- Иҷтимоъ

Хатлон: Ҷудошавии оилаҳо афзоиш ёфтааст!

     Ё ин парокандашавии оилаҳо роҳи ҳал надорад?

    Дар соли гузашта дар ҳудуди вилояти Хатлон ақди никоҳи 2 ҳазору 640 оила расман бекор карда шудааст, ки ин рақам нисбати соли сипаригардида зиёд мебошад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки қисми зиёди бекоршавии ақди никоҳро оилаҳои ҷавонон ташкил медиҳад. Тибқи иттилоъи дастрасшуда зиёда аз 253 адади бекоршавӣ тариқи ҳалномаи суд сурат гирифтааст.

Нақши оила ва оиладори дар ҷомеа басо бузург буда барои инкишофу пешрафти ҷомеа нақши бориз дорад. Оила маконест, ки тифлро тарбия намуда барои ояндаи дурахшони худ ва ободии кишвараш ба воя мерасонад. Албата тарбияи дурусти фарзанд аз оила маншаъ мегирад, инсон агар дар оила чигунае, ки тарбия биёбад дар ҷамъият ҳамон гуна рафтор мекунад. Вале падидаи носолиме, ки тули солҳои охир дар кишвар ру ба инкишоф дорад парокандашавии оилаҳо унвон мешавад. Ҳар сол аз ин омили носолим дар мамлакат ҳазорҳо нафар аз хонаҳои ободу оилаи хушбахти худ маҳрум мешаванд. Бино бар ин Ҳукумати тоҷикистонро зарур омад, ки баҳри коҳиш додани он чораандеши кунад. Дар ин росто соли 2015 барои кам кардани ин падида ва бунёди оилаи солим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли оила эълон гардида буд. Ҳарчанд дар ин самт аз ҷониби ниҳодҳои марбута корҳои зиёде анҷом дода шуд, вале ин омил то кунун ру ба инкишоф дорад.         

Ба таъбири коршиносон дар бисёр маврид иҷборан оиладор кардани фарзандон боиси ҷудошави мегардад. Дар вилояти Хатлон ин омил сол то сол тамоюли болорави дорад, боиси нигарони аст.

 Зинатгул Сафарзода сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон зимни нишаст хабариаш иттилоъ дод, ки «Дар соли гузашта ақди никоҳи 2 ҳазору 640 оила бекор карда шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2018 264 адад бекоршавии ақди никоҳ зиёд гардидааст».

Манбаъ афзуд,ки аз шумораи умумии бекоршавии ақди никоҳ 2 ҳазору 53 адад тариқи қарори суд, 576 адад, бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд ва 11 ададш бо аризаи яке аз ҳамсарон сурат гирифтааст.      

Мутахасисони соҳа бар он назаранд, ки ба муҳоҷирати меҳнати рафтан ва дахолати волидайн ҳамчун мушкилоти меҳварии ҷудошавии оилаҳо ба хусус оилаҳои ҷавон ба шумор меравад.

Нигаронкунандааш ин аст, ки дар ин давра ба иттилои Зинатгул Сафарзода аз теъдоди оилаҳои парокандашуда 1 ҳазору 750 ададшро оилаҳои то 35 сола ташкил медиҳад ва боқимонда аз ин сину сол боло мебошад. Дар инбаробар аз шумораи умумии оилаҳои пошхурда 364 ададаш дар асосои ваколатнома бекор карда шудааст, илова намуд З. Сафарзода дар нишасти хабарӣ бо журналистон.

Тибқи иттилоъи дастрасшуда аз нафароне, ки ақди никоҳи расмии худро бекор кардаанд, 2 ҳазору 560 нафар кӯдаконӣ ноболиғ дар тарбияи яке аз волидон мондааст. Инчунин дар соли рафта 15 ақди никоҳи шаҳрвандони тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷи бо бастани аҳдномаи никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 6 нафар шаҳрвандони Руссия, 6 нафар  Узбакистон ва боқимонда шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.

Феълан ҳар сол дар ҳудуди вилояти Хатлон тақрибан беш аз 2000 ҳазор оила ақди никоҳи худро расман бекор мекунанд, ки ин омил сол аз сол тамоюли болорави дорад. Андешаҳои сокинону ҳолдонони соҳа  атрофи ин мавзуъ мухталифанд ва ҳаркадом то андозае дурустаст. Аксарият мегуянд, ки бояд пеш аз оиладоршави Падару Модарон одоби муошират бо ваоиладориро ба фарзандони худ биомузонанд. Ҳамчунин фарзандонро дар интихоби ҳамсар озод гузоранд, зеро қонунгузории кишвар дахолат ба ҳаёти шахсиро манъ кардааст. Бино бар ин Падару Модарон ва масъулини соҳаро зарураст, ки ба ин омил таваҷҷуҳи бештар равона карда баҳри бунёди оилаи солим дар ҷомеъа  мусоидат намоянд. На бояд фаромушт кард, ки «оҳанро дар гармиаш мекубанд». Яъне имрӯз зарураст ниҳодҳои марбуда ва дигар қишрҳои ҷомеа баҳри коҳиш додани ин падидаи носолим рақобатпазир бошанду корро ҷонок намоянд. Чунки ҷомеъаи солим аз оилаи солим маншаъ мегирад.

                                                            Аҳмади Раҳим «ПАЙК»