- Иҷтимоъ

ТО КАЙ БОЯД ПРЕЗИДЕНТ БА ҶОЙИ ДИГАРОН ҒАМИ МАРДУМРО БИХӮРАД?

   Аз дидаву шунидаву ҳам аз таҷруба хулоса кардем, аксари мардум, чӣ ҷабрдида асту хоҳ ягон мушкиле дорад, на ба масъулини маҳалливу ноҳиявию вилоятӣ, ки салоҳияташон дар мадди аввал қонеъ кардани муроҷиати шаҳрвандон ва ҳалли мушкили эшон аст, бовар намекунанд, балки ба ягона шахси барояшон маҳбубу ғамхор ва раъиятпарвару мардуми худро дӯстмедошта, Президенти мардумии худ эътимод доранду умед мебанданд, ки ягона нафаре, ки мушкилашонро ҳал месозаду ба дардашон малҳам мегардад, маҳз Президент асту халос. Агар фикр намоӣ ки чаро масъулини поёнӣ ба мушкили сокинон, хусусан нафарони имконияташон махдуд расидагӣ намекунанд ва дардашонро намешунаванд, ягон мушкиле ҳам пеши роҳ буда наметавонад. Аз ин бар меояд, ки эшон масъаларо нодида мегиранд ва арзи сокинон аз тирезаи кабинети кории раиси ҷамоат қудрати ба раиси ноҳия ва ҳатто раиси вилоят расонданро гум мекунад.

Кӯмак пайи кӯмак, билохира бо шарофати президент масъулин хонаи Саодат Хоҷаеваро ёфтанд

   Саодат Хоҷаева, як сокини деҳаи Пушиёни поёни ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, ки бо иллати маълулият ба дунё омадаву дар зиндагӣ тамоми кору борро тариқи як даст ва пой иҷро мекунад ва бо се фарзанду шавҳараш зиндагии фақирона доранд, вақти ахир мавриди таваҷҷӯҳ ва кӯмакҳою ҳавасмандгардонии масъулин қарор гирифт. Пештоз бояд гуфт, ки ин таваҷҷӯҳи масъулин бесабаб набуда, баъди як гузориши «Радиои озодӣ» ва хоссатан як супориши сарвари маҳбуби халқ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии ин хонавода комилан тағйир ёфт ва маҷрои беҳбудиро касб кард. Чунончи дар гузориш гуфта мешавад:  

   «Саодат Хоҷаева ва шавҳараш Тоҷиддин Маҳмадалиев, мегӯянд, пас аз гузориши Радиои озодӣ зиндагии онҳо тамоман дигар шуд. Аммо ин дигаргунӣ на танҳо зимни ин гузориш, балки баъд аз сӯҳбати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин хонавода дар ҷаласаи ахири ҳукумат иттифоқ афтодааст. Раисҷумҳур Саодатро намунаи худфидоӣ ва иродаи қавӣ донистааст»-гуфта мешавад дар гузориши дуюми ин расонаи хабарӣ.

   Бояд гуфт, ки баъди гузориш, он масъулоне, ки (албатта мадди назар масъулони сатҳи ноҳиявӣ ҳастанд) то ин муддат аз ҳоли Саодат Хоҷаева огоҳӣ надоштанд, ё аниқтараш доштанду ҳатто ҳавсалаи ба хонаи ӯ омадану аз аҳволаш хабар гирифтанро намекарданд, билохира ва аниқтараш хушбахтона роҳи хонаи ӯро ёфтанд. Сар карда аз раиси ҷамоат то раиси ноҳия ва раисони кумитаву идораҳо ба суроғи ин зани маълул ва ба кӯмак ниёздошта шитофданд. Дигар аламовараш ин аст, ки мавсуф бисёрии онҳоро бори аввал дар хонааш дидаасту ва ҳам намешиносадашон.

   «Ҳеҷ бовар надоштем, ки зиндагии мо баъди гузориши Радиои Озодӣ тағйир мехӯрад. Чанд рӯзи пеш дар хона нишаста будем, ки яке раиси ноҳия ва як зан омада ва худро раиси Кумитаи занон муаррифӣ кард. Маро сахт ба оғуш кашида, 2 ҳазор сомонӣ дод. Ростӣ ҳайрон шудам. Раиси ноҳия гуфт, ки хонаатро таъмир мекунам.»-омадааст, дар идомаи гузориш.

