- Иҷтимоъ

ЭЙ БЕИНСОФҲО, АЗ ЗАНУ ФАРЗАНДАМ ҶУДОЯМ НАСОЗЕД!

Алишер Ёрхонов ҷавонмарди 43-сола, сокини ноҳияи Кӯлоб, хоҷагии ба номи Назаров, рустои Файзободи боло, солҳои зиёдест, ки гирифтори бемории вазнин гаштаву пойи роҳрав ва дастони коргар надорад. У соли 2000-ум гирифтори касалии домана гашта, бо иллати камбағалӣ ва надоштани маблағ табобати зарурӣ нагирифтааст. Баъди он, сутунмӯҳраи миёнаш осеб дидаву пойҳояш ба якбор шал шудаанд ва ҳам дастонаш камқуввату нодаркор гаштаанд. Наздики 20-сол аст, ки  бо такя ба асо ҳамагӣ 20-30-метр роҳ мераваду тез хаставу афгор мешавад.  

Алишер мегӯяд, оиладор асту соҳиби 3-фарзанд, вале манзили зист надорад. Аниқтараш, дар хонаи падарӣ ба сар мебараду вале бародарони ҳамхунаш ҳар рӯз маломаташ мекунанд, ки ту дигар ба ҳич кас даркор нестӣ. Занатро талоқ деҳ аз хона равад ва мо бошад туро ба интернати маъюбон ба Душанбе бурда месупорем. Зеро ту дигар нолозимӣ ва хонаро холӣ намо.  Ин дар ҳолест, ки дар гузашта ҳамин ҷавонмард дасту бозуи қавӣ дошту кор мекард ва аҳли оилаи ҳам худаш ва ҳам бародарону хоҳаронашро мехӯронду мепӯшонд.

«Аз шунидани таънаву маломат ба ҷон расидаам, вале чорае надорам. Намехоҳам аз зану фарзандонам ҷудо монам. Наздики 20-сол аст, ки зани бечораам мани маъюбу дилшикастаро парасторӣ мекунад, ба ҳама дашному ҳақорати наздикон ва сахтии рӯзгор тоқат дорад, агарчӣ рӯзу шаб гирён аст. Аз мушкили рӯзгор ва дарди зиёд якчанд маротиба ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб, Дастгоҳи Президент ва худи Президент номаву дархост навиштам, то барои барқарории саломатиам кумак намоянд, вале афсус, ки аз он ҷониб ҷавобе нарасид. Аниқтараш, маротибае маро ба беморхонаи шаҳр бурда хобонданду гуфтанд, ки ҳама дорувориро бояд худам харидорӣ кунам. Эй беинсофҳо, ман охир маъюбу ранҷураму мӯҳтоҷи 1-дирам, аз куҷо тавони дорухарӣ дорам!?»

   Табибон гуфтаанд, ки барои саломатии туро барқарор кардан маблағи зиёд ва табобати дароз лозим аст, ту ки пул надорӣ, ночор мемонӣ. ӯ мегӯяд, бе огоҳии духтурон медонад, ки барои табобати ӯ маблағи зиёд зарур аст ва ба ҳамин хотир, яъне надоштани пулу мол, номаи пур аз зориву илтиҷо ба Президенту ҳукуматдорон фиристодааст, вагарна бо доштани шароиту маблағ ҷониби касеву чизе гардан хам намекард. Ба андешаи Алишер, номаи ӯ то ба Дастгоҳи Президенту ҳам Ҷаноби Олӣ намерасад, аз ин хотир ба воситаи «Пайк» бо ин нома муроҷиат кардаву зориву илтиҷо менамояд, то ба дардаш бирасанд. Ё шояд кадом ҷавонмарди дорое барои аҷру савоб дастгираш мегардаду табобаташ мефармояд. Дар ҳар маврид, намехоҳад то наздикони сангдилаш ӯро аз зану фарзандаш ҷудо сохтаву дар кадом хона-интернате бурда партоянд.

Аслиддин Достиев