- Маориф

РЕКТОРИ КӮҲНА ВАЪДА ДОДУ РАФТ, НАВ ЧӢ МЕКУНАД?

Пештоз бояд гуфт, ки ҳафтае қабл аз нишасти матбуотӣ Мирализода Абдусалом ба ҷойи Табарӣ Абдулло ректори нави Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин гардид. Ба он нигоҳ накарда, ки ректор нав ба вазифа таъин шудаасту ҳоло аз бурду бохти донишгоҳи мазкур пурра хабардор нест, рӯзи 5-уми феврал нишасти матбуотии ниҳодашро дар сатҳи хуб гузаронд ва ба суолҳои рӯзноманигорон посух гардонд. Ректори тозатаъин аз камбудӣ гуфт, аз норасоиҳо ёдовар шуду дар минбаъда барои ҳалли норасоиҳо ваъда дод.

   Мавриди зикр аст, ки соли 2019 барои садорати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соли бобарору пур аз муваффақият унвон мешуд. Аз ҷумла дар ин сол маоши кормандон 20% баланд шудааст, 21 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, 35 нафари дигар барои ҳимоя дар соли 2020 ба қайд гирифта шуданд. Зафар Мирзоён, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардид. Шарифов Бедилҷон, донишҷӯи соли 4-и факултаи иқтисод ва идораи донишгоҳ дар озмуни «Донишҷӯи сол 2019» сазовори ҷойи аввал, 2 нафар омӯзгорон (Худойдодова Ш.З ва Шарипов А.А) аз ҷониби АМАР (Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг)-и Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби сертификати «Эксперти байналмилалӣ» гардиданд. Дар баробари ин боз 14 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои 3-юм ва 4-умро соҳиб гардиданд. Дар самти варзиш ҳам саҳми донишҷӯёни ин боргоҳ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ назаррас аст. Соли гузашта донишҷӯён Каримов Хизралӣ аз намуди варзиши Джиу-Джитсу ҷойи аввал ва Сорбон Латифов аз намуди самбои муҳорибавӣ дар хориҷи кишвар сазовори ҷойи 3-юм гардиданд

Мавқеи ғайриқаноатбахши ДДК дар зинаи рейтингӣ ва эродҳои роҳбари нав

   Дар нишаст норасоиҳои кори соҳа низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла Мирализода иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи 16-умро ишғол мекунад, ки ин ғайриқаноатбахш аст. Барои он, ки ба зинаи болотар барояд, бояд пеш аз ҳама мутахассисони касбиро омода кунем. 48 нафар бо дипломи аъло хатм кардааст, бояд мо онҳоро ба кор фаро мегирифтем, ба донишгоҳ ҷалб мекардем.

-Бо мақсади таъмини техникии раванди таълим ва технологияи информатсионӣ дар донишгоҳ айни ҳол 579 компютер фаъол аст. Аз ҷумла 50 адад тахтаҳои электронӣ ва 52 адад видеопроекторҳо мавриди истифода қарор доранд. Дар донишгоҳ 6 синфхонаи электронӣ бо теъдоди 246 адад компютер ва 5 синфхонаи лингофонӣ бо теъдоди 60 адад компютер фаъолият менамояд. Таносуби миқдори компютерҳо айни ҳол ба сари 17 донишҷӯ як компютер рост меояд, ки ин моро қонеъ гардонда наметавонад.

-Фонди умумии китобхона беш аз 29160 нусха китобро ташкил медиҳад, ки ин шумора бениҳоят кам аст. Дар оянда мо бояд китобҳоро харидорӣ намоем. Дар ин самт мо мебинем, ки бо кадом роҳ китобҳои навро харидорӣ кардан даркор. Хариди китоб кори мушкил нест, мо мебинем, ки ҳамарӯза барои телефони мобилии фарзандонамон маблағ сарф мекунем, лекин барои харидани китоб таъхир меандозем.

-14 нафар донишҷӯёни мо дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ҳамчунин дар ин замина аз шаҳрвандони хориҷӣ дар донишгоҳ 28 донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил доранд, ки барои донишгоҳе, ки соли 1945 таъсис ёфтаасту то ба ҳол фаъол аст, заминаи мустаҳками илмӣ, биноҳои ободу зебо дорад, бениҳоят кам аст.  

-Ман ба синфхонаҳо даромадам, рости гап синфхонаҳо айни ҳол хунуканд. Бояд дар муддати 75 сол воқеан коре мекардем, ки синфхонаҳои мо бо гармӣ таъмин мешуданд, мутаассифона ин кор нашудааст.

   -Ман рафта аз боғи бунёдкардаи донишгоҳ дидан намудам, баъзе масъалаҳо, баъзе ноҷуриҳо воқеан дар боғ ҳаст. Ҳамон ширкатҳои сохтмоние, ки боғро сохтаанд, бояд дар муддати як сол омада корҳои нобасомон ва корҳое, ки бо сабабҳои табиӣ дар раванди кор ба ноҷуриҳо рӯ ба рӯ гардидаанд, ислоҳ кунанд, илова намуд ректори нави донишгоҳ.

