- Тандурустӣ

МУАССИСОТИ ТАНДУРУСТИИ ПОЙТАХТ Чӣ ҲОЛ ДОРАНД?

Фаъолияти тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он баҳри беҳбудии сатҳи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистаринамоӣ, ташхис ва муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир ва дигар тадбирҳо равона карда шудааст.

Хароҷот ва даромад

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикии зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳр дар 166 919 058 сомонӣ (146 360 830 сомонӣ — 9 моҳи соли 2018) ба нақша гирифта шуда буд, ки он амалан ба андозаи 158 425 868 сомонӣ (94,9 %) аз худ карда шудааст. Инчунин баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 600 аз 2 декабри соли 2008 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» хизматрасониҳо ба маблағи 19 188 980 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он ба маблағи 19 359 250 сомонӣ (100,9 %) таъмин гардид. Сатҳи пасти пардохти маблағ дар МД Маркази саломатии шаҳрии №5 -57,5 %, МД Маркази саломатии шахрии №15- 74,2% Маркази саломатии шаҳрии №4- 80 %, МД МНДСЭ шахри Душанбе 72,7 % нишон дод.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ барои таъмиру харидории таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 5 259 486 сомонӣ аз маблағҳои буҷавӣ сарф шудааст,инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус ба маблағи – 737 231 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шудааст, дар ҷамъ 5 996 717 сомониро ташкил медиҳанд. Аз раёсати тандурустӣ иттилоъ дода шуд, ки дар МТП-и зерсохтори Раёсат дар 9 моҳи соли ҷорӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои ғайрибуҷавӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмӯъ аз ҳисоби Муассисаҳои худмаблағгузории зерсохтори Раёсати тандурустӣ дар 9 моҳи соли 2019 даромад ба маблағи 4 237 323 сомонӣ ва хароҷот 4 192 243,9 сомонӣ, ки ба маблағи 45 079,1 сомонӣ бо фоида фаъолият намудааст.

Дар маҷмӯъ аз ҳисоби Муассисаҳои худмаблағгузори зертобеъи Раёсати тандурустӣ дар нӯҳ моҳи соли 2019 даромад ба маблағи 4 237 323 сомонӣ ва хароҷот 4 192 243,9 сомонӣ, ки ба маблағи 45 079, сомонӣ бо фоида фаъолият намудаанд.

Беморхонаҳо ва беморони шаҳр

Беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки имрӯз фаъолият доранд 16-то буда, дорои 2745 кати муолиҷавӣ мебошанд. Ғайр аз ин дар тобеияти Раёсати тандурустии шаҳр ду хонаи кӯдакон, ки ҳар кадом дорои 100 кат мебошанд ва дар онҳо кӯдакони бепарастор ва сағирмонда муддати 4 сол бистарӣ мешаванд, фаъолият доранд. Таъминотнокӣ 32,9 кат нисбати 10 000 аҳолиро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 905 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 495 катҳои акушер-гинекологӣ ва 731 катҳои педиатрӣ ташкил медиҳанд.

Дар 9 моҳи соли равон 73634 нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳри бистарӣ шудаанд, ки ин 8,6% аҳолиро дар бар мегирад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 29691 нафарашон аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд, ки ин ба 40,3% баробар аст.

Дар мувофиқа бо Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе — 30 муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе барои қабули нерӯи гармӣ дар мавсими гармидиҳии солҳои 2019-2020 ба нақша гирифта шудаанд, аз он ҷумла 20 муассиса аз ҳисоби гармии мутамарказ ва 10 муассисаи дигар аз ҳисоби дегхонаҳои локалӣ.

