- Иҷтимоъ

Аёдати собиқадорони меҳнат аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори ҷангу меҳнат таҳти ғамхорӣ ва дастгирии давлату ҳукумат қарор доранд.

Ба ин хотир, санаи 24 декабри соли 2019 аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Баҳром Иноятзода ба се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Мирзо Бегматов, Холматов Дилдор, Шариф Ғулом  кӯмакҳои солинавӣ расонида шуд.

Раиси шаҳр баҳри болидаруҳии онҳо ва қадр намудани хизмат ба Ватан кӯмакҳои пулӣ ва маводҳои ғизоӣ, аз қабилӣ  орд, гӯшт, равған, биринҷ, макарон ва шакар расониданд. Собиқадорони ҷангу меҳнат миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Кӯлоб барои чунин қадрдониҳо изҳор доштанд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахурони яккаву танҳо, маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон таҳти ғамхориву сарпарастии пайвастаи давлату ҳукумат  қарор доранд.  

Мутахассиси пешбари бахши

бойгонӣ— матбуотӣ Дилором Файзова