- Тандурустӣ

СТАНДАРТ: Беш аз 40 тонна намак аз муомилот гирифта шуд.

   Ҷӯрахон Сайдализода, директори маркази «Тоҷикстандарт»-и вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ гуфт, 43 тоннаву 207 килограмм намаки камёдшударо зимни санҷишҳо, ки дар бозору мағозаҳо ошкор шуданд,  аз муомилот гирифтаанд.

   Сардори ниҳоди мазкур афзуд, ки намакҳои аз фурӯш гирифташуда ба идораҳои роҳҳо барои зимистонгузаронӣ ройгон дода мешаванд, ки ин тавонад барои  беҳбудӣ бахшидан ба соҳаи мазкур мусоидат кунад.

 Директори маркази Тоҷикстандарти вилояти Хатлон Ҷӯрахон Сайдализода  гуфт, ки соли 2019 аз ҷониби кормандони маркази Тоҷикистандарти вилояти Хатлон 41 суръатсанҷ, ба истилоҳ «радар»-и кормандони БДА-и вилояти Хатлон, аз ташхиси  сифат гузаронида шуда, барои иллат доштан ба  2 адади он амрномаи манъ бароварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 38 суръатсанҷи кормандони БДА-и вилояти Хатлон аз санҷиши сифат гузаронида шуда, ба 8  суръатсанҷ бо сабаби нуқси техникӣ доштан ё суръати воситаҳои нақлиётро дақиқ нишон надодан, тибқи талабот ба масъулини шуъбаи БДА-и вилоят барои истифода накардан аз ин суръатсанҷҳо амрномаи манъ дода шуд.

  Дар ин баробар ба талаботи стандартӣ ҷавобгу набудани бархе меҳмонхонаҳо, сифати масолеҳи сохтмонӣ аз масъалаҳои меҳварие буд, ки журналистон зимни нишасти  матбуотии ниҳоди мазкур  таваҷҷуҳ карданд.

Аҳмади Раҳим