                                   Сиёсати кадрӣ

Дар асоси нишондодҳои оморӣ дар сохтори Раёсати тандурустии шаҳр 3311 нафар табибон ва 5410 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Таъминотнокӣ бо табибон 38,8 ва кормандони миёнаи тиб 63,5 ба 10 000 аҳолиро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли 2019-ум – 953 нафар, аз ҷумла 292 нафар табибон ва 661 нафар кормандони миёнаи тиб ба кор таъмин шудаанд. Дараҷанокии касбии табибон дар 59 муассиса 94,0% ва кормандони миёнаи тиб бошад, таносубан 92,4% дар муассисаҳо ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои тандурустӣ 90 нафар номзадони илмҳои тиб, 6 нафар докторони илмҳои тиб ва 1 нафар академики Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе 10 амбулаторияҳо, 91 шуъбаҳо, 547 нафар табибони оилавӣ ва 1255 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ фаъолият дошта, ба аҳолии пойтахт пурра хизмати тибби оилавӣ мерасонанд.

Хизматрасонӣ ба атфол ва модар

Тибқи омори расмӣ дар шаҳри Душанбе 231654 (27,2%) нафар занони қобили таваллуд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 107479 нафарашон (46,4 %) бо маводи контрасептивӣ фаро гирифта шудаанд. Дар Маркази шаҳрии солимии репродуктивӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ ба маблағи 225151,76 сомонӣ маводҳои контрасептивӣ ҳамчун ёрии башардӯстона таъмин карда шуд. Нишондоди таваллуд дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбати 1000 нафар аҳолӣ 22,0 ташкил медиҳад. Инчунин дар 9 моҳи соли ҷорӣ 87 нафар тифлон (0,8%) дар хона таваллуд шудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар аввали соли 2019-2684 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд. То 1-уми октябри соли 2019-ум 27 нафар солим гардонида шудаанд, 104 нафар ба синни 18 расида, ба ХДТТИ фиристонида шуданд, 27 нафар фавтиданд, 54 нафар ба дигар минтақаҳо кӯчиданд, 54 нафар аз дигар минтақаҳо кӯчида омаданд ва ба 208 нафар кӯдакон бори аввал маъюбӣ дода шудаанд, ки ин шумора ба 2712 нафар расид.

Хатнаи кӯдакон ва муонаи никоҳшавандагон

Оид ба гузаронидани амалиёти хатна дар нӯҳмоҳаи соли 2019 дар шаҳри Душанбе, хамагӣ 8050 амалиёти хатна гузаронида шуда, аз тарафи мутахассисони Марказҳои саломатии шаҳрӣ- 6702 -83,3% ва дар беморхонаҳо- 1348- 16,7% амалиёти хатна дар байни кӯдакон гузаронида шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 6459 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ гузаштаанд, ки аз онҳо 3464 нафар ҷавонписарон ва 2995 нафар духтарон мебошанд. Аз шумораи муоинашудагон 274 (4,2%) нафар бо бемориҳо дарёфт гардиданд.

Гирифторони бемории сил

Дарёфти бемориҳои сил асосан ба уҳдаи марказҳои саломатии шаҳрӣ гузошта шудааст. Нисбати назорати табобати кӯтоҳмуддати бемории сил бо ташхиси микроскопӣ дар ҳафт марказҳои саломатии шаҳрии №1, 2, 3, 7, 10, 14 ва Маркази шаҳрии мубориза бар зидди сил нуқтаҳои зидди касалии сил фаъолият доранд. Дар нӯҳ моҳи соли равон ҳамагӣ 431 бемор ба қайд гирифта шуд, ки ин миқдор 392 нафарашон бори аввал мебошанд. Аз шумораи умумии беморони бори аввал ба қайд гирифташуда (392 нафар) 199 (50,7%) нафарашон мард ва 193 (49,3%) нафарашон занон мебошанд. Аз беморони бори аввал дарёфтшуда кӯдакон 45 нафар –11,4%, наврасон 20 нафар – 5,1% ва калонсолон 327 нафар – 83,4%-ро ташкил медиҳанд. Аз шумораи дарёфтгардидагон 30 нафарашон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Аз он ҷумла 21 ҳолати беморӣ бо ташхиси сили иртишоҳи шушҳо дар Федератсияи Руссия тасдиқгардида, ба табобати ҷои зист равон карда шудааст.

Инчунин вобаста ба фаъолияти дигар самтҳои тандурустии пойтахт дар шумораҳои оянда хоҳеи гуфт.

Нуралӣ Карим

Душанбе