- Иҷтимоъ

ҲАДАФИ «ПАЙК» РУШДИ ҶОМЕА АСТ

                           11 март рӯзи матбуоти тоҷик

Дар замони муосир нишондиҳандаи асосии  демократӣ будани давлат матбуоти озод доштан аст. Онҳое, ки ҳоло худро ҳомии озодии инсон ва муаллифи ҳар гуна эъломияҳои ҳуқуқи башар медонанд, сароғоз мамлакатҳоро аз матбуоти озод мепурсанду аз гендер ва ҳуқуқи инсон. Баъди ин тасмим дар бораи маблағгузориҳою инвеститсияҳои гуногун мегиранд. Яъне алалхусус мамолики ру ба тараққӣ ниёз ба доштани матбуоти озод доранд. Ва боз бояд кушиш ба харҷ дод, ки ин матбуоти озод ғаразҳои кадом бадхоҳи хориҷӣ ё дохилиро пиёда насозад.

Рисолати журналист чист?

Дар мамолики аз бисёр ҷиҳат пешрафтаи ғарб рисолати матбуот ва журналист яксон аст- инъикоси воқеъбинона ва оинавори ҳақиқати воқеӣ. Аммо дар мамолики рӯ ба тараққӣ кор дигаргуна аст. Инҷо журналист бояд муаллим бошад, табиб бошад, технолог бошад, пардозгар бошад, вазир бошад, равоншинос бошад. Аз ин хотир, ки фақат инъикоси воқеъбинона метавонад мардумро ба раҳгумӣ андозад. Инҷо инъикоси эҷодкорона низ лозим аст. Ин ҳам аз он маншаъ мегирад, ки мафкураи мардум то ба дараҷаи ғарбиҳо тараққӣ накардааст. Бисёриҳо то ҳанӯз дар қайди хурофотанду камтарин ишора ҳамаро ба по мехезонад ва ҳама корро барбод медиҳад. .

Шояд ҳамин рисолатро баъзеҳо аз ҳамин хотир ба авҷи ифрот мебаранд, яъне аз ҳад мегузаронанд. Дар барномаи ахбори ВАО-и мустақил, масалан хабаре пахш мешавад, ки дар як мамолики дури Амрикои Лотинӣ ду автомобил ба садама дучор гардида ду нафар маҷрӯҳ ва як нафар ба ҳалокат расидааст. Дар як вақт дар мамлакати худи мо ва дар ҳамсоягии мо ду мошин ба садама дучор шуда шаш нафар ба ҳалокат расидааст. Ё худ дар расонаҳои хабарии хориҷи кишвар дар бораи кадом воқеаи хеле муҳими кишвари мо ахбор пахш мешавад, аммо расонаҳои хабарии дохили мамлакат ба даҳон об гирифта мешинанд. Аз хомӯшии ВАО-и расмӣ истифода бурда расонаҳои хабарии хориҷ, ки баъзеашон ғаразҳои бадхоҳони даврро пиёда мегардонанд хабарро ба таври худ шарҳу тавзеҳ дода пешкаши ҷаҳониён мегардонанд. Худи шаҳрвандони мо низ ахборро аз забони онҳо ва ба манфиати онҳо хондаю тамошо карда беихтиёр аскарони ғайрирасмии он муғризон мешаванду ВАО-и расмии кишвар хомӯшӣ ихтиёр мекунанд.

Ин чӣ сиёсат аст, кас намедонад.  Чаро касе матбуоти озодро ба манфиати давлати худи мо истифода бурдан намехоҳад, саволест шигифтангез.  Ба андешаи мо давлат ҳар қадар тоталитарӣ ва карахтшуда набошад, рисолати журналист ҳеҷ гоҳ душмани ҳамин давлати худ шудан нест. Хуб аст ё ба даст давлати мо аст. Амрикою Русия аз мо нест, ки бо онҳо ифтихор кунем. Ақида дорем, ки беҳтар кардани сохти давлатдорӣ тавассути низоъ барангехтану мардумро алайҳи давлатдорон  шӯронидан  на танҳо хато, балки  ифрот асту хиёнат ба миллат. Шояд касе гумон мекунад, ки мо инҷо аз касе метарсем ё ба касе тамаллуқ мезанем ва ин гапро мегӯем. Хонанда шоҳид аст, ки мо аз касе сари тарс надорем ва ҳамвора ҳақиқатро мегуфтем ва минбаъд ҳам мегӯем. Рисолаи мо ба ҷуз рушди давлати мо ва осудаҳолии раъият чизе дигар нест. Мутаассифона кам нестанд давлатмардоне аз қабили вазирону кабирон, ки хеле ҷоҳиланду бемасъулият. Мо рисолати худро дар мубориза алайҳи ана ҳамин гуна афрод мебинем. Андеша дорем, ки тормози рушди давлатдорӣ ҳамин тоифаанд. Хонанда ҳафтавори «Пайк»-ро хонда дарк мекунад, ки мо ба ин рисолат содиқем.  

