- Иҷтимоъ

ЗАЙНУЛЛО МУРОДОВ: МИЁНИ МАЪЮБОН ИСТЕЪДОДҲОИ КАШФНОШУДА ЗИЁДАНД

   Ҳаёту фаъолияти Зайнулло Муродов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Равонбахш” дар ноҳияи Ҳамадонӣ барои ҳамагон дарси ибрат аст. Ба он нигоҳ накарда, ки нисфи умрро дар маълулият гузарондааст, вале беш аз пеш бо нумедӣ даст ба гардан шудааст. Танҳо як садамаи нақлиётӣ боис гашт, ки ин қаҳрамони матлаби мо дар авҷи камолот, дар айни пухта расидани орзуҳои ширину гуворо, замони  аз пойи равон маҳрум монаду куллан ҳаёташ маҷрои дигар бигирад. Ҳарчанд, ки ӯ аз муҳимтарин узви ҳаёт, пойҳо маҳрум гашт, вале умед бастан ба ояндаи некро шиори ҳамешагии худ қарор дода, бо нобасомониҳои зиндагӣ мубориза бурд ва имрӯз ба мисли худаш нафарони имконияти маҳдуддоштаро якҷо ҷамъ оварда, барои беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии эшон мудом дар талош аст. Барои ба хонанда ошно намудани зиндагии ин нафар мусоҳибаеро ҳамроҳаш анҷом додем.

 Зиндагиро бо чӣ хотироте ба хонанда қисса кардан мехоҳед?

   Ман Муродов Зайнулло Ҳабибуллоевич, 30 январи соли 1970 дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадаам. Хушбахтона, дар муҳити орому осуда ва то ҳадде фарҳангӣ ба воя расидам. Чун дигар ҳамсолонам дар синни 7 солагӣ маро ба мактаб равон карданд. Соли 1977 то соли 1987 пайи тадрис будаму монанди дигар ҳамсабақон мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намудам. Баъди хатми мактаби миёна ба мактаби олӣ ҳуҷҷат супоридам, вале  камбахтона натавонистам шомили Донишгоҳи тиббӣ шавам. Як сол дар омӯзишгоҳи №32 шаҳри Кӯлоб ҳунар омӯхтам. Соли 1987 маро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карданд ва дар тарафи Қафқози шимолӣ адои хизмат кардам. Чун аз мактаби миёна таҳкурсии мустаҳкам доштам, дубора кӯшиш кардам, ки шомили мактаби олӣ шавам. Чун дубора низ ноком шудам, дар яке аз корхонаҳои азимтарини шаҳри Душанбе “Тоҷик Текстил- маш” ба кор даромадам. 29 декабри соли 1994 дар арафаи соли нав хостем, ки ба аёдати падару модар равем, дар ин миён дар роҳи Олимтой ба садама дучор шудам. Замоне, ки зиндагӣ хеле мушкил буд. Се моҳ дар ноҳия табобат гирифта, ҷарроҳӣ шудам. Ҷарроҳии дуюмро дар Душанбе гузарондам, бароям нафақаи маъюбӣ таъин карданд. Аз соли 1994 то имрӯз пойҳои худро ба пойҳои сунъӣ ва аробачаи маъюбӣ иваз кардам. Шукрона мекунам, ки муҳити хуби оилавӣ, дастгирии бародарон, аҳли байт аст, ки барои ман дилгармӣ мебахшад нисбат ба зиндагӣ.

Ягона мушкилие, ки аз он ранҷ мекашидед кадом аст?

   Албатта, вақте,  ки инсон давоми 25 сол бо пойи худ ҳаракат мекунад, медавад, меҷаҳад, метавонад ва мехоҳад, ҳар корашро худаш иҷро кунад, яку якбора аз пойи равон маҳрум мешавад, хеле вазнин аст, даҳшат аст ва инсонро ба ҳар гуна фикрҳо меорад ва ба куллӣ зиндагӣ тағйир меёбад. Орзую ҳавасҳои қаблӣ канор мемонанд ва рӯ ба рӯ бо тақдир намедонӣ ки чӣ рӯх медиҳад. Боз мисли як киштие, ки рӯи об бе кадхудо ҳаракат дорад, ҳамонро тасаввур мекунӣ. Вале хушбахтона он рӯзҳо оҳиста-оҳиста пушти сар мешаванду зиндагӣ маҷрои худашро меёбад. Баъзан чизҳое пайдо шуданд, ки шояд дар он давра он чизҳоро дарк карда наметавонӣ. Фарз кардем, ки дар ин ҳолат дӯстони ҷонию нониро аз ҳам фарқ мекунӣ, нафарони дилсӯзу меҳрубон пайдо мешаванд. То ҳадде одамшинос мешавӣ. Ҳарчанд, ки дар рӯи бистар низ хоб бошӣ, аммо аз рӯи бистар назар кардан, дақиқияти худро дорад. Вақте аз бистар ба инсонҳои солим назар меандозӣ як чизе кашф мекунӣ.

