- Тандурустӣ

ДАР ПОЙТАХТ ВАЗЪИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ ЗЕРИ НАЗОРАТ АСТ

Аз пешгирии нашъамандӣ то иштирокчиёни ҶБВ

Дар шаҳри Душанбе нисбати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мадҳушкунанда, пешгирии бемории наркоманӣ, токсоманӣ, як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Тамоми муассисаҳои табобатие, ки аз маводҳои мадҳушкунанда барои табобат истифода мебаранд, дорои сертификат ва лицензияҳо мебошанд.

Нашъамандӣ ва диабети қанд дар шаҳр

Мувофиқи иттилоъ дар шаҳри Душанбе 2192 нафар нашъамандон (то сентябри соли 2019) дар қайди диспансерӣ мебошанд. Аз шумораи умумӣ 2118  нафарашон мард (96,6%) ва 74 нафарашон зан (3,4%) мебошанд, ки истеъмолкунандагони героин 1507 нафар (68,7%), афъюн 435 нафар (19,8%), гашиш 22 нафар (1,0%) ва бисёрнашъамандӣ – 228 нафар (10,4%) ташкил медиҳанд.

Мувофиқи нишондодҳои Маркази омор ва иттилооти тиббии Раёсати тандурустӣ дар шаҳри Душанбе гирифторшавӣ ба бемории диабети қанд 5542 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи беморони бори аввал дарёфтгардида 250 нафар мебошанд.

Барои баланд бардоштани маълумотнокии беморон ва шаҳрвандон кормандони Марказҳои саломатии шаҳрӣ дар мактабҳо ва муассисоти дигар доир ба диабет мунтазам корҳои ташвиқотӣ-машваратӣ мегузаронанд. Омӯзонидани беморони диабети қанд дар «Мактаби диабет» дар ш.Душанбе, ки дар якҷоягӣ бо кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2007 ташкил шудааст, ба роҳ монда шудааст. Дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ низ ин кор ба роҳ монда шуда, дар нӯҳмоҳаи соли равон 3053 нафар омӯзонида шудаанд.

Хатари зиёдшавии ВНМО дар Душанбе

Яке аз масалаҳои муҳими солимгардонии аҳолӣ дарёфт ва пешгирии бемориҳои вируси норасоии масунияти одам мебошад.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар МД Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО 128156 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, аз таҳлили хун оид ба ВНМО (27437 таҳлил бо усули ТИФ ва 10079 адад тариқи тести оҷилӣ) гузаштаанд. Аз 128156 муоинашудагон: 55079 нафар мард (43,0%) ва 73077 нафар зан (57,0%) мебошанд Аз онҳо 127744 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 412 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Аз шумораи умумии аз озмоиши ВНМО гузаронидашуда, 845 нафарашон муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳад ва дар 7 (0,8%) ҳолат хулосаи таҳлил мусбат буд. Аз онҳо 57978 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Сино мебошанд, ки дар 43 ҳолат мусбӣ дарёфт гардидаанд.

Дар назди МД Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ҳуҷраи маслиҳатдиҳӣ ва санҷиши ихтиёрӣ фаъолият доранд. Дар ин муддати сол 222 нафар сироятёфтагони ВНМО дарёфт карда шудаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳодиса зиёдтар ба қайд гирифта шудааст, аз рӯйи ҷинс, 131 (59,0%) мард ва 91 нафар (41,0%) занҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии сироятшудагони ба қайд гирифташуда нашъамандони тазриқӣ 55 (24,8%), шумораи сироятёбӣ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ 105 (47,3%), ҳодисаи сироятёбӣ аз модар ба кӯдак 5 (2,2%) ва дар 57 (25,7%) ҳолат омилҳои гузариши сироятёбӣ муайян нагардидааст.

