- Иқтисод

Нафаҳмидам, истгоҳи автобус буд ё истгоҳи қиморбозон

Нисфирӯзии 15 январ ба воситаи истгоҳи “Автовакзал”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷои кор омаданӣ шудам. Дар микроавтобуси №27 нишаста будам, чашмам ба як гурӯҳ қиморбозҳо афтод, ки дар миёнаҷои истгоҳ қиморбозии намуди “алик-малик”-ро гузаронида истодаанд. Ин гурӯҳи қиморбозҳо, ки тахмин 6-8 нафаранд дар истгоҳ ҳуққабозӣ мекарданд, аммо шаҳрвандоне, ки дар истгоҳ истода интизори нақлиёт мешуданд аз сабаби истгоҳро банд кардани онҳо дар роҳи пиёдагард ва ҳатто роҳи монишгузар баромада  истода буданд. Гарчанде дар атрофи истгоҳ ягон корманди милисаро надидам (шояд ба гуфти мардум дар пушти девор буданд), аммо сари ҳар қадам як корманди БДА-ро дидан мумкин буд, ки ин сохтор низ як шохаи РВКД ҶТ дар вилояти Суғд аст.

Ту хдут киӣ сурат мегирӣ?

Маршуткаи № 27 дар истгоҳ тахмин  10-15 дақиқа  истода одамонро бор мекард. Дар ин муддат аз кӯдаки 7сола то пири 70 сола аз атрофи қиморбозҳо мегузаштанду аз рўйи масали “Туро газад маро чи ғам?” амал карда аҳамият намедоданд. Ҳамчун зан, диққати маро ду зане, ки дар ин қимор фаъол буданд  бештар ба худ ҷалб кард. Дар дил мегуфтам:-“Садқаи номи зан шавед шумо барин занҳо. Садқаи номи модар шавед, ки дар чунин ҷои серодам қиморбозӣ кунед…”

Аввал аз дохили нақлиёт чанд акс гирифтам, аммо аксҳои хира баромад. Барои акси рушантар бардоштан ба назди дар омадам ва аз наздиктар аксбардорӣ кардам. Дар назди сутуни истгоҳ як марди тахмин 50-55 солае, ки баъдтар фаҳмидам, ки ў ҳам аъзои гурӯҳи қиморбозҳо будааст, такя зада истода атрофиёнро назорат мекард. Ин шахс, ба қавли худи онҳо “шухер” будааст. Ин марди уқобчашм суратгирии маро пай бурда, ба ҳаммаслаконаш хабар дод. Марди тахмин 40-45 солае, ки дар замин нишаста қартаҳоро тоб медод, аниқтараш дар қимор нақши асосиро мебозид аз ҷой хест ва пушти  домони зани ҳамшарикаш пинҳон шуд (ба акс нигаред).

Аввал марди “пинҳоншуда” не, як марди аз ӯ ҷавонтар ба сӯи ман “сиёсаткунон” омад ва бо оҳанги фармоиш гуфт:

-Ту хдут киӣ сурат мегирӣ? Бги удалтш ку? Тез удалит ку!

-Ту қиморбоз чи ҳақ дорӣ ба сари ман дод гӯӣ?-суол карам аз ӯ ва баъдан ҳуҷҷати журналистиямро барварда нишон дода, афзудам- Ман кори худамро карда истодаам, суратҳоро тоза намекунам!

Ҳамин вақт яке аз он ду зани қиморбоз бо лаҳни ба лаънат ростнаоянда (таҳқирҳое, ки ӯ кард ба гуфтану навиштан рост намеояд) чашм ало карда доман бар зада ба сарам омад ва таҳдиди задан ва телефонамро кашида гирифтан кард. Охир дилаш пур буд, ки дар атрофаш 8-10 нафар ҳаммаслак дорад ва дар ҳоли зураш нарасидан ба ёрдамаш медаванд. Аммо ман кӣ дорам? Танҳо…

Зеро садҳо нафар дар дохили он нақлиёте, ки дар истгоҳ ҷамъ омада буданд ҳамагӣ тамошобин буданд…Ҳа ногуфта намонад ду ҳамкасбамон аз ТВ Суғд ҳам бо камераю микрафонашон ҳузур доштанд, диданд, шинохтанд, аммо…

Хулоса он зан ба дохили микроавтобус савор шуд. Вале на ронанда ва на пулчинаки ӯ  ҷуръат накарданд, ки як зани қиморбози ҷинояткорро аз нақлиёташон берун созанд.

Аммо чуноне, ки мегӯянд: “Дар кори нек  худованд қувват ва ҷуръат медиҳад”. Чунин ҳам шуд. Бо вуҷуди резапайкарӣ он барзаговзанро аз оринҷаш дошта берун ҳаво додам.  Нафратам як рӯ, агар аз қиморбозҳо боло гирад, аз ҷиҳати дигар аз одамони атроф хеле нафрат кардам. Мушоҳида мекардам, ки дар аксар мушкилот шарвандони мо бетарафанд. Аммо дар ҳодисае, ки байни ману гурӯҳи қиморбозҳо шуд бори дигар дарк кардам, ки ҷомеаи мо ба ботлоқи бетарфӣ ғӯтидааст.

Охир ин турфа инсонҳо (ба инсон гуфтан ҳам забони кас намегардад), имрӯз бегонаро фиреб карда рӯз мебаранд, аммо пагоҳу пасфардо наздикони мо ва билохир худи моро ба дами фиребашон мебаранд. Наврасони мо бозори гарми онҳоро дида, шояд ҳавасашон биёяду ҳаммаслаки онҳо шаванд. Аммо маълум, ки тоифаи тамошогар ба тарбияи фарзандони худ низ ҳамин гуна бетараф буданд. 

 Зан ба “крыша”-аш занг зад

Хулоса,  баъди он ки занро  ба берун тела додам, дар аввал мисли гови бешир додгӯӣ кард. Чун дид, ки нақлиёт равон шуд, телефонашро гирифта ба касе занг зада гуфт:-Ҳозир ман номерои маршуткаро мегирам дар истгоҳи коператор дор, бин ки як… (дашном дод) моро сурат гирифт.” Зан бо ин зангаш (хоҳ воқеӣ бошад хоҳ реклама) бори дигар ба атрофиён фаҳмонид, ки онҳо бесоябон, яъне “бекрыша” нестанд. Агар чунин намебуд дар рӯзи равшан, дар ҷои ҷамъиятӣ, маҳз дар дили истгоҳ ҷои шаҳрвандонро  танг карда, қиморбозӣ мекарданд? Ҳамин тавр не, мўҳтарам кормандони милиса?

Агар бе“крыша” мешуданд, метарсиданд, ки даст ба чунин амал бизананд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунанд. Охир ин корро ноаён карда намешавад-ку. Дар як дақиқа шояд ду нафар кормандони мақомтти қудратӣ аз наздашон гузарад.

Бубинед, ки ҳамин шаби гузашта тариқи телевизион намоиш доданд, ки чанд корманди ҳузарби милиса як кампири фолбинро боздошта наворро ба тамошо гузошта ифтихор мекарданд, ки ҳомии ҳуқуқанд. Ҳоло ин ки боздошти он кампир кори як милисазани хурдакак аст. Акнун бигўед, ки бо ин ҷавонони ҳузарби қиморбоз ва занони ҷинояткори онҳо кӣ бояд мубориза барад?

Фарзона Муродӣ