар баҳори имсола низ бим доранд.

Асомиддин Садиров, аз зарардидагони соҳили дарёи Вахш дар деҳаи Дӯстӣ мебошад, ки баъди ду соли зиндагӣ дар хонаи навбунёдаш оби дарё баланд шуда, хонаи онҳоро шустааст. Ӯ мегӯяд хонаро бо пули муҳоҷирати меҳнатӣ, ки ҳудуди 10 – соли ахир ба Русия меравад, сохта буд, ҳоло ба хонаи нимвайронааш нигариста, аз азобҳои кашидааш ёд мекунад. Ин мушкил чанд сол аст, ки онҳоро азоб медиҳад.

“5 фарзанд дорам, ҳамаи онҳо хонандаи мактаб ҳастанд. Як худам танҳо кор мекунам, шароит вазнин аст. Беш аз 10 ҳазор сомонӣ дар ҳамин хонаи обшуста сарф карда будам. Мисли ман чанд ҳамсояи дигар низ хона сохт, аммо зиёд зиндагӣ накард. Ҳоло дар ҷойи дигар хона сохтаам, ки онҷо ҳам як каме тарс дорем.” Гуфт, Асомиддин Садиров.

Рухсораи Каримзод, зане аз ҳамсоядеҳаи Сари Ҳавз аст, ки мегӯяд хонааш аз дарё тақрибан 10 метр наздик мондааст. Ӯ дар сўҳбат ба ҳафтаномаи “Пайк” гуфт, ки мақомот барояш замин доданд, вале пул барои хариди шиферу тахта надорад, ки харидорӣ кунад ва хонаашро бисозад. Хешовандонаш то ҳаде барояш кӯмак кардаанд, вале аз набуди шароит то ҳол дар макони хатарнок зиндагӣ дорад.

“Ман як зани танҳо ҳастам, дар хона духтари маъюб ва модари пир дорам. Шароити зиндагиам хуб нест, тавони сохтани хонаро надорам. Бо тарс дар инҷо зиндагӣ дорем, илоҷи дигар надорем.” Бо дард мегӯяд, Каримзода.

Дар 10 соли ахир туғёни Вахш даҳҳо гектор замини кишт ва танҳо дар деҳаи Дӯстӣ 80 хонаро хароб кардааст. Мақомот мегӯяд ба чанд сокине, ки хонаҳояшон зери хатаранд, аз дигар ҷой замин ва кӯмакпулӣ додаанд. Шариф Сафарзода муовини раиси ноҳияи Кушониён гуфт, ки ба аксари он сокинон дар ҷои дигар замин доданд, вале қисме аз онҳо бошад дар хонаҳои худ истоданд. “ Мо бори дигар аз шароити онҳо дидан мекунем, агар хеле зарурат дошта бошанд мо барои таъмини ҷой мушкил надорем.” Зикр дошт, Шарифзода.

Ба гуфти сокинон солҳои қаблӣ тариқи ҳашар ва кӯмаки мақомот соҳили дарёро мустаҳкам мекарданд, ки ба сокинон зарар нарасонад. Аммо солҳои ахир бо далели камтаваҷуҳии мақомоти марбута, кори соҳилбандї анҷом наёфт ва боиси вайрон кардани қисме аз хонаҳо ва қабристони деҳа гардид.

Бо расидан ба деҳаи Дӯстӣ сокинони зиёд ҷамъ омаданд ва ҳар нафаре мехост аз мушкилоти ҷойдошта шикоят кунад. Чун мушкил чанд сол аст, ки дунболагирашон кардааст.

Сайдмурод Одинаев, сокини дигари деҳаи Дӯстии ноҳияи Кушониён аст, ки мегӯяд беш аз 25-30 метри қабристони деҳаро об шуста бурдааст.

“Ҳар субҳ ба деҳа хабар мерасид, ки як ё ду қабр шуста шудааст, омада ҷасадҳоро дар ҷойи дигар ва аз нав гур мекардем. Дар қабати қабристон заминҳои президентиро, ки ба сокинон дода буданд, об шуста бурд. Борҳо муроҷиат кардем, вале то ҳол нисбати ин заминҳо чора надиданд.” Гуфт, Сайдмурод Одинаев.

Ба нақли истиқоматкунадагони деҳаи Дӯстӣ хатари баланд гардидани туғёни Вахш танҳо дар фасли Баҳор нест, балки тобистон низ зарари худро мерасонад. Шарбат Худоидодов ба ҳафтаномаи мардумии “Пайк” чунин гуфт: “Тобистон моҳҳои июн-июл обхезӣ зиёд мешавад, тақрибан як моҳ давом мекунад. Барои кӯдакон, ки дар назди дарё гашту гузар мекунанд, хатарнок аст.”

Дар деҳаи Дӯстӣ тақрибан 1400 оила ба сар мебарад, ки дар фасли баҳору тобистон, чун сатҳи об боло меравад, хатари шуста шудани хонаҳо низ зиёд мешавад.

Ба гуфти масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон аз хатар ва мушкили ин деҳа ҳамаи ниҳодҳо огоҳанд. Сулаймон Исозода, масъули кумита аз рафти соҳилмаҳкамкунї дар деҳаҳои наздисоҳилӣ чунин гуфт: “Дар деҳаҳои Бохтариён, Сарипул ва Сари ҳавзи ноҳияи Кушониён ва дар деҳаи Пасириқи ноҳияи Дӯстӣ соҳилмустаҳкамкунӣ тариқи ҳашар анҷом дода шуд. Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодда 5 мошини боркаш сафарбар намуд, беш аз 100 мошид сангу шағал бурда, дар соҳил рехтанд ва хатарро бартараф карданд.” Ироа кард, Сулаймон Исозода.

Бояд гуфт, ки мисли деҳаи Дӯстӣ дар ҷануби Тоҷикистон 400 ҷойи хатарноки дигар ҳаст. Бисёре аз онҳо ҳам бо фаро расидани фасли баҳор ва оғози кори саҳро хурсанд мешаванд, вале аз он метарсанд, ки мабодо туғёни Вахш ба самти хонаҳои онҳо ҳаракат накунад.

                                        Орзуи Карим, барои “Пайк”