- Иҷтимоъ

Бунёди коргоҳи дузандагӣ дар ноҳияи А.Ҷомӣ

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва адрасбофии “Сомон” барои 30 нафар ҷои корӣ, бо маблағи 450 ҳазор сомонӣ бо иштироки Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ таъкид намуданд, ки корхона бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.  Корҳои сохтмонӣ моҳи ноябри соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маблағи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ шурӯъ гардида, дар фурсати кӯтоҳ бинои дуқабата бунёд гардид. Бинои мазкур бо усули меъмории замонавӣ ва истифода аз унсурҳои миллӣ сохта шудааст. 

  Тибқи иттилои дастрасшуда, айни замон дар коргоҳ 20 адад дастгоҳи дӯзандагӣ ва 10 адад дастгоҳи адрасбофӣ ташкил карда шуда, беш аз 30 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Инчунин дар коргоҳ ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, гулбаст, попурӣ ба роҳ монда шудааст.

Қурбон Ҳакимзода зикр намуданд, ки бино дорои шароити мусоид барои таъсиси то 50 ҷойи кори доимӣ барои бонувони ҳунарманду дӯзанда мебошад. Инчунин ба масъулон дастур дода шуд, ки дарсҳои амалии муассисаҳои таълимии маркази ноҳия аз фанни технология барои духтарон дар коргоҳи мазкур гузаронида шаванд. 

Раиси вилоят бунёди коргоҳи мазкурро, ки туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат аст, ба тамоми кормандон ва бонувони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ табрик гуфта, мардумро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват намуданд.

Ҳамзамон  калиди коргоҳи дӯзандагӣ ва адрасбофии “Сомон” аз номи Роҳбари давлат дар вазъияти тантанавӣ ба бонуи соҳибкор Муқаддас Султонова супорида шуд.

                                               Аҳмади Раҳим «ПАЙК»