Аз кай ба ташкилоти “Равонбахш” пайвастед?

   Соли 2014 яке аз устодони бисёр ҳам дардошно Вализода Сайдамир, сармуҳаррири рӯзномаи “Зафар”-и ноҳияи Ҳамадонӣ маслиҳат доданд, ки як ташкилоти маъюбон таъсис диҳед ва пайи кор шавед. Ҳарчанд то ин вақт ман фурсати зиёд надоштам. Пайваста ба эҷод кардану китобхонӣ банд будам. Дар асл таъсиси чунин ташкилот кори мушкил буд. Ҳуҷҷатгузорӣ, ба қайд гирифтан, ба роҳ мондани робита бо аъзоёни ташкилот ва ғайра. Хулоса, соли 2014 ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Равонбахш”-ро таъсис додем ва оҳиста-оҳиста корро оғоз кардем. Хушбахтона, соли аввали фаъолият мо тавонистем, ки 25 нафар духтарони имконияти маҳдуддоштаро ба омӯзиши курси дӯзандагӣ ҷалб созем. Баъдан барои дастрасӣ пайдо кардан ба таҷҳизоти дӯзандагӣ лоиҳа пешниҳод кардем ва соҳиби грант шудем. Ба ҳамин тариқ корҳои ташкилот ранг гирифтанд. Дар семинару конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзидем ва чизҳои ба худамон заруриро омӯхтем. Бо кӯмаки сафорати Олмон дар Тоҷикистон сехи дузандагӣ бо имораташ, бо ёрии фонди AВILISI Финландия гармхона ташкил додем ва ҳам барои идораи ташкилот таҷҳизоти корӣ дастрас кардем. Соли гузашта барои 30 нафар аз оилаҳои маълулиятдошта занбурасалпарварӣ таъсис додем. Як лоиҳаи дигарамон дар соли 2019 барои сохтани сехи хурди қаннодӣ, ки худи аъзоёни ташкилот кор мекунанд, дастгирӣ ёфт.

   То имрӯз қариб 300 нафар аъзо дорем, шурӯъ аз кӯдакон то калнсолоне, ки имконияти маҳдуд доранд. Вобаста ба имконият дар ҳамкорӣ бо ҳукумати ноҳия, соҳибкорон, бо нафарони наздику хайрхоҳ дар ҳар иду ҷашнҳо кӯшиш мекунем, ки аз ҳолу аҳволашон хабар гирем, ҳар имконе, ки дорем, ба эшон кӯмак расонем ва ҳамроҳашон бошем. Аслан ман дар як китобам гуфта будам, ки “Зиндагӣ барои худ маъно надорад, қавл додам, ки барои дигарон зиндагӣ мекунам.” Шахсан ман кӯшиш намекунам, ки баҳри худам зиндагӣ намоям, ин чиз бароям муҳим нест.

Вақти холиро сари кадом кор мегузаронед?

   Мақсади ҳар яки мо бояд бо як тир чанд нишон задан бошад, вагарна дар зиндагӣ муваффақ намешавем. Бисёри вақт то соатҳои дувоздаҳ ва яки шаб кор мекунам, ба ҳайси роҳбари ташкилот машғул шудан ба ҳуҷҷатгузорию ҳисоботдиҳӣ ҳам вақтро талаб мекунад. Вақти дар шаҳри Душанбе буданам, бо доираҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ, бо нафарони шинохта ошноӣ доштам ва дар сӯҳбату вохуриҳо ҳамроҳашон будам. Аслан вақти холӣ надорам. Дар хонае, ки ҳоло мо қарор дорем, телевизор надорам, чунки тамошои он вақти қиммати маро мегирад, маро халал мерасонад. Баъзан вақт аз шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабарҳоро мутолеа мекунам.

Маъюбон бештар аз чӣ танқисӣ доранд?

