- Иқтисод

ГӮШИ ШУНАВО КУ?

ё чаро маоши коргарони ҶСК «Нуриҳои Осиё»-ро касе пардохт кардан намехоҳад?

Дар тамоми дунё, дар дилхоҳ кор ҳақи коргар аз ҷониби корфармо ва ё ашхоси ҳавасманд, гузашта аз ин, ҳукумати фаол, ба пуррагӣ пардохт мегардад. Ҳатто, дар ҳолати ғуломӣ ва асирӣ хам музди меҳнати заҳматкаш (ғулом ё асир) аз назари корфармо берун намемонад ва ҳадди ақал, бо хӯроквориву либос таъмин мегарданд. Илло дар Тоҷикистон, ки давлатмардонаш бо шарикони аҷнабиву худӣ «забон» меёбанд, баъзе аз масъулин ба зердастонаш ҳақи пурраи заҳматашонро намедиҳанд ва ё  ба мувофиқа наомадаву қатъи шартномаву созишнома карда, боз ҳам ҳақулзаҳмати коргари худро намедиҳанд ва бепарво мемонанд. Ин албатта, пеш аз ҳама, хилофи таъкидҳои Пешвои муаззами миллат аст дар бораи сари вақт пардохтани музди меҳнати кормандон.  

Ту моли киӣ, «Нуриҳои Осиё» !?

 ҶСК «Нуриҳои Осиё», дар гузашта ҶСПК «Тоҷик-Азот» ва ахиран, аз моҳи августи соли 2019 ҶСК «Азот», ки дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон (тақрибан 15км дуртар аз Ҳукумати вилояти Хатлон) муқаррар аст, тайи солҳои зиёд аз фаолият бозмондааст. Корхона танҳо аз коргаронаш дар гузашта беш аз 2,5-милён сомонӣ қарздор монда буд. Дар ин бора ҳанӯз 3-моҳ пеш ҳафтавори «Пайк» мақолае бо номи «Дар Тоҷикистон ҶСК «Нуриҳои Осиё барҳам мехӯрад» рӯйи чоп оварда буд ва таъкид карда буд, ки ҳақи ҳалоли коргарони ин корхонаро бояд пардохт кард.

            Чиро ва чӣ гуна ҳал кардӣ, комисияи давлатӣ?

  Баъди чопи мақола Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ барои қатъ намудани шартномаи ҳамкорӣ бо шарикони чиноӣ ва барҳамдиҳии ҶСК «Нуриҳои Осиё» як ҳайати комиссия бо роҳбарии Фирӯз Саъдизода, сардори Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатии ҳамин Кумита ба корхонаи мазкур фиристод. Тибқи иттилои коргарони корхона, комисияи мазкур бо сарварии Фирӯз Саъдизода дар мавриди барҳамзании ҶСК танҳо ба он расидаанд, ки шарики чиноӣ, ҶДММ «Хэнан Чжун-Я», гурӯҳи Холдингии ҷумҳурии Хитойро аз идомаи ҳамкорӣ бартараф намуда, фаолияташро қатъ гардонанд. Аммо дар мавриди таъмини музди меҳнати коргарон ва роҳбарони тоҷикии ҶСК ҳарфе нагуфтаанд. Ба иттилои роҳбарият, ҳақи маоши коргарони тоҷик аз моҳи сентябри соли гузашта аз ҷониби ҶСК пардохт нагаштааст, ки дар маҷмуъ 2-милёну 575-сомониро ташкил медиҳад. Қарзи умумии маоши коргарон дар бастагӣ ба солҳои пешин 4-милёну 575-ҳазор сомониро ташкил додааст. Вале, комисияи, мулоим карда гӯем «босалоҳият», ин ҷониби масъаларо нодида гирифта, танҳо ҶСК «Нуриҳои Осиё»-ро барҳам додаву чиноиҳоро ҷавоб дода, қисмати зиёди коргаронро ба рухсатии бемузд равон карда, бо ҳамин гӯё рисолаташро ба анҷом расонидааст. Ва боз ҳам хилофи таъкидҳои Пешвои миллат амал карда баъди санҷиш салоҳ надиданд, ки ба ҳафтавор вокуниш нависанд.  