Расонаи мустақил, яъне опозитсия?          

Бадбахтона то ҳанӯз баъзе аз чиновникҳои, мулоим карда гӯем камфаҳм  расонаҳои мустақилро ба дафтари сиёҳи худ ҷо кардаанду рисолати худро мубориза бо ин расонаҳо мебинанд. Самари онро ҳамарӯза дар экранҳои телевизионҳо мебинем. Ҳар сол дар арафаи иди матубот ҳам, бубинед дар экранҳои телевизион аҳёнан расонаҳои мустақил ё кормандони он ба чашм мерасанд. Баъзе аз телевизионҳо, ки сарварони онҳо хеле коҳиланд ин амалро то ба дараҷаи ифрот расонидаанд. Куҷо журналистони давлатӣ нишастаанд дар навор пайдо мешаванд, ҳамин ки пораи шим ё остини журналисти мутақил дар навор пайдо шавад, зуд камераро хомӯш карда хеле заҳмат кашида ин ҷои наворро мебурранду аз дигар ҷо наворро идома медиҳанд. Ин нишонаи профессионализм нест. Ба андешаи мо сармуҳаррирони  ин расонаҳо сахт аз чиновникҳое ҳарос доранд ки аз ҷониби расонаҳои мустақил барои каму костагиҳои фаолияти худ танқид шудаанд. Маҳз ҳамон масъулини танқидшуда журналистони ҳақиқатгуро чашми дидан надоранд, на худи давлат. Рақиб агар оқил бошад зиндагӣ хеле рангин мегардад, бо чунин рақибони хеле бесаводу ҷоҳил зиндагӣ ҳам якранг мегардаду хеле дилгир.

                              Аз Ҳакимзода ибрат гиред 

Хушбахтона  кам нестанд давлатмардоне, ки ба матбуоти мустақмл назари нек надошта бошанд ҳам, назари бад надоранд. Дар замони мо ҳаминаш ҳам кифоя ва пешравии зиёд аст. Ҳакимзода Қурбон, раиси мӯҳтарами вилояти Хатлон аз зумраи ҳамин гуна давлатмардон аст, ки ба ҳама гуна расонаҳои хабарӣ назари нек дорад. Дастгирӣ накунад ҳам душманӣ намекунад. Хуб дарк мекунад, ки хориҷие ба қаламрави вилоят ташриф орад, ҳатман аз мавҷудияти расонаҳои мустақил мепурсад. Ҳакимзода хуб дарк мекунад, ки мавҷудияти ин расонаҳо ифтихори давлат аст. Ҳамчун сарсупурдаи сиёсати Пешвои миллат ва ғамхори давлат амал мекунад. Ин ҳама, мо гумон дорем аз он аст, ки саводи кофӣ дорад. Аз куча ба курсии раисӣ наомадааст. Фаолияти густарда дорад, аз матбуоти мустақил ҳарос надорад.

Мутаассифона мо маҷбурем баъзан аз сатҳи саводнокии вазирону раисон ҳарф занему ҳисси масъулиятшиносии онҳоро дар мадди дуюм гузорем.

Ҳафт моҳ қабл чунин чиновникҳо ҳафтавори мустақили «Пайк»-ро аз утоқи корӣ маҳрум карда баҳона пеш оварданд, ки  мо ин утоқҳои кори Маркази фарҳангии ҷавононро сехи дузандагӣ мекунем. Ба ҳар ҳол аз номи раиси шаҳри Кӯлоб ва собиқ вазири Ҷавонон ва Варзиш чунин пайғом оварданд. Ҳам дӯкони хурди сайёри ҳафтаворро, ки ҷойи фурӯши ҳафтавор буд, лағв карда гирифта бурданд. Чун дидем чиновникҳои танқидшуда хеле ошуфтаанд, обирӯйи раиси вилоят накоҳад гуфта ҷанҷоли зиёд накардем, утоқи кориро холӣ кардему дуконро ба ихтиёри ҳаннотони давр додем. Сипас онро баъди 6 моҳ ситонида дар гӯшаи узлат гузоштаем. Фақат тибқи талаботи қонунҳои ҷории кишвар ариза бо номи раиси шаҳр дар мавриди гузоштани дӯкони сайёри фурӯши ҳафтавор ва китоб додем. Ҳам пешниҳод кардем, ки дар як гӯшаи боғи Фарҳангии шаҳр гӯшаи хурдакаку зебои фарҳангии ҳафтаворро таъсис диҳем. Ду мизи хурдакак ва чаҳор курсӣ барои мутолиаи китоб ва рӯзномаҳо гузошта ба хонандагон аз ҳисоби ҳафтавор ройгон чой дам карда диҳем. То мардум бубинад, ки дар Боғи Фарҳангӣ ба ҷуз савор шудан ба карусел ва сайр додани кӯдакон имкони истироҳати мадании худи калонсолон низ ҳаст. Дарк кунанд, ки мутолиаи китоб ва рӯзномаҳо низ ҷузъи истироҳати маданӣ аст.