   Дарвоқеъ аз ин ба баъд зиндагии қаҳрамони ин матлаби мадди назари мо дигаргун шуд, масъулин навбат ба навбат ба дидораш омаданд. Барояш тӯҳфа, ҷиҳози манзил, пулу мол ва хӯрокаву либоса оварданд. Барои боз ҳам беҳбудӣ бахшидани зиндагияш ваъдаҳои гуворояш доданд. Ба қавле дар ин иқдоми хайр ҳар кадом масъулон ҳиммати худро болотар аз дигаронаш нишон медиҳанд. Ҳар кадом даъво дорад, ки барои Худо ва барои савоб мекунанд. Дар ин миён риққатовараш он аст, ки чаро маҳз худи масъулини ноҳия пас аз пахши гузориш ва таваҷҷӯҳи президенти кишвар ба аёдати хонум Хоҷаева омаданд ё худ намедонистанд, ки чунин як зан бо имконияти маҳдуд ва се фарзанду ҳатто шавҳари маъюбаш дар яке аз гӯшаҳои кишвар, яъне деҳаи Пушиёни поён зиндагӣ менамуд? Ҳол он ки аз наворҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки Хоҷаева бо ин ҳад зиндагии мушкил ва зиндагии фақирона аз ягон нафар дасти кӯмак намепурсаду аз ин гуна маҷро гирифтани зиндагияш шиква ҳам намекунад. Баръакс ба кору бори зиндагӣ сахт дода шуда, эҳтиёҷ ба ёрии касе ҳам надорад. Дар баробари ин, то ин вақт ва пас аз гузориши фавқ низ чашми масъулон ба ҳолати бади ин зан нарасид. То даме, ки сарвари давлат, ки худ шахси раиятпарвару гуманисти воқеиянд, ба ин масъала диққат надоданд, масъулони зердаст гӯё ки чашмашон пӯшидаву пояшон баста буд, ки ёди бечорагону маъюбон накарданд.

Дасти кӯтоҳи ВАО-и давлатӣ ё гурез аз мушкилоти мардум?

Бояд гуфт, ки дар ҷодаи фаъолият хоҳ васоити ахбори оммаи давлатӣ аст, хоҳ мустақил, бояд ҳарду дар як меҳвар, он ҳам беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти мардум ва ҷомеа чарх зананд. Аммо бояд гуфт, ки ВАО-и расмӣ, шурӯъ аз радиову телевизион то ба рӯзномаю маҷаллаҳо бештари вақт на ба мавзуҳои мубрам, балки забонзада рӯ овардаанд. Ҳалли мушкилоти мардум, ки асоситарин ҷанбаи фаолияти рӯзноманигорист, аз дурбинҳои телевизионҳо, сабти овозии радио ва инъикоси воқеии маводу матлабҳои рӯзномаҳои расмӣ дур мемонад. Кор то ба дараҷае мерасад, ки ҳатто ин гуна ВАО барои ҳамтоёни худ, ВАО-и мустақил «анти» мегарданду ба қавле, онҳоро аз хок гирифта боз ба хок мезананд. Чӣ гуфтан мехоҳам? Яъне онҳо ҳамкасбони худро то ба ҳадде миёни ҷомеа «дурӯғгӯ» сохтан мехоҳанд, ки ногуфтанист. Фарз кардем, ки як рӯзномаи мустақил аз камбудии ҷиддие, бемасъулиятии роҳбаре, маош нагирифтани кормандони идораҳои буҷетӣ, норасоии оби ошомиданӣ ё муддатҳо дар кӯчаву маҳаллаҳо хобидани партовҳо ва даҳҳо камбудии дигар лаб кушояду маводе нависад, масъулин инро хуш намепазиранд ва нашрияро барои  худ «душман» меҳисобанду муаллифонро маломат месозанд. Ба он сарфаҳм нарафта, ки ин кор ба манфиати худашон аст. Вале, бояд гуфт, ки расонаҳои маҳаллии барои онҳо ошно «родной» аввалин корашон ин аст, ки дасту остин барзада, муқобили маводҳои таҳлилию танқидӣ маводи ҷавобӣ омода месозанд ва масъалаи мавриди назарро инъикос мекунанд, ки гӯё ҳама кор 100% аст. Масъулони танбалу ноуҳдабароро чунон васф месозанд, ки касе нафаҳмад фикр мекунад, ки он масъул фаришта аст. Ана ҳамин гуна хислат аст, ки камбудии ҷомеа гоҳе таги хок мемонаду гоҳи дигар, аз абр боло нопадид мегардад. Суоли дигар ҳам ин аст, чаро ВАО-и расмӣ аз ҳаёти Саодат Хоҷаева барин зани муборизу қавиирода, аммо аз зиндагӣ ранҷкашидаву фақир гузоришҳо намедиҳанд?  

