- Тандурустӣ

Табибони беморхонаи дил орзӯи доштани дастгоҳи стенгузарониро доранд

   Соли 2019 барои табибону кормандони Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии бемориҳои дил» соли бобарору хотирмон ёд мешавад. Зеро онҳо дар ин сол соҳиби бинои наву замонавӣ ва бо шароитҳои зарурӣ муҳайё гардиданд. Ин маркази тиббӣ дар қатори он иншоотҳои ҷашниест, ки ба тозагӣ ба кор оғоз карда, дар кам кардани бемориҳои дилу фишорбаландӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ саҳм дорад.    

   Равшан Пулодов, директори муассисаи давлатии «Маркази вилоятии бемориҳои дил» дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки муассисаи давлатии «Маркази вилоятии бемориҳои дил» яке аз биноҳои навсохтест, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият аз тарафи Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода гардид. Биноро қабул кардем, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин аст. Дастгоҳи сабти барқи дил, УЗИ, иллергеметрия, таҷҳизоти нафасдиҳӣ, дефибилятор, кардеомонитор, писометр, дастгоҳи оксигендиҳӣ, барои ҳар як бемор шароитҳои лозима муҳайё аст. Оби гарму хунук, кондисионер, барои истироҳату фароғат ТВ барои кормандон ҳам шароити истироҳату фароғат фароҳам гардидааст. Ҳуҷраи таҳлилӣ (лаборатория) бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин аст. Чизи дигари муҳим ин об аст, ки ҳама вақт ба он дастрасӣ дорем, чунки дар беморхонаи пешина об надоштем.

Номгузории беморхона аз Маркази бемориҳои дил ба Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии бемориҳои дил» табдил шуд ва фаъолияташ васеъ гардид.»

Имрӯз дар марказ 11 табиби маълумоти олидор, 37 ҳамшираи тиб фаъолият доранд. Бо дастгирии президенти кишвар, раиси вилоят ва Вазорати тандурустӣ ба муассиса як мошини хизматрасонӣ барои беморони дил, як гурӯҳи кардеологӣ таъсис дода шуд. Ин нақлиёт бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ таъмин буда, хизмати сайёр мерасонад ва дар дилхоҳ маврид то ба беморхона овардани беморон кӯмаки аввалияро саривақт иҷро месозад.

Ба гуфти масъулон дар бинои қаблӣ шуъбаи дил, шуъбаи эҳё ва наҷот, шуъбаи ишемиои дил ва шуъбаи иштирокчиёни ҶБВ ва одамони ба онҳо баробаршуда мавҷуд буд, дар бинои нав як шӯъбаи дигар илова шуд. Ҳозир як шуъбаи навтаъсиси фишорбаландӣ ва шараёнӣ бо 10 кати хоб амал мекунад. Зеро солҳои ахир сатҳи бемории фишорбаландӣ ва шараёнӣ ниҳоят зиёд шудааст, барои ҳамин онҳо кӯшиш мекунанд, ки барои чунин беморон шуъбае кушода, хизматрасониро ба роҳ монанд.»

   Дар як сӯҳбати қаблӣ мавсуф гуфта буд, ки ягона камбудӣ дар бемористон дастгоҳи стенгузаронӣ аст ва бояд бо мусоидати Вазорати тандурустӣ дастраси мо шавад. Вале бо сабаби камбуди маблағ онҳо ин нияти худро амалӣ карда натавонистанд. «Шуъбаи амалиёти ҷарроҳии стенгузаронӣ омода аст, аз моҳи январу феврал бояд дастгоҳашро харидорӣ карда, дастрасӣ мо гардонанд. Агар чунин имкон ба даст ояд бисёр хуб мешавад, зеро дастгоҳи стенгузаронӣ дар тамоми минтақа вуҷуд надорад. Дар нақша буд, ки ба бинои нав гузаштан ҳамин дастгоҳро харидорӣ намоем. Бо сабаби гаронарзиш будан имкон даст надод то онро дастрас намоем.»- иловатан гуфт Равшан Пулодов.

Худойдоди И