- Иҷтимоъ, Фарҳанг

Фарҳанги пусидаи санъаткорони Муъминобод

Миёни 220 давлати дунё Тоҷикистон аз шумули он давлатҳое эътироф шудааст, ки бо фарҳангу санъати ниёкони хеш миёни мамлакатҳои дигар бартарӣ дорад ва анъанаву кавкаба ва пояи баланди фарҳангиаш  аз халқу башари хориҷ баҳои мусбат гирифтааст. Албатта қобили қабул аст, ки мо маҳорати баланди густариши фарҳанги ориёиро дорем ва фаррух аз онем, ки фарҳанги табори тоҷиконаи мо қобили пазироиш аст ба кули Созмони Милали Муттаҳид. Шоён ба гуфтан аст, ки фарҳангу тамаддун ва санъат низ бояд тасхиргар,  поянда ва зоянда бошад. Яқин аст, он ки минтақаи Хатлонро маркази фарҳангзои Тоҷикистон ном мебаранд. Хушбахтона ҳастанд санъаткорони соҳавие, ки баландии авҷи фарҳанги Хатлону Суғду Бадахшонро то ба каҳкашон мебаранд. Омил аз нигоштани нуқотам ин нест, ки шуҳрати зиёиёни Хатлониро туъмаи хоки сиёҳ созам, вале гумон дорам нагуфтани санъати пусидаи қолабии санъаткорони Қасри фарҳанги Муъминобод нангу хиёнат аст дар ҳақи санъату фарҳанги маъруфи тоҷикона. Албатта, омили ба риштаи нақд кашидани ин мавзуъ бандаро ин аст, ки ландаҳурию танбалиро партофта, паи эҷоди суруду тарона, сенарияи нав ва намоишҳои ҷадиди аз руи асарҳои эҷодкардаи нависандагони маъруф пардозем, то дастболову маҳбуби дӯстдори санъат ва мухлиси волоталъат бошем. Дар ҳисоботи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод барои соли 2019 омадааст, ки давоми соли 2019 дар бахши фарҳанг аз ҳисоби муассисаҳои клубӣ 225 чорабинӣ ва аз тарафи китобхонаҳои оммавӣ 690 чорабиниҳои  фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба ҷашну идҳо гузаронида шудааст, вале мо шумори чорабиниҳои болозикрро мадди назар намуда, танҳо ба он чорабиниҳое, ки давоми моҳи октябр-ноябри соли 2019 дар толори Қасри фарҳанг гузаронида шудаанд (Рӯзҳои забони давлатӣ, Фалак, 25 солагии Конститутсия, Рӯзҳои Президент, милитсия ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон) назар андозем бас аст, ки ҳамагӣ қолабию анқариб такрориянд. Ҳаргиз ба гушаи фаромушӣ бурда наметавонам онеро, ки иди Парчам, ки яке аз чорабиниҳои хоси сиёсии ҷумҳурӣ аст, баъди гузаштани роҳпаймоии якҷояи роҳбарон ва кормандони парчамбадасти ноҳия, ки бо овози баланд шиори “Поянда бод Парчами миллӣ, поянда бод сулҳу осоишдагии Ватан” –ро ба забон меоварданд, қисмати фарҳангии ин чорабинии сиёсиро санъаткорони ҷавони чаласавод ва дур аз фарҳанги санъат бо сурудҳои пучмағз ва бемаънии туёнаи хеш, ба қавли худ, бо як кадхудоӣ гуё оро доданд, ки ин маъракаи сиёсиро аҳли толор аз курбазми туёна қиёс карда наметавонистанд ва пайваста мегуфтанд, ки ин сурудҳоро аз ёд кардем, охир боз ҳамон се сарояндаву як раққоса. Ҳамин аст, ки тамошобини толор роҳи гурез мекобад ва чубдардастдорони баромадгоҳҳои толор аз шин-шин гуфтана даҳонашон хаф мекунад. Ҷавонсанъаткорони Қасри фарҳангро ҳамин мондааст, ки дар чорабиниҳои  сиёсӣ “сартарошону шуяк-шуякро хонда гузаранд. Андешаи ҷониб ин аст, ки хуб мебуд, агар ҷои зулфи ёр қамчин, руи ёр нозанин, лаби ёр шакар ва Эмануелаву аз 1 то 15 гули сунҷит ба бари руи ёр гуфтана, васфи Ватан, Ваҳдат , Истиқлолиятро намоем. Бар он андешаам, ки ҳамчунинҳое, ки дар идораву муассисаҳои мухталифи ноҳия фаъолият доранд ва ҳатто роҳбар ҳам  ҳастанд, кӣ ва чӣ гуна онҳоро  бовар карданду ба кор гирифтанд? Шояд мақоли халқие, ки “Дар ҷайбат пул гиру харро амак гую сарро хам гиру ҳақорат шунаву корро пеш бар” –ро тавсия додаанд? Агар ин аст тавсияву ғамхорӣ ва нигоҳи сиёсии мо ба таъиноти кадрӣ ва супоришҳои Сарвари давлат, пас мо ҳамагӣ кури маънавием.

Ҳой санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия, ё суруду намоишномаҳои тоза эҷод намоед ё омодаи оқу талоқи санъату фарҳанг бошед!

Доираи даридада биё бача!

Бахтовар Қаландаров,рӯзноманигор.н.Муъминобод.