- Тандурустӣ

Ҳамадонӣ: ҳалли камбудиҳо мақсади ягонаи роҳбари навтаини соҳаи тиб

   Дар баробари шароитҳои созгор ва бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббию табобатӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боз як қатор камбудиҳое низ рӯи кор ҳастанд, ки заъфи пешравии соҳа буда, чора андешидан ва бартараф кардани он мушкилиҳо ба ақидаи мо иқдоми саривақтӣ хоҳад буд. Дар ин асно роҳбарияти навтаъини Беморхонаи марказии ноҳия кушиш ба харҷ дода истодаанд, то корро аз бартараф кардани мушкилот оғоз намоянд.   

   Дар бахши тандурустии ноҳияи Ҳамадонӣ муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз 1 маркази саломатӣ, 20 маркази саломатии деҳотӣ ва 23 бунгоҳи тандурустии деҳотӣ иборат мебошад. Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия алҳол 162 нафар табибони маълумоти олидор (6 нафарашон маълумоти олии ғайритиббӣ), 741 нафар кормандони миёна ва 320 нафар кормандони хурди тиббӣ машғули кор мебошанд. Дар байни табибони муассисаҳои КАТС 32 нафар дараҷаи олӣ, 31 нафар дараҷаи якум ва 5 нафар дараҷаи дуюми тахассусӣ доранд. Аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб бошад, 128 нафар дараҷаи олӣ, 29 дараҷаи якум ва 43 нафар дараҷаи дуюми тахассусӣ доранд, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта хеле хуб аст.

   Айни ҳол бахши бистарикунонии ноҳия, ки дорои 10 шуъба: таваллуд, ҷарроҳӣ, бемориҳои занона, амрози даруна, бемориҳои асаб, бемориҳои дил, бемориҳои кӯдакона, наҷот, шуъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият дорад, ки бо 320 кат таъмин мебошад. Инчунин 4 беморхонаи минтақавӣ бо 125 кат, Маркази зидди бемориҳои сил 20 кат, дар ҷамъ 465 кат мавҷуд аст.

   Бунёди беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ ба роҳ монда шуда, ба гуфтимасъулонайни ҳол таъмири МСН аз тарафи соҳибкор идома дорад. Маркази саломатии ноҳиявии Халифаев аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Сохтмони бунгоҳи тиббии «Таги намак» оғоз гардид. Сохтмони Маркази саломатии деҳоти Пушкини ҷамоати «Қаҳрамон» аз тарафи як соҳибкор оғоз мегардад. Дар муассисаҳои бахши бистарикунонӣ бошад як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла бо дастгирии як соҳибкор бинои шуъбаи таваллуди беморхонаи ҷамоати Меҳнатобод аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ошёнаи якуми шуъбаи ҷарроҳӣ бошад аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии ҶТ ба таъмир фаро гирифта шуд.

   Розиқов Ҳ, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур тавре қайд дошт: «Баробари ба ин вазифа таъин шудан кӯшиш менамоям, ки корро аз бартараф сохтани камбудиҳое, ки дар ин соҳа мавҷуданд, оғоз намоям. Дар назди мо масъулияти бузурге гузошта шудааст. Яке аз ҳадафҳои мо, ки хизмат ба халқ аст, онро сифатнок ва сари вақт адо намоям ва муҳим аз ҳама боварии халқро сазовор бошам.»

    Дар муассисаҳои табобатию профилактикии ноҳия мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Бавижа оид ба таъмин намудани мутахассисон дар муассисаҳои тандурустии ноҳия қайд намудан лозим, ки алҳол онҳо аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб пурра банд буда, аз ҳисоби табибон нарасидани мутахассисони соҳавӣ, аз қабили силшинос, дандонпизишк, табибони эҳёгарӣ, неонотолог, амрози даруна ва табибони тибби оилавӣ, дар маҷмуъ 20 ҳиссаи корӣ мутахассисони маълумоти олидор намерасад. Норасоии сӯзишворӣ (бензин солярка) дар Беморхонаи марказии ноҳия, норасоии маблағ барои пардохти қувваи барқ, таъмирталаб будани шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавии деҳотӣ, пурра нарасидани тестҳои оҷилӣ ва истифодаи маводҳои яккарата аз мушкили асосӣ ба ҳисоб мераванд.

   Ҳамзамон, дар муассисаҳои КАТС бошад, бунгоҳи саломатии деҳаҳои Қарағоч ва Бузахонаи деҳоти Чубек дар хонаи истиқоматӣ ва вагон, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Чойлобкамари деҳоти Чубек, Боғистони ба номи Турдиев, Гулистони Меҳнатобод ва деҳаи Панҷоби деҳоти Панҷоб дар муассисаҳои таълимӣ ҷойгир буда, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Маслуқ, Чордара ва Қиёнчашмаи деҳоти Чубек бино надоранд,

   Мо ҳам умед ба он мебандем, ки роҳбарияти навтаъини беморхонаи марказии ноҳия баҳри ҳал намудани камбудиҳои ҷойдошта ва хубу сифатнок ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ чораҳои зарурӣ ва саривақтиро ба роҳ мемонанд.

Худойдоди Ислом