   Аслан нафарони маъюбият дошта шояд на ҳамаашон, баъзе истеъдодҳое доранд, ки нафарони солим надоранд. Камбудии мо ҳам дар ҳамин аст, ки ин истеъдодҳоро рӯи об бароварда натавониста истодаем. Мебояд, ки ҳарчи зудрат барои онҳо кӯмак карду шароит фароҳам овард. Чунки дар дунё дар кадом соҳае, ки набошад нобиғаҳои маълулиятдошта зиёд ҳастанд. Ҳамингуна истеъдодҳо зиёд ҳастанд ва мо натавониста истодаем, ки ҳамин чизро кашф кунем. Дар самти таҳсил ва касбомӯзии кӯдакони маъюб ҳам мушкилиҳо ҳастанд. Онҳо бояд миёни ҷомеа ба воя расанд ва таълим бигиранд. Бо ҳар сабаб кӯдакон дар хона боқӣ мемонанд. Онҳо бояд худро аз ҷомеа дур нагиранд, таҳқиршуда наҳисобанд. Бояд бештар барои ҷалби эшон заминаҳои мусоид фароҳам овард. Ҳамин кор дар мо мушкилӣ дорад. Агар чунин иқдомҳо ба роҳ монда шаванд, албатта ба нафъи давлату ҷомеа аст. Мушкилии дигар тафтишҳои зиёди қатъ кардани нафақаи маъюбон аст. Санҷишҳо мегузаронанду беасос нақшаҳоро мебуранд. Чизи дигар ин аст, ки вобаста ба 30 солагии ҷашни Истиқлолият бунёдкориҳо давом доранд, ҳар як биноеро, ки месозанд, роҳравҳои махсус барои маъюбон созанд. Бубинед, ки ҳатто чунин шароити оддӣ дар беморхонаҳои мо нест.

Аксари нафарони имконияти маҳдудошта дар оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аъзоёни хонаводаашон зиёданд ва эҳтиёҷ ба қитъаи замин доранд. Оё то кадом андоза масъулини ноҳия ба ин мушкилии эшон расидагӣ мекунанд?

   Ин намуди муроҷиат ба ман камтар аст, ин масъала ба роҳбарияти ноҳия вобаста аст. Шояд барои он ба мо муроҷиат накунанд, ки мо чунин салоҳиятро надорем. Чаро ки нест, албатта ки чунин мушкилӣ вуҷуд дорад. Ҳастанд заноне, ки ба хотири фарзанди маъюб доштан аз хонаи шавҳар пеш карда шуда, дар хонаи волидайн сарборӣ гаштаанд. Агар чунин нафарон, агарчи замини кӯчак ҳам бошад, як кулба аз худ дошта бошанд, хеле хуб мешавад.

Оё дастгириҳои ҳукумат ба маъюбон кифояткунанда аст?

   Як чизро бояд қайд кард, ки имрӯз давлату ҳукумат, роҳбари давлат дар ҳар як ҷаласа ба маъюбон таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Соҳибкоронро даъват мекунад, масъулинро супориш медиҳад. Ба хонаҳои бачаҳо рафта аз ҳолу аҳволашон хабар мегирад ва туҳфаҳо ҳадя месозад. Ин як такони ҷиддӣ аст. Тавре мо медонем, ҳар вазорату кумитаҳо барои кӯмак расондан ба ятимхонаҳо вобаста шудаанд. Дар иду ҷашнҳо ба маъюбон кӯмакҳо расонида мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи аъзоёни ташкилот чаро харидори худро пайдо намекунад?

   Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамкорони рӯшд тавонистем 10 нафар духтарону занони ташкилотро ба кор ҷалб созем. 15 дастгоҳи дарздӯзӣ харидорӣ намудем. Духтарон рахти хобу курпаю болишт, барои беморхонаҳо либоси ягонаи корӣ, барои мактаббачаҳо сару либос бо сифати хуб дӯхта метавонанд. Вале мутаассифона, ин маҳсулот харидори худро сари вақт пайдо намекунанд. Агар роҳбарияти ноҳия ва вилоят аз ҳисоби корхонаҳои буҷавӣ барои мо дархост мекарданд, нур ало нур мешуд. Шартномаҳо доштем, вале дигар тақвият наёфтанд. Он тавре, ки мо мехоҳем, муштариён муроҷиат накарданд.

То ҷое мо медонем ва пайхас ҳам кардем, Шумо дӯстдори хондани рӯзномаҳо ҳастед, рӯзномаҳоро аз куҷо дастрас мекунед?

