- Маориф

Дар ноҳияи Панҷ 89 дарсади кӯдакон аз кӯдакистон маҳруманд!


Дар ноҳияи Панҷ фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ҳамагӣ 11- фисадро дар бар мегирад, ки боқимонда 89- дарсади кӯдакон аз дабистон маҳруманд. Инчунин, норасоии мизу курсӣ ва нокифоя будани маблағгузорӣ барои хӯрока дар ин ноҳия аз мушкилоти меҳварии соҳа ба шумор меравад.

Мо ҳамеша нигарон ҳастем, ки кӯдак дар оянда, кӣ мешавад, вале фаромӯш мекунем, ки онҳо имрӯз чӣ касе ҳастанд ва чӣ шароиту имконият барои таълиму тарбия ва аз бар намудани илму донишро доранд.  Дар ноҳияи Панҷ норасоии кӯдакистон ва набудани дигар шароити зарурӣ дар муассисаҳои томактабӣ аз мушкилоти калидӣ ба шумор меравад. Дар ин ноҳия 6- муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 759 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Инчунин, дар 17 маркази инкишофи кӯдак 340 нафар фарогир аст, ки дар умум 11 фоизи кӯдакони ноҳияи мазкур ба муассисаҳои томактабӣ фарогирифта шудаанд.

Дар  “Офтобак” кӯдакон аз меъёр зиёд ҷойгиранд

  Муассисаи томактабии рақами 3-и “Офтобак” барои 130 нафар кӯдак сохта шудааст, аммо аз соли 2019 як гуруҳи иловагӣ ташкил карда шуд, ки имрӯз дар он 170 нафар ҷойгир карда шудааст, ки 40 нафар зиёд мебошад.

Гулбаҳор Намозова,, мудири кӯдакистони зикргардида қайд, ки “Ҳарчанд, ки шароит рӯз то рӯз хуб шуда истодааст, аммо шароити имрӯза ба талаботи замон ҷавобгу нест, вале хуб аст. Майдончаҳои бозии кӯдакон низ чандон дар сатҳи зарурӣ нест. Лекин корҳо дар сатҳи хуб ҷараён доранд, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор онро низ беҳтар месозем”.

Ҳамсуҳбати мо иддао кард, ки рӯзона сари ҳар таълимгиранда барои хӯрока 3,5 сомонӣ рост меояд, ки ин басанда нест. Аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ барои хурока солона 6 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки ин ҳам нокифоя аст. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумот моҳона аз волидони кӯдакон дастикам 9 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад. Солона бошад беш аз 110 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки аз мақомот дида ба маротиб зиёд аст, ба таъбире, ки “ҳиммати волидон аз мақомот” зиёдтар аст.

Дар  кӯдакистони №1 -40 курсӣ ва 5 миз намерасад

Вазъи кунунии муассисаи томактабии рақамӣ 1-и ноҳия   низ чандон хуб нест, кӯдакистони мазкур соли 1968 барои 150 нафар сохта шудааст ва имрӯз бинои он қисман фарсуда шудааст.

Парвина Гулова, мудири ин муассиса дар сӯҳбат бо “Пайк” қайд кард: “Аз сабаби солҳои 60- уми асри гузашта сохта шудани кӯдакистон мизу курсиҳо ки бештараш худсохтанд, фарсуда шудааст. Инчунин норасоии 40 курсӣ ва 5 миз ҷой дорад, ки барои бартараф намудани он корҳо ҷараён дорад”.

Ҳамзамон манбаъ аз маблағи кам ҷудо гардидан аз ҳисоби буҷаи ноҳия изҳори нигаронӣ намуд, ки басандаги намекунад.

  Дар кӯдакистони №6, волидон картошкаву пиёз меоранд

Норасоии мизу курсӣ, маблағгузории нокифоя ва дигар норасоии ҷойдошта дар кӯдакистони №6 аз мушкилоти калидӣ ба шумор меравад. Кӯдакистони мазкур дар деҳаи Турдишайхи Ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳия ҷойгир аст, ки дар он 86- нафар кӯдак тарбия мегиранд, аммо дар ин дабистон мизу курсӣ барои кӯдакон тамоман вуҷуд надорад.

Санифа Мухшулова, роҳбари кӯдакистони рақами 6-и ноҳия зимни суҳбат зикр кард, ки «Мизу курсӣ дар кӯдакистон тамоман нест, дар ин бора ба шуъбаи маорифи ноҳия муроҷиат намудем, ваъдаҳо ҳаст, ки ин мушкилот ҳал карда мешавад. Дар ин баробар майдончаи бозӣ барои кӯдакон надорем, ин мушкилоти асосӣ аст ва барои ташкили он кушиш намуда истодаем».

 Ҳамзмон, маблағгузорӣ аз тарафи буҷет барои хурокаи кӯдакон намерасад. Аз сабаби дар деҳот фаъолият намудани кӯдакистон волидон картошкаву пиёз ва карам меоранд, илова намуд Санифа Мухшулова.

        Ҳиммати волидон аз мақомот 3 баробар бештар аст

Баҳри огоҳӣ пайдо кардан ва посух ба суоли он, ки чаро ба кӯдакистонҳо маблағгузорӣ дар сатҳи зарурӣ намешавад ба Раёсати молияи ноҳияи зикргардида рафтем.

Худойдод Касирзода, сардори шуъбаи банақшагирии буҷети ин ниҳод гуфт, ки «Дар соли 2019 барои хӯрокаи кӯдакон дар 6 кӯдакистони ноҳия 30 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ҳар моҳ дар умум 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад».

    Ин дар ҳолест, ки аз ҷониби волидон тибқи иттилоъи дастрасшуда солона 110 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад.

Нақшаи рушди муассисаҳои томактабӣ рӯи коғаз монд?

Ҳарчанд, ки роҳбарони чанд муассисаи томактабии ноҳия аз набудани шароити созгор барои тарбиятгирандагон, аз ҷумла набудану фарсуда шудани мизу курсӣ ва дигар мушкилот изҳори нигаронӣ мекунанд, вале масъулини шуъбаи маорифи ноҳия вазъро қаноатбахш унвон мекунанд.

 Ба иддаои Зуҳрохон Салоҳиддинова, мушовир оид ба муассисаҳои томактабии мудири шуъбаи маорифи ноҳия: «Вазъи кудакистонҳои ноҳия дар ҳолати қаноатбахш қарор дорад, зеро ду кӯдакистони мо ба тамоми талабот ҷавобгу мебошад. Дар ҳақиқат норасоӣ ва фарсуда шудани мизу курсӣ вуҷуд дорад, вале барои бартараф намудани мушкилоти кӯдакистонҳо ба мақомоти маҳаллӣ мактуб кардаем.  Ҳамзамон дар соли ҷорӣ бояд чанд муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шавад».

 Манбаъ изҳор дошт, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия 4-кӯдакистон бояд сохта шавад, лекин сохтмони ягонтои он то ҳанӯз оғоз нашудааст. Инчунин дар ноҳия ягон муассисаи томактабии хусусӣ мавҷуд нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз паёмҳояшон зикр карданд, ки «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро ба маротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем». 

Масъулини соҳаро мебояд сари ин мушкилиҳо чораҳои мушаххас андешида, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд, зеро босаводу донишманд ва соҳибмаърифат тарбия ёфтани насли ҷавону наврас маҳз аз дабистон сарчашма мегирад.

                                                                          Аҳмади Раҳим «ПАЙК»