- Иқтисод

Абдурозиқ Солеҳзода: 6 корманди андоз ба корупсия даст задаст!

Абдурозиқ Солеҳзода муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар соли сипаригардида иҷроиши андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ аз ҳисоби ноҳияҳои Қубодиён 92 фоиз,  А. Ҷомӣ 79, Ҷайҳун 96 ва Панҷ 87 дарсад таъмин намуданд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 19, 6 миллион сомонӣ ворид нагардид.

   Инчунин дар ин давра 8 ноҳия андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетиро таъмин карда натавонистанд, ки аз ҳисоби ноҳияҳои зикргардида ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 11, 5 миллион сомони ворид нашуд.

     Ҳамзамон Абдурозиқ Солеҳзода иттилоъ дод, ки соли рафта 17 шаҳру ноҳияи вилоят аз уҳдаи иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ баромада натавонистанд, ки аз ин ба буҷет ба маблағӣ 36, 6 миллион сомонӣ ворид нашуд, илова намуд Солеҳзода.

  Дар баробари ин соли рафта иҷроиши нақшаи ду намуди андоз таъмин нагардид, ки дар натиҷа ба буҷет 61,2 миллион сомонӣ ворид нагардид.

Инчунин манбаъ илова намуд, ки яке аз сабабҳои мусоидаткунанда, ки боиси сифатан таъмин нагардидани нақшаи намудҳои андоз дар вилоят гардидааст, аз як тараф дар сатҳи дахлдор ба роҳ намондани маъмурикунонии андозҳо бошад, аз ҷониби дигар дуруст ба инобат нагирифтани манбаъҳои воқеъии андозбандӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо асос шуда метавонад.

 Соҳибназар Ғойибзода, сардори бахши андозсупорандагони калон дар вилоят гуфт, ки айни замон 51 корхонаи андозсупорандаи калон мавҷуд аст, ки ду ададаш дар соли сипаригардида фаъолият намекунад.

Инчунин дар ҳудуди вилоят ба 1- уми январ бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон ба 168, 9 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбати соли 2019 14, 1 миллион сомонӣ кам карда шудааст.

    Қарзҳои мушкилситон ё ба истилоҳ беэътимод боашад дар корхонаҳои андозсупорандагони калон дар ин давра 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар соли сипаригардида  6 кормандони соҳа даст ба амалҳои корупсионӣ зада 152 нафари дигар аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Дар моҳи явари соли равон бошад 39 нафар аз вазифа озод шуд. Омили аз вазифа рафтани кормандонро манбаъ дар қисман ба вазифа мутобиқ набудани онҳо унвон кард. 

Аҳмади Раҳим