- Тандурустӣ

ТУНДБОДИ ИҒВО АЗ КУҶО МЕХЕЗАД?

Коронавирус ба иддае аз тоҷирони ордфурӯш фоида овард.

Имрӯз баъди зуҳр дар шаҳри Кӯлоб овозаҳо дар мавриди бамаротиб боло рафтани нархи маводи ғизоӣ паҳн шуданд. Чун ҳарвақта касе сарчашмаи ин иғворо намедонад. Дар бозори ордфурӯшии «Деҳқонбозор»-и шаҳри Кӯлоб ва нуқтаҳои картошкафурӯшӣ, ба қавле, сӯзан партоӣ сари харидор сих меистад. Нафароне саҳнаи ордхарии мардумро дар телефони мобилии худ ба навор гирифта ба ҳар гӯшаи шаҳр бурда намоиш медиҳанд ва ба оташи иғво ҳезум зам мекунанд. Ин тоифа ақида дорад, ки коронавирус аллакай ба Тоҷикистон омадаасту бар асари ин маводи ғизоӣ бамаротиб гароннарх мешудааст. Ҳамин нафаре, ки зоҳиран таассуф аз он мехурд, ки тавонистааст ҳамагӣ ду халта орд харидорӣ кунад, овоза паҳн мекард, ки фардо нархи орд то ба 700 сомонӣ боло меравад. Мо номашро пурсидем, ки нахост худро муаррифӣ кунад ва зуд байни издиҳом ғайб зад.

Ақидаи ҳафтавори «Пайк» дар ин маврид ҳамин аст, ки як нафари бесаводе, ки аз Кӯлоб берун нарафтаасту ба интернет ва расонаҳои дигари хабарӣ усулан иртибот надорад ҳеҷ мумкин нест, ки аз чизе бохабар бошаду мардуми аз ҷиҳати савод ва ҷаҳонбинӣ аз замин то осмон бо ӯ тафовутдошта огоҳ набошад. Ба ақидаи мо ин мардуми авомро кадом гурӯҳҳои мафиозие, ки шиорашон «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»» аст мехоҳанд истифода баранд. Ва бо ҳамин аз бадбахтии навбатии ба сари инсоният омада манфиат ҷӯянд. Айни ҳол бадбахтии инсоният ҳамин коронавирус аст. Бубинед, ки ин вабо миллатҳои дигарро муттаҳид месозаду ҳисси инсондӯстӣ ва раҳму шафқат дар вуҷуди онҳо бештар мешаваду дасти ҳамдигар мегиранд ва охирин сӯзандорӯро бо ҳамсоя тақсим мекунанд, байни миллати мо нафароне пайдо мешаванд, ки аз ин вабо манфиат меҷӯянд.

Дар бораи овозаҳо дар мавриди дар Тоҷикистон, алалхусус дар минтақаи Кӯлоб пайдо шудани нишонаҳои коронавирус аз сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Садриддин Ғаюров пурсон шудем, ки гуфт:

«Ҳатто камтарин ишора ба пайдо шудани коронавирус дар минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон мавҷуд нест. Вазъият пурра зери назорат аст. Нафароне, ки аз хориҷи кишвар омада буданд то ба имрӯз 15 нафарашон дар карантин қарор доранд. Дар вуҷуди онҳо ҳам нишонаи беморӣ пайдо нашуд, имрӯз пагоҳ муҳлати карантинашон ба поён мерасаду онҳоро ҳам ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳем.»

Аз афташ ин мардуми соддаи зудбоварро ҳаннотони давр боз ба манфиати худ истифода мебаранд. Ин мардум собит сохта буд, ки аксарияташон бесавод ва соддаю гумроҳ аст. Гоҳо дар пушти гусфанд навиштаҷоти «аллоҳ» меҷӯянду гоҳо замин меҷунбад гуфта, то ба рӯз тарки хонаҳо карда дар кӯча мехобанд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти шаҳрро мебояд ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот фавран супориш диҳад, ки нисбати афроди иғвоангез ҳарчи зудтар чораҳои фаврӣ биандешанд.

Пайк