Ёрии таъҷилӣ ва хизмати тиббӣ-санитарӣ дар марказ

Дар нӯҳмоҳаи соли равон аз тарафи стансияи ёрии таъҷилии тиббии МД Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ба 31480 нафар даъвати беморон хизмати тиббӣ расонида шуд, ки аз ин 1106 (3,5%) ба гурӯҳи «А» (ҳодисаҳои фавқулодда), 29461 (93,6%) ба гурӯҳи «Б» (бемориҳои ногаҳонӣ) ва 913 (2,9%) ба гурӯҳи «В» (бемориҳои вобаста ба ҳомиладорӣ) мансуб мебошанд. Аз ин миқдор 3901 (12,3%) беморон дар муассисаҳои сатҳи бистаринамоии шаҳри Душанбе бистарӣ гардонида шуданд. Аз ҷониби Маркази ёрии таъҷилии тиббии МД Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бошад, дар ин муддат ба 36918 нафар даъвати беморон хизмати тиббӣ расонида шуд, ки аз ин 1276 (3,5%) ба гурӯҳи «А», 34337 (93,0%) ба гурӯҳи «Б» ва 1305 (3,5%) ба гурӯҳи «В» мансуб мебошанд. Аз ин миқдор 5372 (15,1%) нафар беморон дар муассисаҳои сатҳи бистаринамоии шаҳри Душанбе бистарӣ гардонида шуданд.

Хизматрасонии тиббию санитарӣ ба наврасон ва солимгардонии онҳо яке аз вазифаҳои афзалиятноки фаъолияти ниҳодҳои тандурустии шаҳри Душанбе мебошад. Шумораи умумии наврасони шаҳри Душанбе 42347 нафар буда 23284 нафарашонро ҷавонписарон ташкил медиҳанд. Аз муоинаи тиббӣ 42079 нафар (99,4%) наврасон гузаронида шуданд (ҷавонписарон 23094 нафар — 99,2%).

Қайд намудан лозим аст, ки аз Комиссияи даъвати баҳории Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе дар соли равон 779 нафар даъватшавандагон гузаронида шуда, 730 нафари онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд, ки (тибқи нақша 730 нафар даъватшавандагон) 100,0%-ро ташкил додааст. Аз комиссияи тиббии Комиссариати ҳарбии мутаҳидаи шаҳри Душанбе 49 нафар, аз он ҷумла: аз шаҳри Душанбе 21 нафар (42,8%) ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 28 нафар (57,2%) беморӣ муайян карда шуд.

Маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ

Ҳоло дар муассисаҳои пешгирию табобатии пойтахт 904 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла: иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ — 20 нафар, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ — 12 нафар, ҷанговарони интернасионалист – 544 нафар, иштирокчиёни садамаи Чернобил -201 нафар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда -127 нафар.

Дар 9 моҳи соли равон 68 нафар шахсони имтиёзнок дар беморхонаҳо табобат гирифтаанд. Барои хизмати тиббӣ расонидан ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони аз рӯи имтиёз ба онҳо баробаркардашуда 142 957 сомонӣ харҷ шудааст.

Таъкид бояд кард, ки бо мақсади ба танзим даровардан ва асоснок додани варақаҳои корношоямӣ, асоснок намудани роҳхати беморон барои гирифтани гурӯҳи маъюбӣ (шакли ҳисоботии 088/б) дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ комиссияҳои тиббию машваратӣ фаъолият менамоянд. Натиҷаи фаъолияти комиссияҳо нишон дод, ки миқдори варақаҳои корношоямии додашуда ва рӯзҳои корношоямии муваққатӣ нисбати соли гузашта, дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонагӣ кам гаштааст. Бояд қайд кард, ки аз ҷониби муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Душанбе дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ – 7333 миқдори варақаҳои корношоямӣ бо рӯзҳои корношоямӣ 59042, таносубан 490 адад варақаи корношоямӣ кам ва 3217 рӯз кам гардидааст.

Тибқи маълумот дар қайди диспансерӣ 11195 нафар маъюби аз 18 сола боло буданд ва баъд аз гузаронидани санҷишҳо 11635 нафар маъюб дар қайд мебошанд, то имрӯз зиёда аз 9558 нафар (85,4%) аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаронида шуданд. Як қисми шаҳрвандони дорои гурӯҳҳои маъюбӣ дар хориҷи кишвар, дар Федератсияи Россия 154 нафар маъюбон (мавсимӣ ва тӯлонӣ) қарор доранд.

Бояд қайд кард, ки то 1-уми январи соли 2019 — 2684 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд. То 1 октябри соли 2019-ум 27 нафар солим гардонида шудаанд, 104 нафар ба синни 18 расиданд, 27 нафар фавтиданд, 54 нафар ба дигар минтақаҳо кучиданд, 54 нафар аз дигар минтақаҳо кӯчида омаданд ва ба 208 нафар кӯдакон бори аввал маъюбӣ дода шудаанд, ки ин шумора ба 2712 боқӣ мемонад.

Дар охир илова намудан лозим аст, ки дар сатҳи муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ҷарроҳиҳо бо тарзи замонавӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Нуралӣ Карим Душанбе