Қарзи умумии маоши коргарон дар бастагӣ ба солҳои пешин 4-милёну 575-ҳазор сомониро ташкил додааст. Вале, комисияи, мулоим карда гӯем «босалоҳият», ин ҷониби масъаларо нодида гирифта, танҳо ҶСК «Нуриҳои Осиё»-ро барҳам додаву чиноиҳоро ҷавоб дода, қисмати зиёди коргаронро ба рухсатии бемузд равон карда, бо ҳамин гӯё рисолаташро ба анҷом расонидааст. Ва боз ҳам хилофи таъкидҳои Пешвои миллат амал карда баъди санҷиш салоҳ надиданд, ки ба ҳафтавор вокуниш нависанд.  

   Аҷнабӣ пул медиҳад, агар комиссия иҷозат диҳад

Ба гуфтаи роҳбарони тоҷикии ҶСК, ҷониби корфармо- ҶДММ «Хэнан Чжун-Я» бар худ гирифтааст, ки иҷозати савдои амволи дар ин корхона доштаашро диҳанд, то ҳақи коргаронро пардохт намояд. Ҳамчунин, хонум Ван Янся, роҳбари ширкати чиноӣ ваъда додааст, ки бо дастраси ба фурӯши молу амволаш тибқи Қонуни ҶТ, маблағи 3-моҳаи маоши коргарони корхонаро баъди барҳамдиҳии ҶСК «Нуриҳои Осиё» пардохт хоҳанд кард. Аммо комиссия  ҳанӯз фурӯши амволи чиноиҳоро иҷозат надодааст ва ба гумони песимистии коргарони ҶСК, ин қарзҳо ҳам болои қарзҳои пешин зам мешаваду… касе ҳақи эшонро нахоҳад дод.

            Меросхӯр аз «Нуриҳои Осиё» чӣ мегирад

Дар ҳамин ҳол, ҶДММ «Нуриҳои Осиё» баъди барҳамдиҳӣ ба меросхӯраш  чунин қарзҳои кредитиро ба мерос мемонад: қарзи маош беш аз 4-милёну 575-ҳазор сомонӣ, қарзи барқ зиёда аз 200-ҳазор сомонӣ, аз хоҷагии коммуналӣ 1292-сомонӣ, аз Хадамоти оташнишонӣ 18-ҳазор сомонӣ, аз сохтмон барои пудратчӣ беш аз 2-милён сомонӣ, суғурта 24-ҳазор сомонӣ, андози давлатӣ 629-ҳазор сомонӣ, андози ҳифзи иҷтимоӣ 543-ҳазор сомонӣ. Аммо, ин охири кор нест. Ҳанӯз ҳам коргарон-патриотҳои ин корхона бо сабабҳои гуногун ҳамарӯза  «ба кор» меоянду мераванд. Баъзеҳо ба хотири «мабодо», қисмати дигар ба сабаби гуму бенишон нагаштани таҷҳизоту амволи ба зимма доштаашон ва боз онҳое, ки солҳои зиёд дар ин корхона кор кардаанду дилашон ба корхона месӯзад.

Рустам Султонов, сардори коргоҳи карбамид мегӯяд: «ман подотчетам ва дар ҳисоби ман 236-милён сомонӣ таҷҳизот вобаста аст. Агар худи ман аз болои он ҳамарӯза назорат набарам, киро парвои он аст? Дар сурати нобуд шудани дилхоҳ таҷҳизоту амвол  ҷавобгари он ман ҳастам, на аъзои комиссия. Чизе гум шавад, худи ҳамин комиссияе, ки ғам и маоши маро намехурад, бо камоли майл маро гунаҳкор мебарораду товони зарарро ҳатман талаб мекунад.»

Ҳайдаралӣ Дустматов, сардори коргоҳи аммиак, ки ба гуфтаи ӯ дар зиммааш зиёда аз 660-милён сомонӣ амволу таҷҳизот номнавис будааст, низ дар ҳамин ақидааст.

Норозигии ҶСК-чиён аз хулосаи комисияи давлатӣ

Дустматов мегӯяд, ҳангоми барҳамдиҳии ҶСК «Нуриҳои Осиё» ба раиси комиссия ҷаноби Саъдизода пешниҳод кардем, ки шарикони чиноиро то пардохт накардани маоши коргарон ҷавоб надиҳанд. Вале ӯ ба хоҳиши мо тамоман бепарво буд. Хонуми хитойӣ, роҳбари ширкати «Хэнан Чжун-Я» парида ба ватанаш рафт ва дигар бозомадану бо мо ҳисобӣ карданаш дар гумон аст.