Чаро масъулин худ мардумӣ нестанд!?

   Агар бо чашми хирад ва нигоҳи воқеӣ ба ҷомеаи имрӯза бингарем, мисоли Саодат Хоҷаева барин занони маъюб ва рӯзгори вазниндошта зиёданду кам не. Хуб аст, ки ин зани аз як даст модарзод маҳруммонда тариқи дигар даст ва пойҳояш корҳои зарурӣ ва хоҷагиро адо мекунад. Лекин камбахтона аз ин зан дида нафарони дигаре ҳастанд, ки аз узвҳои ҳаётан муҳим оҷизанду ширинию талхии зиндагияшон танҳо болои бистар аст. Бояд гуфт, ки ин нафарони осебпазири ҷомеа бештари вақт аз назари мақомот дур мемонанд ва масъулини марбута ба таври зарурӣ аз ҳоли эшон хабардор нестанд. Мисоли ягона ана ҳамин гузориш шуда метавонад. Аз он ки ин нафар дар таги фуки масъулон қарор дошту ҳатто як нафар қудрат накард, ки ба дидораш равад, ин нишонаи рушани бемасъулиятии онҳо аст.

   Дар идомаи гузориш ҳам ин ҷиҳати масъала чунин ишора шудааст: «Ҳамдеҳагони Саодат Хоҷаева мегӯянд, ки бисёриҳо аҳволи ин хонаводаро медонистанд, аммо ишораи президенти кишвар сабаб шуд, ки ҳоло ҳама ба ҳаёти ӯ таваҷҷуҳ мекунанд. Ҳол он, ки аксари чунин қаҳрамонҳо пӯшти парда пинҳон мемонанд ва мақомот аз зиндагии фақиронаи онҳо хабардор намешаванд, зеро дар байни мардум нестанд.»

   Дигар ин, ки барои масъулон як одат роиҷ шудааст, то Президент фармон надиҳад, онҳо хасеро болои хасе НАМЕГУЗОРАНД. Ба онҳо чӣ шуда ки, худ дар ҷой нишаста, дигарон ба ҷойи онҳо дар хизмати халқ бошанд. Президент аз болои кори масъулин назорат барад, президент барои ҳалли мушкили деҳа ва шаҳру ноҳияе супориш диҳад, президент барои сохтани мактабу боғчаву донишгоҳ масъулинро муваззаф намояд, президент барои ободу зебо гардонидани шаҳре саъю кӯшиш намояд, пас дигар масъулон чаро курсиҳоро банд кардаанд. Дар ҳоле, ки мушкилии онҳоро аз марказ нишаста худи президент ҳаллу фасл месозад.

      Шурӯъ аз даврони ватансозӣ, замоне, ки ватан дар вартаи нестшавӣ буд, аз он рӯз то имрӯз хизматҳои бузурги Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз барои мардуми кишвар зиёд расидаасту расида истодааст. Мардум дар шахси Президенти худ, ҳомии асосии худу давлатро мебинад ва боварӣ дорад, ки дар ҳар ҳолати зарурӣ ёрии бевоситаи худро ба мардуми кишвар ва хусусан нафарони имконияташон маҳдуд хоҳад расонд. Дарвоқеъ халқ Президенти худро Президенти ба худашон нафари наздик ва Президенти мардумӣ ном мебаранд.

   Бо ин ҳама гиру дор, мардум ба масъулони поенӣ кам боварӣ доранд. Инҷо саволе посух меҷӯяд, чаро роҳбарону масъулони поёнӣ худ мардумӣ, ба халқ наздик шуда наметавонанд, барои ин кор чӣ ва чанд соли дигар лозим аст?         

   Худойдоди Ислом