Тағйироти кадрӣ дар ДДК

   Пас аз иваз шудани ректори нав аввалин дигаргунии ба амаломада, тағйироти кадрӣ дар сатҳи кадрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳисоб меравад, ки ин масъала аз мадди назари рӯзноманигорон дур намонд. Ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Кулябская Правда» Зафар Муродов дар мавриди тағйироти мазкур ректор гуфт, ки дар донишгоҳ чаҳор масъул, ҷонишини ректор ва се деканҳои факултаҳо иваз шуданд. Аз ҷумла бо сабаби бо ихтиёри худаш нависондани ариза ба ҷойи Холиқ Сафар, ҷонишини ректор оид ба корҳои таълим, Холиқзода Айниддин таъин гашт. Ҳамчунин бо сабаби надоштани унвонҳои илмӣ ва баромадан ба рухсатии эҷодӣ, ба ҷойи Манучеҳр Сафарзода, декани факултаи филологияи тоҷик ва журналистика, Эраҷ Давлатзода ба ҳайси декан таъин гашт. Ба ҷойи Куганов Неъмат (бо аризаи худаш) Каҷкулоев А. декани факултаи молияивию иқтисодӣ ва Гиёев Абдуназар ба ҷойи Карнишева Бунафша декани факултаи филологияи рус таъин гашт.

Қарздории ҳангуфти донишгоҳ аз ширкатҳои сохтмонӣ

   Ректори нав Мирализода Абдусалом як масъалаи хело ҳассос ва мушкиловарро бидуни пурсиш рӯирост ва бешубҳа ба рӯзноманигорон баён дошт. Мавсуф дар идомаи нишасти хабарӣ дар баробари камбудию норасоиҳои дар донишгоҳ мавҷудбуда, иттилоъ дод, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ҳисоби сохтани боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода дар арафаи ҷашни Истиқлолият аз ширкатҳои сохтмонӣ маблағҳои калони пулӣ қарздор аст. Ба суоли хабарнигори Радиои озодӣ, «Оё роҳбарияти навтаъин ин қарздориро ба ӯҳда мегирад ё чигуна ин қарзро пардохт мекунад?» Мирализода дар ҷавоб гуфт, ки «донишгоҳ боғ бунёд кард, он ширкатҳое, ки кор карданд, албатта айни ҳол донишгоҳ ягон зарра қудрати пардохти ин пулҳоро надорад. Барои муайян кардани ин маблағи қарз ҳисоб кардан даркор, маблағи бисёр калон аст. Донишгоҳ давра ба давра дар муддати 1-2 ё 5 сол бо имконоти молиявӣ маблағро пардохт хоҳад кард.»  

Табарӣ ваъда доду рафт, Мирализода ваъдаи сохтани хобгоҳро иҷро мекунад?!

   Яке аз мушкилиҳои дигари асосӣ на танҳо барои донишҷӯён, балки роҳбарияти донишгоҳ кифоя набудани ҷойи зист барои донишҷӯёни роҳдур аст. То имрӯз дар ин боргоҳи илм дар таълими рӯзона 6163 нафар донишҷӯён (бо истиснои донишҷӯёни дар шаҳри Кӯлоб ва навоҳии наздик ба он) таҳсил намуда истодаанд, ки 2875 нафарашон духтар ва 3288 нафари дигар писарон ҳастанд. Дар хобгоҳи №1 ва №2-и донишгоҳ ҷамъ беш аз 400 донишҷӯён ҷойгир карда шудаанд, ки ҳамагӣ духтарон мебошанд. Яъне донишҷӯписарон бошанд аксарият дар хонаҳои иҷора ва қисмати кам дар хонаҳои хешу наздикон истиқомат намуда истодаанд. Дар ин бора ба суоли хабарнигори «Пайк» «Оё роҳбарияти нав ният дорад, ки барои донишҷӯён хобгоҳи нав бисозад? Ректор гуфт, ки «барои сохтани хобгоҳи нав тамоми чораҳо андешида мешавад, ҳатто мо дар сӯҳбате бо Ҷаноби Олӣ дар ин маврид доштем, он кас ба мо кӯмак мекунанд. Бо вазири муҳтарами маориф ҳам сӯҳбат доштам. Воқеан, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хобгоҳ ниёз дорад. Мо имрӯз боғ кардем, агар хобгоҳ мекардем барои донишгоҳ беҳтар буд. Ҳар як чиз вақт дорад, хобгоҳро дар 1-2 сол сохта намешавад. Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ин маврид иттилоъ дорад ва ба мо дастур доданд, ки барои сохтмони хобгоҳ кӯмак мекунанд.»

   Мавриди зикр аст, ки дар масъалаи сохтани бинои хобгоҳи нав роҳбари собиқи донишгоҳ Абдулло Ҳабибулло (Табарӣ Абдулло) дар як нишасти матбуотии қаблӣ дар ҳузури намояндагони ВАО гуфта буд, ки иқдоми сохтани хобгоҳи навро пеш гирифтааст. Акнун, ки ин нафар сари вазифа нест, ваъдаи додаашро роҳбари навтаъин иҷро хоҳад кард, вақт нишон медиҳад.

   Хулоса, дар нишасти номзикр ҳар он чӣ гуфта шуд ё нашуд, бо ин ҳама бояд гуфт, ки Мирализода Абдусалом дар роҳбарии донишгоҳ ҳоло кадри нав аст ва ба қавли худашон ҳамагӣ бо 10% корҳо ошноӣ пайдо кардааст. Ҳарчанд масъулияти гароне назди мавсуф истода бошад ҳам, ба ҳамагон маълум аст, ки мавсуф таҷрибаи хуби корӣ дорад ва вазифаҳои муҳимро ӯҳда кардааст. Ва умед ба он мебандем, ки ин нафар дар вазифааш барои омӯзгорону донишҷӯён, пешравии донишгоҳ, хоса халқу ватанаш хизмати арзанда менамояд.

Худойдоди ИСЛОМ