- Иҷтимоъ

РВКД: 10 нафар кормандони соҳа даст ба ҷиноят задаанд

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ бо журналистон афзуд, ки дар миқёси вилоят 29 нафар барои ҳамкорӣ бо гуруҳи ихвон-ул-муслимин дастгир шуданд, ки дар ин гуруҳ ҳам ҳуқуқшиносон ва ҳам омузгорону табибон низ ҳастанд. Аксари нафароне, ки ба ин гуруҳ пайвастанд дорои маълумоти олӣ мебошанд, шарҳ дод ӯ.

   Дар соли сипаригардида аз ҷониби занон 452 ҳолати даст ба ҷинояд задани занон ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбати соли 2018 34 ҳолат кам мебошад.

  Ҳамзамон гуфта шуд, ки бештари ҷиноятҳое, ки занон ба он даст задаанд ин қаллобӣ ва дуздӣ мебошанд. Дар ин баробар баён гардид, ки дар соли гузашта 10 нафар кормандони соҳа даст ба ҷиноят задаанд, ин рақам нисбати соли 2018 10 ҳолат кам гардидааст.

 Инчунин Фатҳулло Абдураҳмонзода, муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки аз авали соли 2019 дар вилоят ҳамагӣ 56 нафар бе ному нишон ғайб зада дар қайд буданд. Дар ин сол нисбати 182 нафари дигар бо аризаи шахсони бо онҳо наздик кофтуков эълон шудааст.  Дар умум, 238 нафар ҷустуҷӯ мешуданд, ки худи ҳамин сол 183 нафар пайдо шудаанд. Айни замон нисбати 55 нафар шахсони бе ному нишон гумшуда кофтуков эълон карда шуда, корҳои оперативӣ ва ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудааст, — илова намуд Фатҳулло Абдураҳмонзода.

 Искандар Солеҳзода низ дар ин маврид қайд кард, ки 80-85 дарсади гумшудаҳо пайдо мешаванд ва аз рӯи таҷриба бештар бо далели носозии оила ин нафарон бехабар ба хонаи дигар наздиконашон паноҳ меоранд.

Аҳмади Раҳим