Дар ҳамин ҳол, сардорони чанд коргоҳҳои дигар низ аз хулосаи ахири комисиони давлатӣ изҳори норозигӣ доштанд. Ба гуфтаи эшон, тайи ин муддат онҳоро ҳатто 1-сомонӣ ҳақдор накардаанд ва барои ба кор омадану аз кор рафтан ва дигар хароҷоти рӯздармиёнро аз кисаи худ сарф мекардаанд. Мутаассифона, комиссиони давлатӣ, ки ба андешаи коргарони ҶСК «Нуриҳои Осиё» ҳатто барои ба ин ҷо омадан ҳатман «командировочный» мегиранд, натавонистанд ва ё нахостанд ба дарди ин мардум даво бахшанд. Ҳол он, ки тибқи банди 3-и моддаи 100-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ»  ҳамаи ваколатҳои вобаста ба идораи ҷамъиятӣ-саҳҳомӣ ба ӯҳдаи комиссияи барҳамдиҳӣ мегузарад. Мантиқан, ҳамин комиссия дар ин давра мақомоти иҷроияи ҷамъияти саҳҳомӣ ба ҳисоб меравад ва дар пайи ҳалли ҳар мушкилу проблеми ҳалношуда муваззаф мегардад. Аммо комиссияи барҳамдиҳӣ ва дар оянда масъули идораи ҷамъияти саҳҳомӣ, на танҳо мушкилотро ҳал накард, ки бо як қарори комилан ноогоҳона ҳамаи кормандони техникӣ ва муҳандисони коргоҳҳоро ба рухсатии бемузд пеш кард. Ин дар ҳолест, ки дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ, механизмҳои ҳаракаткунанда дар ҳолати бекорӣ, бояд дар ҳолати консерватсия қарор бигиранд. Барои ин амалиёт зарур аст то муҳандисону техникҳои касбӣ ҳамарӯза дар кор бошанд. Чӣ зарурат буд, то ин касбиёни сарсупурдаро, ки бе музд меҳнат мекунанд, комисияи бесалоҳият пеш кунад?

  Бумеранг дар мақомотҳои давлатӣ

Баъди амалиёти комисияи давлатӣ роҳбарияту коргарони ҶСК «Нуриҳои Осиё» ба Раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Левакант, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати молия, ва ахиран,ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент боз ҳам мактубу дархостҳо фиристодаанд, аммо ҳанӯз ҳам бе натиҷа. Аҷиб он аст, ки Дастгоҳи иҷроияи Президент номаро ба Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ барои санҷиш интиқол додаву ин мақомот ба ҳамин тарз ба зердастонашон дар вилояти Хатлон фиристондаанд. Ҳол он, ки ҳамаи мақомоти давлатӣ дар вилояти Хатлон аз қазия огаҳӣ доранду  дар ҳалли он оҷиз мондаанд, чунки салоҳи кор дар дасти ҳукумати ҷумҳурӣ аст, на вилоят. Ин номафиристиву санҷишоварӣ бумерангро мемонад, ки ахиран боз ба дасти «Нуриҳои Осиё» омада мерасад.

        Ҳадафи 4-уми стратегӣ чӣ буд? 

Ин мушкилоту сарусадоҳо ва бемасъулияти масъулон дар ҳолест, ки ҳадафи чоруми стратегии кишвар ин Саноатикунонии босуръати мамлакат унвон шудааст. Инро бошад на шахси дуюму сеюм, балки шахси якуми кишвар мӯҳтарам Пешвои миллат таъкид кардааст. Ёдовар мешавем, ки корхонаи саноатии «Нуриҳои Осиё», ҳамакнун «Азот», ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ҳамаи ҷумҳурӣ буда, бешак барои ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Барои барқарор нигаҳ доштани он пеш аз ҳама нигаҳдории моликияти он, ки милиардҳо сомонӣ қиммат доранд ва дар ҳолати корӣ нигаҳ доштани дастгоҳҳову таҷҳизоти технологӣ зарур мебошад. Гузашта аз ин, ҳамин корхона баъди ба кор даромадан тавони пур кардани на танҳо буҷаи шаҳри Левакант, ки ҳатто вилояти Хатлонро дорад. Ё не, ҷанобон? Саволи матраҳ ин аст, ки агар тавони нигаҳдории корхонаи тайёрро надошта бошем, чӣ гуна кишварро босуръат саноатӣ мекунем?  Мавзуъро пайгир мемонем.

                                               Аслиддин  Достиев