- Маориф

Хайрулло Назарзода: «Хориҷ намудани донишҷуён масъалаи муҳим аст»!

 Хайрулло Назарзода, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки масоили хориҷи донишҷӯёни бисёр ташвишовар мебошад. 

Манбаъ афзуд, ки соли 2019 аз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён 76 нафар донишҷӯ бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла давомоти нокифоя, напардохтани шартномаи донишкада ихроҷ карда шудааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи 76 донишҷӯи ихроҷшуда барои напардохтани маблағи хониш 33 нафар, давомоти нокифоя 24 нафар, қарздории академикӣ 6 нафар бо сабаби фавт як нафар ва бо хоҳиши худ 2 нафарро ташкил медиҳад. Агар мо бо падару модарони хориҷшавандагон суҳбат накунем онро ихроҷ намекунем,-  илова кард Хайрулло Назарзода.

  Инчунин гуфта шуд, ки дар донишкада 11 нафар донишҷуён аз хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки ҳама шароитҳо муҳайё гарддидааст. Дар ин баробар дар хобгоҳи донишкада зиёда аз 500 нафар истиқомат мекунад.

Айни замон дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон аз рӯи 15 ихтисос 2 ҳазору 669 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Аҳмади Раҳим