- Тандурустӣ

Ба таваҷҷӯҳи вазири тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Олимзода Насимҷон

Кадркушӣ дар Кӯлоб идома дорад

Як гурӯҳ табибони ҷавон аз Беморхонаи вилоятии №2 мустақар дар шаҳри Кӯлоб ба ҳафтавор ташриф оварда шикоят аз он карданд, ки роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон табиби ҷарроҳ Сафаров Фаридунро бе ягон асоси воқеӣ ва зарурати хосса аз вазифаи бардӯштоштааш, яъне муовини сардухтури ҳамин беморхона, сабукдӯш карданд. Табибони ҷавон нигарон аз он гаштанд, ки ҳамакнун Сафаров Фаридун тасмим дорад тарки минтақа карда баромада равад. Гап сари он, ки мегӯянд табибони ҷавон, Сафаров Фаридун ягона номзади илми тиб дар минтақаи Кӯлоб маҳсуб мешавад ва дар баробари фаолияти табобатӣ инчунин бо онҳо корҳои илмиро ба роҳ монда буд. Ҳамарӯза, мегӯянд онҳо, дар соатҳои фориғ аз фаолияти касбӣ ройгон бо мо соатҳои такмили ихтисос мегузаронид.  Ҳамвора дастгиру дастёри табибони ҷавон ва беморони корафтода буд. Садҳо нафар беморон аз дасти ин табиб шифо ёфта ба зиндагии солим баргаштаанд. Ягона табибе буд, ки ҷарроҳиҳои мураккабтаринро ҳам дар вақти зарурат ройгон барои табааи камбизоат мегузаронид.

Гуфта мешавад, дар сартосари минтақаи Кӯлоб табибони унвондор ангӯштшуморанд. Ин гуна табибон дар пайи зиндагии муносибтар ба маркази вилоят ё шаҳри Душанбе куч бастаанд. Сафаров Фаридун бошад дар арафаи ҳимояи рисолаи докторӣ қарор дошт ва чун боду ҳаво барои беморхонаи вилоятӣ лозим буд. Кас намедонад, Раёсати тандурустии вилоят бо кадом ҳадаф ин мутахассиси нодирро аз вазифа сабукдӯш ва дар пайи он берун аз минтақаи Кӯлоб карданӣ аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки унвони номзади илми тибро на сардухтури ҳамин беморхона Атоев ва на ҳатто сардори Раёсати тандурустии вилоят Раҷабзода доро аст.

Ҳамакнун саволи матраҳ ба вазири мӯҳтарам Олимзода Насимҷон ҳамин аст, ки то ба кай дар минтақаи Кӯлоб муғризон шикори кардрҳои болаёқат мекунанду Шумо, ҷаноби вазир, бетафовут мемонед? 

Пайк