Аммо ҳайҳот, ки ин аризаи мо ва хости мо амали, мулоим карда гӯем «ба гӯши ким киҳо хондани рӯзномаро мемонад.» Дар ин шаҳр сохтмони сад мағоза ва хонаҳои фурӯшӣ барои пул кор кардан ҳаст, аммо як дукони китоб ё рӯзномафурӯшӣ кори миёншикан аст. Ариза аз Шӯъбаи меъмории шаҳри Кӯлоб ғел мехурад ба Кумитаи Замин ва аз онҷо ба дасти мою боз қафо. Онҳо мегӯянд раиси шаҳр иҷозат намедиҳаду раиси шаҳр мегӯяд онҳо пешниҳод намекунанд… . Сад уволи ҷони  мардуми авом, ки солҳо аз пушти аризаҳои худ саргардонанд.

Сехи дузандагӣ нашуд

Аҷиб аст, ки ду утоқи хурдакак дар Маркази Фарҳангии Ҷавонони шаҳр, собиқ утоқҳои кори «Пайк», то ҳанӯз бекор хобидаанду касе сехи дузандагиашон накардааст. Пеш аз ин як сехи ба ном дузандагӣ дар ин бино мавҷуд буд. Як нафар масъул гоҳо дари онро кушода ғуборашро покиза мекард, то ҳамин «хоҷам боғ дорӣ ҳам» ба дараҷаи ифрот нарасад. Дар ҳафтавори «Пайк» бошад 20 нафар ҷавонони аз 18 то 23 сола ҳамарӯза машғули фаолияти созанда буданд. Умуман дар ҳафт ҷойи дигари шаҳр ҳам сехҳои бузурги дузандагӣ кушоданд, аммо ҳамаашон бекор хобидаанд. Дар шаҳр мисли 40 соли пеш ҳамон сехҳои дузандагии давраи Шӯравӣ мустақар дар бинои собиқ Комбинати хизмати маишӣ  бо номи «Ғайрат» дар хизмати мардум асту бас.

Ахиран иҷрои ҳамин як кори хурдакакро, яъне дукони муваққатии фурӯши ҳафтавор ва китобро  ҳам аз раиси вилоят мӯҳтарам Ҳакимзода Қурбон хоҳиш кардем. Баъди ин дарк кардем, ки хеле мушкил будааст дар ин қаламрав раиси бофарҳанг будан. Раис ваъда дод дар мувофиқа бо роҳбарияти шаҳр ин мушкили моро ҳал мекунад.

Чунин аст қисмати матбуоти мустақил дар ҷумҳурӣ. Гумон дорем хонанда хуб дарк кард, ки матбуоти мустақил  бо киҳо сару кор дорад ва рисолаташ чӣ қадр сангин аст. Бо ин ҳама ҳафтавори мустақили ҷамъиятию сиёсии умумиҷумҳуриявии «Пайк», мустақар дар бинои вайронаи собиқ «Деҳсохтмон»-и шаҳри Кӯлоб фаолият дорад ва дар хизмати мардум аст. Шодем, ки маводи таҳлилию танқидии ҳафтавори мо, ҳам дар вилоят ва ҳам дар ҷумҳурӣ гӯши шунаво дорад. Гӯши шунаво дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон асту дар ҷумҳурӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. «Пайк» дастгири сиёсати Пешвои миллат аст.

Ҳафтавор кушиш  мекунад, ки минбаъд ҳам бо ҳама гуна ҷоҳилию коҳилӣ ва бемасъулиятиву хунукназарӣ муборизаи беамон барад. Ҳафтавор дар гузашта душмани ашадии ҳама гуна ифротгароиву хурофот ва равияпарастиву тафриқаандозӣ буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Ҳафтавор кушиш мекунад дар пешрафти Давлат ва афзун шудани обирӯйи он дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи худро гузорад, ба доди мардуми аз ҷониби масъулини бемасъулият зулмдида бирасад. Дарди онҳоро ба гӯшҳои шунаво бирасонад. Ин рисолат барои мо бегона нест, қабл аз ин ҳам ба доди мардум расидаем.   

                                                                         «Пайк»