   Дар деҳаи мо нуқтаи фурӯши рӯзнома нест. Ҳарчанд хонандаи рӯзномаю маҷаллаҳо зиёд бошанд ҳам, аз сабаби набудани дӯкони рӯзномафурӯшӣ ба воситаи дӯстон аз ҳар ҷо, мутаассифона баъди моҳҳо чоп шуданашон дастрас менамоям ва аз расонаҳои иттилоотӣ ҳам мутолиа месозам.

Ба андешаи Шумо то кадом дараҷа ВАО ба мушкилии маъюбон расидагӣ мекунад?

   Аз миёни ашхоси имконияти маҳдуддошта нафароне, ки ба эҷод ва матбуот сару кор доранд, роҳу восита мекобанд то бо ВАО наздикӣ дошта бошанд. Ҳар чизе, ки набошад, вақто, ки аз номи чунин нафарон нашр мешавад, ба онҳо хурсандӣ мебахшад ва дилгармӣ меорад. Яъне роҳбарияти рӯзнома моро қадр карда гуфта, маводи моро рӯи чоп овард. Ба ин тариқ шояд ягон нафари дастбахайр маводро хонда, дасти кӯмак расонад ё чизи дигар. Бисёр хуб аст, вақте маводҳо дар бораи мушкилиҳо ва пешравиҳо аз ҳаёти нафарони маъюб рӯи саҳифаҳои матбуот нашр мегардад.

Ба воситаи эҷод чиро инъикос кардан мехоҳед, дард ё  хушбахтиро?

   Шуруъ аз соли 2000-ум инҷониб то 2014 фурсат барои эҷод кардану фикрронӣ зиёд буд, аммо ин кор барои эҷод монеъа шудааст. Вақте сари эҷод менишинӣ аз хотираҳо чизе мегӯӣ ва менависонӣ баъди чанде мутолиа мекунӣ бароят хеле хушоянд аст. Хушбахтона, бо дастгирии Кумитаҳои занон ва ҷавонон тавонистам, ки ду китоби ман аз дасти чоп баромад. Яке бо номи “Боли шикаста” ва дигаре “Таровиш” . Китоби нахустине, ки соли 2014 бо номи “Боли шикаста” чоп кардам, саропо аз ҳаёти худам қисса мекунад. Пас аз он ҳам як китоби дигар бо номи “Таровиш” чоп кардам. Таровиш ба маънои чакидан, он чизе, ки дар зеҳни банда буд, рӯи авроқи китоб чакондем. Ин китоб аз жанрҳои мухталиф таркиб ёфтааст, ҳаҷв, панду насиҳат, киссаҳои ирфонӣ ва ғайра.

Нақшаҳои ташкилот дар минбаъда кадом аст?

   Дар пеш нақшаҳо хеле зиёд ҳастанд, бисёр мехоҳам, ки барои ҷамъияти мо як қитъаи замин барои кишти маҳсулоти полезӣ ва таъмин намудани аъзоён ба маҳсулоти киштшаванда ҷудо шавад. Дастрасӣ ба техника, нуриҳои минералӣ, агрохимикатҳо дорем, аз он сабаб, ки замин надорем, наметавонем, ки ин иқдомро амалӣ намоем. Коргоҳҳои дӯзандагӣ дар дигар ҷамоъатҳо ҳам таъсис диҳем. Дигар ин ки худи маъюбонро сарҷамъ кардан лозим, то худро узви ҳамин ҷомеа шуморанд ва пайи кор бошанд. Агарчи зери сарпарастии хонавода ҳам бошанд, лекин бояд илм омӯзанду касберо аз худ намоянд ва дар зиндагии мустақилона худро идора намоянд. Дигар нақшае, ки пеши мо истодааст ва ҳам мушкил ҳам аст, мехоҳем, ки ташкилоти мо нашрияи худро дошта бошад.

   Шукронаи Худо, ки имрӯз бо амн будани кишвар саҳми ҳукумат зиёд аст, пешравиҳо зиёданд, соҳибкорони мо зиёд шудаанд, аҳли фаҳм ва дардошнои мо зиёданд, баъзан ногуфта суроғ мекунанд ва кӯмак мерасонанд. Он нафароне, ки ба аҳли дард таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, дар ҷашнҳо кӯмак мекунанд, изҳори миннатдорӣ баён мекунем. Новобаста аз он, ки эшон дар кори худ мушкилиҳо доранд, бар замми ин, ба мо расидагӣ мекунанду дасти сахо мекушоянд. Аз фурсат истифода бурда, тамоми аъзоёнӣ ТҶМ “Равонбахш” ва дигар нафарони имконияти маҳдуддоштаро ба рӯзи идашон табрик мекунам.

Мусоҳиб, Худойдоди Ислом